Забур
Суруди болобароӣ.
130 Аз гирдоби ғам сӯйи ту мехонам, эй Яҳува.+
2 Эй Яҳува, овозамро бишнав,
Ба зориҳоям гӯш андоз.
5 Ба Яҳува умед мебандам, ҷонам умедвори ӯст.
Иҷрошавии ваъдаашро нигаронам.
6 Ҷонам бесаброна интизори Яҳува аст,+
Беш аз он ки дидбон субҳидамро,+
Беш аз он ки дидбон дамидани субҳро.
7 Эй Исроил, ба Яҳува умед банд,
Зеро Яҳува Худои меҳру вафост+
Ва барои раҳо кардан* қудрати зиёд дорад.
8 Ӯ Исроилро аз ҳамаи хатоҳояш раҳо мекунад*.