Панднома
22 Номи нек беҳ аз дороии бузург,+
Қадру қимат беҳ аз нуқраву тилло.
2 Бою камбағал — ҳар ду яканд:
Ҳар дуро Яҳува офаридааст.+
3 Зирак хатарро мебинаду пинҳон мешавад,
Вале сода рост сӯйи он мераваду шатта мехӯрад.
4 Хоксориву тарс аз Яҳува
Сарват, сарбаландӣ ва ҳаёт ба бор меоранд.+
5 Дар сари роҳи каҷкор хору хасу дом аст,
Ҳар кӣ ҷонашро азиз дорад, аз онҳо дурӣ меҷӯяд.+
9 Дасткушод барака меёбад,
Зеро аз нони худ ба камбағалон медиҳад.+
11 Ҳар кӣ софдилиро дӯст дораду гуфтораш мулоим бошад,
Подшоҳ дӯсти ӯ мешавад.+
12 Чашмони Яҳува донишро нигаҳ медорад,
Вале сухани хиёнаткоронро ӯ бекор мекунад.+
13 Танбал мегӯяд: «Шер дар кӯча аст!
Дар миёни майдон кушта мешавам!»+
16 Ҳам касе, ки барои бой шудан камбағалро ғорат мекунад*,+
Ва ҳам касе, ки ба сарватманд туҳфаҳо медиҳад,
Оқибат бенаво мешавад.
17 Гӯшатро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав,+
То дилатро сӯйи дониши ман моил гардонӣ,+
18 Зеро онҳоро андаруни худ нигаҳ доштан дилпазир аст.+
Бигзор онҳо ҳамеша бар лабонат бошанд.+
19 Ман имрӯз ба ту дониш медиҳам,
То ба Яҳува таваккал намоӣ.
20 Магар ман ба ту суханонеро,
Ки пур аз маслиҳату дониш буданд, нанавиштам
21 Ва суханони ҳақу ростро ба ту таълим надодам,
То ба фиристандаат ҷавобҳои дурусту саҳеҳ диҳӣ?
22 Камбағалро камбағал гуфта, ғорат накун+
Ва бечораро назди дарвозаи шаҳр озор надеҳ,+
23 Зеро худи Яҳува ба доди ӯ мерасад+
Ва ҷони ғоратгарони ӯро мегирад.
24 Бо хашмгин ёр нашав
Ва бо бадқаҳр ҷӯрагӣ накун,
25 То роҳу рафтори ӯро ёд нагирӣ
Ва худро ба дом наандозӣ.+
27 Охир, агар пулро дода натавонӣ,
Ҷойхобатро аз ту кашида мегиранд!
29 Одами дар кори худ усторо дидаӣ?
Ӯ пеши подшоҳон хоҳад истод,+
На пеши мардуми одӣ.