Шоҳсуруд
8 Кошки мисли бародари ман мебудӣ,
Ки модарам ӯро шир додааст!
Он гоҳ туро дар берун дида, мебӯсидам+
Ва касе маро айб намекард.
Ба ту шароби хуштаъм медодам,
Туро оби анор менӯшондам.
3 Дасти чапаш дар таги сарам мебуд
Ва дасти росташ маро оғӯш мекард.+
4 Эй духтарони Ерусалим, шуморо қасам медиҳам:
Муҳаббатро, то худаш ҷӯш назанад, дар дилам бедор накунед ва наангезед».+
5 «Ин кист, ки аз биёбон ба ёраш такя карда меояд?»
«Дар таги дарахти себ туро бедор кардам.
Он ҷо модарат туро бо дард зода буд,
Он ҷо ӯ дарди зоиш мекашид.
6 Маро мисли муҳр бар дилат бигузор,
Мисли муҳре бар дастат,
Зеро ишқ мисли марг пурзӯр асту+
Сидқу вафо мисли аҷал* шикастнопазир.
Алангаҳои он оташи сӯзон, алангаи Ёҳ*, аст.+
Агар кас тамоми дороии хонаашро ба ивази муҳаббат додан хоҳад,
Онро* бо нафрат рад хоҳанд кард».
8 «Мо як хоҳарча дорем,+
Ӯ ҳанӯз сина надорад.
Вақте ӯро хостгорӣ биёянд, чӣ кор кунем?»
9 «Агар ӯ девор шавад,
Бар ӯ кунгурае аз нуқра бино мекунем.
Агар ӯ дар шавад,
Ӯро бо тахтае аз дарахти сидра маҳкам мекунем».
10 «Ман девораму
Синаҳоям мисли бурҷҳост*.
Ӯ ба ман назар карда мебинад,
Ки дилам ором аст.
11 Сулаймон дар Баал-Ҳамӯн токзоре дошт.+
Ӯ онро ба дасти токдорон супурд.
Ҳар яки онҳо барои мевааш ҳазор сиқл нуқра меорад.
12 Аммо ман токзори худро дар ихтиёр дорам.
Ҳазор сиқл нуқра аз они туст, эй Сулаймон,
Ва дусад аз они касест, ки токзоратро нигоҳубин мекунад».