2 Мӯсо
28 Бародарат Ҳорун+ ва писаронаш+ Нодоб, Абиҳу,+ Элъозор ва Итоморро+ аз байни исроилиён даъват намо, то барои ман коҳин бошанд.+ 2 Барои бародарат Ҳорун либоси муқаддасе тайёр кун, то ба ӯ шукӯҳу зебогӣ бахшад.+ 3 Бо ҳама ҳунармандон* гап бизан, бо ҳама касоне, ки онҳоро аз рӯҳи хирад пур кардаам.+ Бигзор онҳо барои Ҳорун либосе тайёр кунанд. Ин либос нишонаи покии ӯ дар назари ман хоҳад буд, то ӯ бароям коҳин хизмат кунад.
4 Онҳо бояд ин либосҳоро тайёр кунанд: пешовез,+ пешбанд,+ куртаи беостин,+ куртаи катакчадор, салла+ ва миёнбанд.+ Онҳо бояд ин либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва писаронаш тайёр кунанд, то онҳо бароям коҳин хизмат кунанд. 5 Ҳунармандон барои тайёр кардани ин либосҳо тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозукро бигиранд.
6 Онҳо пешбандро аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт тайёр кунанд. Онҳо бояд бар он нақшу нигор кунанд.+ 7 Аз ду кунҷи пешбанд бояд ду китфпӯшак бошад, то қисми пешашро бо қафояш пайваст кунад. 8 Камарбанд+ низ, ки ба пешбанд барои онро мустаҳкам нигоҳ доштан баста мешавад, бояд аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт бошад.
9 Ду санги рухом+ бигир ва дар онҳо номҳои писарони Исроилро+ кандакорӣ кун: 10 шаш номро дар як санг ва шаш номи дигарро дар санги дигар. Онҳоро аз рӯйи тартиби таваллудашон кандакорӣ кун. 11 Кандакор бояд бар сангҳо номҳои писарони Исроилро кандакорӣ кунад, мисли он ки бар муҳр нақше метарошад.+ Сипас он сангҳоро ба нигинхонаҳои тиллоӣ андоз. 12 Он ду сангро бар китфпӯшакҳои пешбанд чун ёдоварӣ барои писарони Исроил бигузор+ ва Ҳорун бояд номҳои онҳоро дар ҳузури Яҳува барои ёдоварӣ бар китфпӯшакҳояш бипӯшад. 13 Нигинхонаҳое аз тилло бисоз 14 ва ду занҷире ба шакли таноби печида аз тиллои тоза бисоз+ ва занҷирҳои танобшаклро бар нигинхонаҳо пайваст кун.+
15 Бигзор гулдӯз пешовези довариро+ бидӯзад. Онро низ мисли пешбанд аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт бидӯзанд.+ 16 Вақте онро дуқат кунӣ, он бояд чоркунҷа шавад, дарозияшу бараш як ваҷаб* шавад. 17 Бар он сангҳоро дар чор қатор бичин. Дар қатори аввал санги лаъл, ёқути зард ва зумуррадро бичин, 18 дар қатори дуюм фирӯза, ёқути кабуд ва яшм, 19 дар қатори сеюм лешем*, ақиқ ва ҷамаст, 20 дар қатори чорум забарҷад, рухом ва яшми сабз. Онҳоро бар нигинхонаҳои тиллоӣ бичаспон. 21 Сангҳо бояд мувофиқи номҳои 12 писари Исроил бошад. Бар ҳар санг бояд номи яке аз 12 қабилаи Исроилро, мисли он ки бар муҳр метарошанд, кандакорӣ кунанд.
22 Бар пешовез занҷирҳое ба шакли таноби печида аз тиллои тоза бисоз.+ 23 Барои пешовез ду ҳалқаи тиллоӣ бисоз ва онҳоро бар ду кунҷи пешовез бичаспон. 24 Ду таноби тиллоиро аз ду ҳалқае, ки бар ду кунҷи пешовез аст, гузарон. 25 Ду нӯги ду танобро аз ду нигинхона гузарон ва онҳоро ба китфпӯшакҳои пешбанд, аз пеш, бичаспон. 26 Ду ҳалқаи тилло бисоз ва онҳоро аз пушти пешовез, аз ду кунҷи он, байни пешовезу пешбанд, бичаспон.+ 27 Болотар аз ҷое ки камарбанд ба пешбанд пайваст мешавад, яъне дар рӯйи пешбанд, дар таги ду китфпӯшак, боз ду ҳалқаи тилло бисоз.+ 28 Пешовез бояд бо таноби кабуд дошта шавад ва таноби кабуд ҳалқаҳои пешовезро ба ҳалқаҳои пешбанд пайваст кунад. Ҳамин тавр пешовез бар пешбанд бар болои камарбанд маҳкам меистад.
29 Ҳорун бояд номҳои писарони Исроилро бар дили худ, бар пешовези доварӣ, ҳар гоҳе ба Макони пок медарояд, чун ёдоварии доимӣ ба ҳузури Яҳува дошта бошад. 30 Бар даруни пешовези доварӣ урим ва туммимро*+ андоз ва онҳо, вақте ки Ҳорун ба ҳузури Яҳува медарояд, бар дили ӯ бошанд. Бигзор Ҳорун ба ҳузури Яҳува онҳоро ҳамеша бар дили худ дошта бошад, то дар ҳаққи исроилиён ҳукм барорад.
31 Барои пешбанд куртаи беостине, ки фақат аз риштаи кабуд бошад, бидӯз.+ 32 Бигзор чоке дар миёнаи он барои даровардани сар бошад. Бофандае бояд чоки гиребони ин куртаро зеҳдӯзӣ кунад. Он бояд мисли гиребони зиреҳ бошад, то ки надарад. 33 Аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувонӣ анорҳо сохта, бар лаби доман, гирдогирд, бичаспон. Бигзор дар миёни анорҳо яктоӣ зангӯлачаи тиллоӣ бошад. 34 Гирдогирди домани куртаи беостин дум ба дум анору зангӯлачаи тиллоӣ биовез: якто анор, баъди он якто зангӯла, якто анор ва баъдаш як зангӯла. 35 Ҳорун бояд онро вақти ба ҷо овардани хизматаш бипӯшад. Вақте ӯ ба муқаддасгоҳ, ба ҳузури Яҳува, даробаро мекунад, бояд садои зангӯлаҳо шунида шавад, то ӯ намирад.+
36 Лавҳае аз тиллои тозаи ялаққосӣ бисоз ва бар он, мисли он ки бар муҳр кандакорӣ мекунанд, чунин навиштаҷотро битарош: “Покӣ аз они Яҳува аст”.+ 37 Онро бар салла бо таноби кабуд бибанд,+ то он дар пеши салла бошад. 38 Он бар пешонии Ҳорун мемонад. Ҳар гоҳе касе бар зидди чизҳои муқаддас гуноҳ кунад — чизҳое, ки исроилиён ҳангоми овардани қурбониҳои муқаддас ҷудо мекунанд — Ҳорун ҷавобгар мешавад.+ Ин лавҳа бояд доимо бар пешонии ӯ бошад, то исроилиён дар назари Яҳува писанд оянд.
39 Куртаи катакчадору салла аз катони нозук ва миёнбанде бибоф.+
40 Барои писарони Ҳорун куртаҳо, миёнбандҳо ва кулоҳҳо бисоз,+ то ба онҳо шукӯҳу зебогӣ бахшанд.+ 41 Бародарат Ҳорун ва писарони ӯро либос бипӯшон ва онҳоро тадҳин кун*,+ таъйин намо*+ ва барои хизмати ман ҷудо кун ва онҳо коҳинони ман хоҳанд буд. 42 Барои онҳо эзорҳое аз катон тайёр кун, то тани лучашонро бо онҳо бипӯшонанд.+ Ин эзорҳо бояд аз миён то ронҳо бошанд. 43 Ҳорун ва писаронаш бояд ҳангоми ба хаймаи ҷомеъ даромадан ва ҳангоми дар ҷойи муқаддас ба қурбонгоҳ наздик шудан ин эзорҳоро бипӯшанд. Онҳо бояд ин эзорҳоро бипӯшанд, то гуноҳе нагиранд ва намиранд. Ин амри бардавомест барои ӯ ва наслҳои ӯ.