1 Қӯринтиён
8 Акнун дар бораи қурбониҳое, ки ба бутҳо пешкаш мешаванд,+ менависам. Мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем.+ Аммо дониш мағрур месозад, муҳаббат бошад, обод мекунад.+ 2 Агар касе фикр кунад, ки чизеро медонад, вай ҳоло дар бораи он ба хубӣ намедонад. 3 Вале касе Худоро дӯст медорад, Худо ӯро шинохтааст.
4 Агар дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо гӯем, мо медонем, ки бут ҳеҷ аст+ ва ғайр аз Худои ягона худои дигаре нест.+ 5 Ҳарчанд дар осмону замин ба ном худоён ҳастанд+ ва «худоён»-у «ҳазратҳо»-и зиёде мавҷуданд, 6 дар асл, танҳо як Худо ҳаст+ ва ӯ Падари мост,+ ки ҳама чиз аз ӯст ва мо барои ӯ зиндагӣ мекунем.+ Ҳамчунин як Ҳазрат дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи ӯст+ ва мо низ ба воситаи ӯ ҳастем.
7 Вале на ҳама чунин дониш доранд.+ Азбаски баъзеҳо пеш бутпараст буданд, ҳоло хӯрокро чун қурбониҳои бутҳо мехӯранд+ ва виҷдони сусти чунин шахсон нопок мегардад.+ 8 Аммо хӯрок моро ба Худо наздик намекунад,+ зеро мо аз нахӯрдани он чизе аз даст намедиҳем ва аз хӯрдани он чизе ба даст намеорем.+ 9 Фақат эҳтиёт бошед, ки озодии шумо барои онҳое, ки виҷдонашон суст аст, монеа нагардад.+ 10 Агар касе, ки виҷдонаш суст аст, бинад, ки ту — шахси соҳиби дониш, дар бутхона хӯрок мехӯрӣ, оё ӯ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намегардад? 11 Аз дониши ту имони касе, ки виҷдонаш суст аст, яъне имони бародарат, ки Масеҳ барояш мурдааст, нобуд мешавад.+ 12 Вақте бар зидди бародарони худ чунин гуноҳ карда виҷдони сусти онҳоро озор медиҳӣ,+ бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунӣ. 13 Аз ин рӯ, агар хӯрок хӯрданам бародарамро пешпо диҳад, ба хотири ӯ ҳаргиз гӯшт намехӯрам.+