Титус
2 Ту бошӣ, минбаъд низ суханонеро бигӯ, ки ба таълимоти дуруст* мувофиқанд.+ 2 Бигзор пирамардон дар ҳар кор андозашинос, ҷиддӣ, солимфикр, дар имон устувор ва пур аз муҳаббат бошанду истодагарӣ кунанд. 3 Пиразанон низ бигзор рафтори худотарсона дошта бошанд, туҳматгару майпараст набошанд, чизҳои хубро таълим диҳанд 4 ва ҷавонзанонро насиҳат кунанд, то шавҳару фарзандонашонро дӯст доранд, 5 солимфикру покдоман бошанд, кору бори хонаро саришта кунанд, некдил бошанд ва ба шавҳарони худ итоат кунанд,+ то каломи Худо хор дошта нашавад.
6 Ба ин монанд, ҷавонмардонро насиҳат деҳ, ки солимфикр бошанд,+ 7 ва худат низ аз ҳар ҷиҳат дар корҳои нек намуна бош. Бо тамоми ҷиддият он чизеро, ки пок аст, таълим деҳ*,+ 8 суханоне бигӯ, ки обод кунанду касе дар онҳо айбе наёбад+ ва бадхоҳон сархаму забонкӯтаҳ шаванд.+ 9 Бигзор ғуломон дар ҳар маврид ба хӯҷаинҳои худ фармонбардор бошанд,+ кӯшиш кунанд, ки дили онҳоро ёбанд, гапгардонӣ накунанд, 10 ба дуздӣ даст назананд,+ балки комилан амину боваринок бошанд, то таълими Наҷотбахшамон Худоро бо ҳар роҳ оро диҳанд.+
11 Лутфу марҳамати Худо маълум гашт, то ҳар гуна одамон наҷот ёбанд.+ 12 Он моро таълим медиҳад, ки хоҳишҳои дунё+ ва рафтори ба Худо нописандро рад карда, дар ин замона* бо солимфикрӣ, росткорӣ ва худотарсӣ зиндагӣ кунем+ 13 ва интизори он бошем, ки умеди хурсандибахши мо амалӣ гашта,+ Худои бузург ва Исои Масеҳи Наҷотбахшамон бо ҷалол ошкор шаванд. 14 Масеҳ ҷони худро барои мо дод,+ то моро аз ҳар гуна бадкорӣ халос кунад+ ва барои худ пок созад, то халқи махсуси ӯ гашта, дар корҳои нек боғайрат бошем.+
15 Чун шахси ҳокимиятдор минбаъд низ дар ин бора сухан гӯй, насиҳат* ва сарзаниш кун.+ Нагузор, ки касе туро бо чашми кам бинад.