2 Мӯсо
26 Хаймаи муқаддасро+ аз даҳ чодар бисоз, ки онҳо аз катони нозуки хушбофт, риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувонӣ дӯхта шуда бошанд. Бар онҳо нақши фариштагони каррубиро+ гулдӯзӣ кун.+ 2 Дарозии ҳар як чодар 28 газ* бошад ва паҳнияш 4 газ. Андозаи ҳама чодарҳо бояд як хел бошад.+ 3 Панҷ чодар бояд бо якдигар пайваст карда шаванд, то як чодари калоне шавад ва панҷ чодари дигар низ бо ҳам пайваст шаванд, то чодари калони дигаре шавад. 4 Дар канори чодари калони аввал ҳалқаҳое аз риштаи кабуд бидӯз ва дар канори чодари дуюм низ ҳамин тавр бикун, то ҳар ду чодарро бо ҳам пайваст кунӣ. 5 Бар канори ҳар ду чодар 50-тогӣ ҳалқа бидӯз, то ҳалқаҳои як чодар ба ҳалқаҳои чодари дуюм рост ояд ва онҳоро бо ҳам пайваст карда шавад. 6 Ту бояд 50 чангаки тиллоӣ бисозӣ ва чодарҳоро бо чангакҳо ба якдигар пайваст кунӣ: он гоҳ хайма яклухт мешавад.+
7 Барои пӯшонидани хайма чодари дигаре аз пашми буз+ тайёр кун. Ту бояд 11 чодар тайёр кунӣ.+ 8 Дарозии ҳар чодар бояд 30 газ бошаду бараш 4 газ. Ҳар 11 чодар бояд як андоза дошта бошад. 9 Панҷ чодарро алоҳида пайваст кун, то чодари калоне ҳосил шавад ва шаш чодари дигарро алоҳида пайваст кун, то чодари калони дигаре ҳосил шавад. Аз чодари калони дуюм чодари шашумашро аз тарафи пеши хайма дуқат кун. 10 Ба канори ҳар ду чодари калон 50-тогӣ ҳалқа бидӯз, то ҳалқаҳои як чодарро ба ҳалқаҳои чодари дигар пайваст карда шавад. 11 Ҳамчунин 50 чангаки мисин бисоз ва чангакҳоро ба ҳалқаҳо дарор ва он ду чодарро пайваст кун, то он яклухт шавад. 12 Қисми зиёдатии чодар бигзор овезон бошад. Нисфи зиёдатии чодар бигзор аз қафои хайма овезон бошад. 13 Он чӣ аз ду тарафи хайма овезон бошад, бояд аз ду тараф аз чодари поёнӣ якгазӣ дарозтар бошад.
14 Ғайр аз ин, рӯпӯше барои хайма аз пӯсти қӯчқор, ки онро ранги сурх карда бошанд, бисоз ва аз болои он рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ*.+
15 Барои хаймаи муқаддас аз чӯби дарахти ақоқиё тахтаҳое бисоз,+ ки рост истанд.+ 16 Баландии ҳар як тахта бояд даҳ газ бошаду бараш яку ним газ. 17 Ҳар як тахта ду дандона дошта бошад, ки бо якдигар пайваст бошанд. Ҳамаи тахтаҳои хаймаи муқаддасро чунин бисоз. 18 Барои тарафи ҷанубии хайма 20 тахта бисоз.
19 Зери 20 тахта 40-то пояи нуқрагини сӯрохдор+ бисоз: барои ҳар як тахтаву ду дандонаи ҳар тахта ду пояи сӯрохдор.+ 20 Барои тарафи дигари хаймаи муқаддас, барои тарафи шимолии он, 20 тахта бисоз. 21 Зери он 20 тахта бояд 40 пояи сӯрохдори нуқрагин бошад: зери ҳар тахта ду пояи сӯрохдор. 22 Барои қисми қафои хаймаи муқаддас, барои тарафи ғарбии он, шаш тахта бисоз.+ 23 Барои ду кунҷи қафои хайма аз тахтаҳо ду танба* бисоз. 24 Ҳар танба бояд аз ду тахта иборат бошад. Ду тахта бояд аз поён сар шуда, омада, дар боло, назди ҳалқаи якум, пайваст шаванд. Ҳар ду танба бояд ҳамин тавр сохта шаванд. 25 Ҳамагӣ бояд ҳашт тахта ва 16 пояи сӯрохдори нуқрагин барои онҳо бошад, яъне зери ҳар як тахта ду пояи сӯрохдор.
26 Аз чӯби дарахти ақоқиё ғалақаҳо бисоз: барои пайваст кардани тахтаҳои як тарафи хаймаи муқаддас панҷто ғалақа,+ 27 барои пайваст кардани тахтаҳои тарафи дигари хайма панҷто ғалақа ва барои пайваст кардани тахтаҳои тарафи ғарбӣ, яъне тахтаҳои ақиби хайма, панҷто ғалақа. 28 Ғалақаи миёна бояд аз байни тахтаҳо, аз ҳалқаҳои пушти онҳо, аз як канор то канори дигар гузашта равад.
29 Тахтаҳоро бо тилло бипӯшон+ ва барои гузаронидани ғалақаҳо ҳалқаҳои тиллоӣ бисоз ва ғалақаҳоро бо тилло бипӯшон. 30 Хаймаи муқаддасро аз рӯйи намунае, ки ба ту дар кӯҳ нишон додам, бисоз.+
31 Аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт пардае+ бидӯз ва бар он нақши фариштагони каррубиро гулдӯзӣ бикун. 32 Пардаро бар чор сутуне аз дарахти ақоқиё, ки бо тилло пӯшонда шудаанд, биовез. Мехҳои он бояд аз тилло бошанд. Сутунҳо бояд бар чор пояи сӯрохдори нуқрагин гузошта шаванд. 33 Пардаро зери чангакҳо биовез ва сандуқи шаҳодатро+ ба пушти парда дарор. Бигзор парда Макони покро+ аз Макони поктарин+ ҷудо созад. 34 Сарпӯшро бар сандуқи шаҳодат дар Макони поктарин бимон.
35 Миз бояд берун аз парда бошад ва дар рӯ ба рӯяш, аз тарафи ҷанубии хаймаи муқаддас, чароғпоя+ бошад. Мизро аз тарафи шимолӣ гузор. 36 Барои даромадгоҳи хайма пардае аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт бисоз.+ 37 Барои ин парда панҷ сутуне аз чӯби дарахти ақоқиё бисоз ва онҳоро бо тилло бипӯшон. Мехҳои онҳо бояд аз тилло бошанд ва барои ин сутунҳо панҷ пояи сӯрохдори мисин тайёр кун.