Ишаъё
45 Яҳува ба Куруш,+ таъйинкардаи* худ,
Ки дасти росташро гирифтааст,+
То халқҳоро зердасти ӯ созад,+
Подшоҳонро бесилоҳ гардонад
Ва дарҳои дутабақаро пеши ӯ кушояду
Нагзорад, ки дарвозаҳо ба рӯяш баста шаванд, чунин мегӯяд:
Дарҳои мисинро пора-пора месозам
Ва ғалақаҳои оҳанинро мешиканам.+
3 Ман ганҷҳои ниҳон
Ва сарватеро, ки дар торикист, ба ту медиҳам,+
То бидонӣ, ки ман Яҳува, Худои Исроил, ҳастам, ки туро ба номат хондаам.+
4 Ба хотири бандаам Яъқуб ва интихобкардаам Исроил
Туро ба номат мехонам.
Ба ту номи пуршарафе медиҳам, ҳарчанд маро намешинохтӣ.
5 Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.
Ғайр аз ман Худое нест.+
Ман туро қувват мебахшам, ҳарчанд маро намешинохтӣ,
6 То мардум аз шарқ то ғарб бидонанд,
Ки ҷуз ман дигаре нест.+
Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.+
Ҳамаи инро ман — Яҳува, мекунам.
8 Эй осмон, бибор,+
Бигзор аз абрҳо росткорӣ биборад.
Бигзор замин наҷот ба бор орад
Ва бар он росткорӣ бисабзад.+
Ман, Яҳува, инро ба вуҷуд овардаам».
9 Вой бар касе, ки бо Созандааш баҳс мекунад,
Зеро ӯ як сафолпораест,
Ки дар миёни сафолпораҳои дигар бар замин хобидааст.
Оё лой ба Кӯзагар* мегӯяд: «Ин чист, ки ту месозӣ?»+
Ё амали даст дар бораи созандааш мегӯяд: «Дасташ ҳунар надорад»?*
10 Вой бар касе, ки ба падар мегӯяд: «Ту падари чӣ касе шудӣ?» —
Ва ба зан: «Ту чӣ зоидӣ?»
11 Яҳува, Худои Поки Исроил,+ Созандаи ӯ, чунин мегӯяд:
«Оё аз ман дар бораи оянда ҷавоб металабӣ?!
Магар ба ман фармон медиҳӣ, ки бо писаронам+ ва амали дастонам чӣ кор кунам?
12 Ман замин+ ва инсонро офаридаам.+
13 Аз рӯйи росткориям ман шахсеро ба миён овардам+
Ва ҳамаи роҳҳои ӯро рост месозам.
Ӯ шаҳри маро бино хоҳад кард+
Ва асиронамро бе музд ё пора+ озод хоҳад намуд»,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
14 Яҳува чунин мегӯяд:
«Сарвати* Миср, молҳои* Ҳабашистон ва аҳли Сабо, ки мардуми қоматбаланданд,
Назди ту хоҳанд омад ва аз они ту хоҳанд шуд.
Онҳо занҷирбанд аз паси ту хоҳанд рафт,
Омада, ба ту таъзим хоҳанд кард+
Ва ба ту эҳтиром гузошта, чунин хоҳанд гуфт: “Бешак, Худо бо туст+
Ва дигаре нест, ғайр аз ӯ Худое нест”».
15 Ба ростӣ, ту Худои ниҳонкорӣ,
Эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда.+
16 Ҳамаи онҳо шармандаву шармсор хоҳанд шуд,
Ҳамаи бутсозон бо сари паст хоҳанд рафт.+
17 Вале Яҳува Исроилро бо наҷоти ҷовидонӣ халосӣ хоҳад бахшид.+
Шумо то абад рӯйи шармандагию сарпастиро нахоҳед дид.+
18 Яҳува, Офаридгори осмон,+ Худои ҳақиқӣ,
Офарандаи замин, Созандаи он, ки устувораш кардааст+
Ва онро на беҳуда*, балки барои зист офаридааст,+
Чунин мегӯяд: «Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест.
19 Ман дар ҷойи пинҳон, дар замини торикӣ, сухан нарондаам,+
Ба насли Яъқуб нагуфтаам:
“Маро биҷӯед, лекин бидонед, ки нахоҳед ёфт”.
Ман Яҳува ҳастам, ки аз ростӣ сухан мегӯям ва инсофро баён месозам.+
20 Ҷамъ шавед ва биёед,
Ҳамаатон наздик оед, эй гурезагони халқҳо!+
Онҳое, ки бутҳоро бардошта мегарданд
Ва ба худое, ки наҷот дода наметавонад, дуо мегӯянд, нодонанд.+
21 Арз намоед ва далелҳоятонро баён созед.
Бигзор онҳо якҷоя маслиҳат кунанд.
Кӣ инро аз қадим пешгӯйӣ кардааст
Ва аз замонҳои пеш эълон намудааст?
Магар на ман — Яҳува?
22 Ба ман рӯ оред ва наҷот ёбед,+ эй мардуми ҳама гӯшаву канори замин,
Зеро ман Худо ҳастам ва дигаре нест.+
23 Ба номи худ қасам хӯрдаам —
Сухане, ки аз даҳонам баромадааст, ҳақ аст
Ва ман аз гапам намегардам:+
Ҳар зону пеши ман хам хоҳад шуд,
Ҳар забон ба ман савганди вафо ёд хоҳад кард+
24 Ва хоҳад гуфт: “Бешубҳа, Яҳува дорои инсоф ва қувват аст.
Ҳамаи онҳое, ки бар ӯ хашм гирифтаанд, пеши ӯ шарманда мешаванд.
25 Тамоми насли Исроил аз Яҳува сафед хоҳад шуд+
Ва бо ӯ фахр хоҳад кард”».