Забур
Таронаи Довуд.
א [Алиф]
37 Ба сабаби бадкирдор ғамгин машав
Ва ба гунаҳкорон ҳасад набар.+
2 Онҳо мисли алаф дар як дам хушк мешаванд+
Ва мисли сабзаи тар пажмурда мегарданд.
ב [Бет]
3 Ба Яҳува таваккал намо ва некӣ бикун.+
Дар замин умр ба сар бурда, аз рӯйи инсоф амал кун.+
4 Лаззати зиндагониро дар Яҳува пайдо кун
Ва ӯ армони дилатро ба ту ато мекунад.
ג [Гимел]
6 Ӯ росткориятро мисли бомдодон дурахшон
Ва адолататро мисли офтоби пешин фурӯзон хоҳад намуд.
ד [Далет]
7 Пеши Яҳува хомӯш бош,+
Ва ӯро пурсаброна интизор шав.
Аз барор ёфтани корҳои ҳилагарон ғамгин машав.+
ה [Ҳе]
8 Аз хашм даст бикаш ва ғазабро тарк намо.+
Асабонӣ нашаву ба бадӣ рӯ наовар*,
9 Зеро бадкорон нест карда мешаванд,+
Вале умедворони Яҳува соҳиби замин мегарданд.+
ו [Вов]
ז [Зайин]
12 Бадкор ба росткор қасди бад мекунад,+
Аз ғазаб дандон мехояд.
13 Аммо Яҳува ба ҳоли вай механдад,
Зеро медонад, ки рӯзи бадкор меояд.+
ח [Хет]
14 Бадкорон шамшеру камон мекашанд,
То бечораву камбағалро афтонанд
Ва ростравонро бикушанд.
15 Аммо шамшерашон ба дили худашон мехалад+
Ва камонҳояшон шикаста мешавад.
ט [Тет]
16 Ками росткор
Беҳ аз фаровонии бадкорони зиёд,+
17 Зеро дастони бадкорон шикаста хоҳад шуд,
Вале росткоронро Яҳува дастгирӣ хоҳад намуд.
י [Йод]
18 Яҳува аз душвориҳои беайбон бохабар аст
Ва мероси онҳо то абад пойдор мемонад.+
19 Онҳо дар рӯзи мусибат шарманда нахоҳанд шуд
Ва дар вақти гушнагӣ сер хоҳанд буд.
כ [Каф]
20 Аммо бадкорон нест хоҳанд шуд.+
Душманони Яҳува мисли чарогоҳҳои зебоманзар нобуд хоҳанд шуд,
Онҳо мисли дуд нопадид хоҳанд гашт.
ל [Ламед]
21 Бадкор қарз мегираду барнамегардонад,
Аммо росткор саховатманду дасткушод аст.+
22 Касоне, ки аз Худо баракат ёфтаанд, заминро соҳиб мегарданд,
Вале онҳое, ки гирифтори лаънаташ гардидаанд, нобуд мешаванд.+
מ [Мим]
נ [Нун]
25 Ҷавон будаму ҳоло пир шудам,
Вале росткореро надидам, ки партофта шуда бошад+
Ва ё фарзандонаш нон металбида бошанд.+
26 Дасташ барои қарз додан ҳамеша кушода аст+
Ва фарзандонашро баракатҳо интизор аст.
ס [Самех]
27 Аз бадӣ дур шаву некӣ бикун+
Ва ту то абад пойдор мемонӣ,
28 Зеро Яҳува инсофро дӯст медорад,
Ӯ ҳаргиз бандагони бовафояшро намепартояд.+
ע [Айин]
פ [Пе]
30 Даҳони росткор хирадро баён мекунад
Ва забонаш аз инсоф сухан мегӯяд.+
צ [Тсаде]
32 Бадкор росткорро мепояд
Ва дар пайи куштани ӯст.
ק [Коф]
34 Ба Яҳува умед банд ва бо роҳе, ки мегӯяд, равона шав
Ва ӯ туро сарбаланд хоҳад кард — ту заминро мерос хоҳӣ гирифт.
Вақте бадкорон решакан шаванд,+ инро хоҳӣ дид.+
ר [Реш]
35 Ситамгари бадкорро дидам,
Ки мисли дарахти сершох ва сабзу хуррам дар ҷойи худ реша давонда буд.+
36 Лекин ӯ ногаҳон нест ва нопадид гашт.+
Ӯро мекофтам, лекин нишонашро наёфтам.+
ש [Син]
38 Аммо ҳамаи ҷинояткорон нест карда мешаванд
Ва бадкорон оянда нахоҳанд дошт.+
ת [Тав]