3 Мӯсо
25 Яҳува боз дар кӯҳи Сино бо Мӯсо сухан ронда гуфт: 2 «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Вақте ба замине, ки ба шумо медиҳам, биёед,+ замин бояд ором гирад ва шумо шанбеи Яҳуваро риоя кунед.+ 3 Шаш сол замини худро кишт кунеду ва шаш сол токзори худро каллак кунед* ва ҳосили замини худро ғундоред.+ 4 Лекин дар соли ҳафтум шанбеи Яҳува мешавад, ки дар он замин аз ҳар гуна кор ором мегирад. Дар киштзори худ тухмӣ накор ва токзори худро каллак накун. 5 Он чиро, ки худ аз худ аз ғаллаи пасмонда мерӯяд, дарав накун ва ангуреро, ки аз токзори каллакнокарда мебарояд, ҷамъ наовар. Ин сол замини ту бояд аз кор ором гирад. 6 Аммо он чиро, ки замин ҳангоми шанбеи худ мерӯёнад, худи ту, ғуломону канизонат, мардикоронат, ғарибоне, ки дар миёни ту зиндагӣ мекунанд, 7 чорпоёнат ва ҳайвонҳои ваҳшие, ки дар замини ту ҳастанд, хӯрда метавонед. Тамоми ҳосили заминро шумо хӯрда метавонед.
8 Ҳафт соли шанбе, яъне ҳафт карат ҳафтсолӣ, ҳисоб кун — шумораи ин солҳо ба 49 сол баробар мешавад. 9 Сипас дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, дар Рӯзи Товондиҳӣ,+ шохро баланд бинавоз, ба тавре ки овози шох дар тамоми замини шумо шунида шавад. 10 Бигзор соли 50-ум бароятон муқаддас бошад ва тамоми сокинони заминро озод намоед.+ Ин сол барои шумо Соли Озодӣ мешавад ва ба ҳар кас дороии ӯ баргардонида мешавад ва ҳар яке назди оилаи худ бармегардад.+ 11 Соли 50-ум барои шумо Соли Озодӣ мешавад. Дар ин сол кишт накунед ва чизеро, ки худ аз худ аз ғаллаи пасмонда мерӯяд, дарав накунед ва ангуреро, ки дар токзори каллакнокарда мебарояд, начинед.+ 12 Ин сол Соли Озодист ва он бояд барои шумо муқаддас бошад. Шумо бояд фақат чизеро хӯред, ки дар замин худ аз худ мерӯяд.+
13 Дар ин Соли Озодӣ дороии ҳар яки шумо бояд ба худатон баргардад.+ 14 Ҳангоми харидуфурӯш якдигарро фиреб надиҳед.+ 15 Вақте аз ёри худ заминеро мехарӣ, ҳисоб кун, ки аз Соли Озодӣ чанд сол гузаштааст. Ӯ низ бояд ҳисоб кунад, ки то Соли Озодии навбатӣ чанд сол мондааст, яъне чанд бори дигар замин ҳосил медиҳад. Аз рӯйи ин ӯ бояд заминро нархгузорӣ кунад.+ 16 Агар солҳои зиёд монда бошад, ӯ метавонад нархашро зиёд кунад, вале, агар соли кам монда бошад, бояд нархашро кам кунад, чунки ӯ шумораи ҳосилотро ба ту мефурӯшад. 17 Якдигарро фиреб надиҳед.+ Аз Худои худ тарсон бошед,+ зеро ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.+ 18 Агар фармудаҳои маро риоя кунед ва ба ҳукмҳои ман итоат кунед, дар замини худ оромона зиндагӣ мекунед.+ 19 Он гоҳ замин ҳосилашро ба шумо медиҳад+ ва шумо ба серӣ хӯрда, дар тинҷиву амонӣ зиндагӣ мекунед.+
20 Лекин, агар шумо гӯед: “Агар тухмӣ накорему ҳосил нағундорем, дар соли ҳафтум чӣ мехӯрем?”+ — 21 ман дар соли шашум баракати худро ба шумо мефиристам ва замин барои се сол ҳосил медиҳад.+ 22 Он гоҳ шумо дар соли ҳаштум кишт мекунед ва то соли нуҳум аз ҳосили куҳна мехӯред. То пухта расидани ҳосили он аз ҳосили куҳна мехӯред.
23 Заминро ба таври доимӣ нафурӯшед,+ зеро замин аз они ман аст.+ Шумо дар назари ман ғарибу мусофир ҳастед.+ 24 Шумо дар тамоми замини худ бояд имконият диҳед, ки замин бозхарид шавад.
25 Агар бародарат камбағал шаваду як қисми дороияшро фурӯшад, товондеҳи ӯ, ки хеши наздики ӯст, бояд он чиро, ки бародараш фурӯхтааст, бозхарид кунад.+ 26 Агар касе товондеҳ надошта бошаду худаш бой шавад ва барои бозхарид кардани дороияш пули зарурӣ пайдо кунад, 27 ӯ бояд арзиши онро аз вақти фурӯхтанаш то он рӯз ҳисоб кунад ва аз нархи замин онро тарҳ кунад ва ба шахсе, ки заминро аз вай харидааст, бидиҳад. Сипас ӯ метавонад дороияшро баргардонад.+
28 Вале, агар ӯ барои бозхаридани дороияш пул наёбад, дороияш то Соли Озодӣ дар дасти харидор мемонад+ ва дар Соли Озодӣ ба вай бармегардад.+
29 Агар касе хонаеро дар шаҳри ҳисордор фурӯшад, вай то охири соле, ки онро фурӯхтааст, ҳақ дорад хонаашро бозхарид кунад. Ӯ дар муддати як соли пурра ҳақ дорад+ хонаашро бозхарид кунад. 30 Аммо, агар то охири як соли пурра онро нахарад, хона дороии доимии харидор ва наслҳои ӯ мешавад. Он дар Соли Озодӣ раҳо карда намешавад. 31 Аммо хонаҳои маконҳое, ки ҳисор надоранд, бояд қисми киштзор ҳисоб шаванд. Агар шахс чунин хонаро фурӯшад, ҳақ дорад, ки дар вақти дилхоҳ онро бозхарид кунад. Аммо агар бозхаридаш накунад, он дар Соли Озодӣ бояд раҳо карда шавад.
32 Левизодагон бошанд, ҳамеша ҳақ доранд, ки хонаҳои худро, ки дар шаҳрҳояшон ҷойгиранд,+ бозхарид кунанд. 33 Агар левизода дороии худро, яъне хонаашро, ки дар шаҳраш ҷойгир аст, то Соли Озодӣ бозхарид накунад, он дар Соли Озодӣ раҳо мешавад,+ зеро хонаҳои левизодагон, ки дар шаҳрҳояшон ҳастанд, дар миёни исроилиён дороии онҳо мебошанд.+ 34 Ғайр аз ин, чарогоҳҳои+ назди шаҳрҳои онҳо набояд фурӯхта шаванд, чунки онҳо то абад дороии левизодагон мемонанд.
35 Агар бародарат, ки дар назди туст, камбағал шаваду худро таъмин карда натавонад, ӯро дастгирӣ намо,+ ҳамон тавре ки бояд ғариб ва муҳоҷирро дастгирӣ кунӣ,+ то ӯ назди ту зиндагӣ карда тавонад. 36 Аз ӯ қарзро бо фоида талаб накун ва бо ӯ мисли судхӯр рафтор накун.+ Аз Худои худ тарсон бош+ ва бародарат бо ту зинда мемонад. 37 Пул ва ё хӯрокро бо фоида+ қарз надеҳ. 38 Ман Яҳува Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардам,+ то замини Канъонро ба шумо диҳам ва Худои шумо бошам.+
39 Агар бародарат, ки назди туст, камбағал гардида, маҷбур шавад худро ба ту фурӯшад,+ ӯро мисли ғулом кор нафармо.+ 40 Бигзор ӯ бароят мисли мардикор+ ва муҳоҷире бошад. Бигзор ӯ то Соли Озодӣ назди ту хизмат кунад. 41 Он гоҳ ӯ раҳо мешавад ва ӯву фарзандонаш ба хонадони худ бармегарданд. Бигзор ӯ ба замини бобоёни худ баргардад.+ 42 Охир, онҳо бандагони мананд, ки ман онҳоро аз замини Миср берун овардам.+ Онҳо набояд худро мисли ғулом фурӯшанд. 43 Ба онҳо зулму ситам накун+ ва аз Худои худ тарсон бош.+ 44 Ту метавонӣ аз халқҳои гирду атрофат барои худ ғулому каниз бигирӣ. Шумо метавонед аз ин халқҳо барои худ ғулому каниз харед. 45 Ҳамчунин шумо метавонед аз байни фарзандони муҳоҷирон, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунанд,+ ва аъзоёни хонаводаи онҳо, ки дар замини шумо таваллуд шудаанд, барои худ ғулом харед. Онҳо аз они шумо мешаванд. 46 Шумо метавонед онҳоро баъд аз сари худ ба фарзандонатон мерос монед, то моликияти абадии онҳо шаванд. Онҳоро шумо метавонед чун ғулом кор фармоед, лекин ба бародарони худ, исроилиён, зулму ситам накунед.+
47 Агар ғариб ё муҳоҷире, ки дар миёни шумост, бой шавад, лекин бародари ту, ки дар назди ӯ зиндагӣ мекунад, камбағал гардаду худро ба ғариб ё муҳоҷир ва ё аъзои хонаводаи ӯ фурӯшад, 48 баъди фурӯхта шуданаш ӯ бояд ҳуқуқи бозхарид дошта бошад. Яке аз бародаронаш, 49 амакаш, амакбачааш ё ягон хеши наздики дигараш, ки аъзои оилаи ӯст, метавонад ӯро бозхарид кунад.+
Вале, агар худаш бой шуда бошад, метавонад худро бозхарид кунад.+ 50 Бигзор ӯ бо касе, ки ӯро харидааст, ҳисоб кунад, ки аз вақти фурӯхта шуданаш то Соли Озодӣ чӣ қадар вақт мондааст.+ Маблағе, ки бар ивазаш фурӯхта шуда буд, бояд ба шумораи солҳо мувофиқат кунад.+ Музди меҳнати ҳаррӯзаи ӯ дар давоми ин вақт ба музди меҳнати мардикор баробар аст.+ 51 Агар то Соли Озодӣ солҳои зиёд монда бошад, ӯ бояд барои бозхариди худ мувофиқи ин солҳо маблағ диҳад. 52 Лекин, агар то Соли Озодӣ солҳои кам боқӣ монда бошад, бигзор ӯ онҳоро ҳисоб кунад ва мувофиқи солҳо барои бозхариди худ маблағ бидиҳад. 53 Ӯ бояд сол ба сол ба хӯҷаинаш мисли мардикор хизмат кунад; ва ту бохабар бош, ки хӯҷаинаш ба вай зулму ситам накунад.+ 54 Лекин, агар ӯ худро бо ин роҳҳо бозхарид карда натавонад, дар Соли Озодӣ ӯ ва писаронаш раҳо мешаванд.+
55 Охир, писарони Исроил бандагони мананд, ки ман онҳоро аз замини Миср берун овардам.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.