Ибриён
1 Дар гузашта Худо борҳои зиёд ва бо тарзҳои гуногун ба бобоёнамон ба воситаи пайғамбарон сухан мегуфт.+ 2 Ҳоло бошад, дар охири ин рӯзҳо, ба мо ба воситаи Писар+ сухан ронд. Худо ӯро вориси ҳама чиз таъйин намудааст+ ва ба воситааш он чиро, ки дар осмону бар замин аст,* ба вуҷуд овардааст.+ 3 Писар дурахши* ҷалоли Худо+ ва тасвири дурусту равшани зоти ӯ буда,+ ҳама чизро бо каломи пурқувват нигоҳ медорад. Ӯ, баъд аз он ки моро аз гуноҳҳоямон пок кард,+ дар боло аз дасти рости Худои олимақом нишаст.+ 4 Ҳамин тавр ӯ номеро, ки аз номи фариштагон бузургтар аст,+ мерос гирифта, аз онҳо болотар гашт.+
5 Масалан, ба кадоме аз фариштагон Худо гуфта буд: «Ту писари ман ҳастӣ, имрӯз ман падари ту шудам»,+ ва боз: «Ман падари ӯ мешавам ва ӯ писари ман мешавад»?+ 6 Лекин, вақте ӯ бори дигар Нахустзодаи+ худро ба замин фиристад, чунин мегӯяд: «Бигзор ҳамаи фариштагони Худо ба ӯ таъзим кунанд».
7 Ҳамчунин дар бораи фариштагон мегӯяд: «Ӯ фариштагони худро пурқудрат месозад* ва хизматгоронашро+ алангаи оташ».+ 8 Дар бораи Писар бошад, чунин мегӯяд: «Худованд тахти туст+ то абад, чӯбдасти Подшоҳият чӯбдасти адолат аст. 9 Ту ростиро дӯст доштӣ ва бадкориро бад дидӣ. Аз ин рӯ Худо, Худои ту, туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат+ тадҳин кардааст*».+ 10 Ҳамчунин: «Эй Сарвар, ту заминро аз аввал бунёд кардаӣ ва осмон амали дастҳои туст. 11 Онҳо нест мешаванд, вале ту мемонӣ, онҳо мисли ҷомае куҳна мешаванд. 12 Ту онҳоро мисли ҷомае печонда мемонӣ ва мисли либосе иваз мекунӣ, вале худат ҳамин хел мемонӣ ва солҳои ту ба охир намерасанд».+
13 Дар бораи кадоме аз фариштагон ӯ гуфта буд: «Аз дасти рости ман бинишин, то даме ки душманонатро зери поят андозам»?+ 14 Магар ҳамаи онҳо рӯҳҳое нестанд, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меоранд?+ Магар онҳо барои хизмати касоне, ки наҷотро мерос мегиранд, фиристода нашудаанд?