Панднома
25 Инҳо низ пандҳои Сулаймон аст,+ ки одамони Ҳизқиё,+ шоҳи Яҳудо, ҷамъ оварда, нусхабардорӣ карданд.
3 Чуноне ки осмон баланду замин бетаг аст,
Ончунон дили подшоҳ ақлнорас аст.
4 Нуқраро аз ғилу ғаш тоза кун
Ва он пурра гудохта шуда, пок мегардад.+
5 Бадкорро аз ҳузури подшоҳ дур соз
Ва тахти ӯ бар росткорӣ пойдор мегардад.+
6 Дар пеши подшоҳ иззатталабӣ накун+
Ва дар миёни калоншавандагон нашин,+
7 Зеро беҳтар аст, ки ӯ бигӯяд: «Аз боло гузар»,
Назар ба он ки туро дар ҳузури соҳибмансабе паст занад.+
8 Саросемавор мурофиаро сар накун,
Зеро дар охир, вақте ёрат шармандагиятро барорад, чӣ кор мекунӣ?+
9 Вақте дар мурофиа дар ҳаққи касе даъво кунӣ,+
Сири дигаронро, ки ба ту гуфтаанд, фош насоз,+
10 То касе, ки суханатро мешунавад, туро шарманда насозад.
Охир, овозаро паҳн кунӣ, пеши роҳашро гирифта намешавад.
12 Танбеҳи марди хирадманд барои гӯши шунаво
Мисли гӯшвори тиллост ва зеварест аз зари холис.+
13 Муждарасони боваринок барои фиристандагонаш
Мисли салқинии барф дар рӯзи тафсони дарав аст,
Зеро ба хӯҷаинаш тароват мебахшад.+
14 Шахсе, ки дар бораи туҳфаи надода лоф мезанад,
Мисли абру шамоли беборон аст.+
15 Бо сабру тоқат дили сардорро ба даст меорӣ
Ва забони нарм устухонро мешиканад.+
16 Агар асал ёбӣ, ба қадри даркорӣ бихӯр,
Аз ҳад зиёд нахӯр, ки онро қай мекунӣ.+
17 Ба хонаи ёрат тез-тез нарав,
То аз ту хаставу безор нашавад.
18 Марде, ки бар зидди ёраш шоҳидии дурӯғ медиҳад,+
Мисли калтаку шамшер ва тири нӯгтез аст.
19 Рӯзи мусибат такя ба он кӣ дар ӯ боварӣ нест*,
Мисли дандони лиққонак ва пойи ларзон аст.
20 Ҳар кӣ ба дилшикаста суруд хонад,+
Мисли касест, ки дар рӯзи сард либос мекашад
Ва ба сирко ишқор мерезад.
21 Агар душманат гушна бошад, ба ӯ нон деҳ,
Агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,+
22 Зеро бо ин рафторат бар сари ӯ лахчаҳои оташ ҷамъ меорӣ*+
Ва Яҳува туро мукофот медиҳад.
23 Шамоли шимолӣ борони сел меорад
Ва забони ғайбатгӯ чеҳраи хашмгин.+
25 Хабари хуш аз роҳи дур
Мисли оби хунук барои ташна аст.+
26 Росткоре, ки ба гапи бадкор медарояд*,
Мисли ҷӯйи лойолуд ва чоҳи хароб аст.
28 Ҳар кӣ худдорӣ надорад,+
Мисли шаҳри рахнашуда, шаҳри бедевор, аст.