Забур
Таронаи Довуд.
24 Замин ва ҳар чӣ дар он аст,
Олам ва сокинони он аз Яҳува аст.+
2 Ӯ асоси заминро бар баҳрҳо
Ва бунёди онро бар дарёҳо гузоштааст.+
3 Кӣ метавонад ба кӯҳи Яҳува барояд+
Ва дар макони муқаддаси ӯ биистад?
4 Касе, ки дастони поку дили соф дорад,+
Касе, ки ба номи ман* қасами дурӯғ нахӯрдааст ва бардурӯғ савганд ёд накардааст.+
6 Чунин аст насле, ки ӯро меҷӯянд,
Онҳо розигии туро меҷӯянд, эй Худои Яъқуб. (Село)
8 Кист ин Подшоҳи пурҷалол?
9 Сарҳои худро бардоред, эй дарвозаҳо;+
Кушода шавед, эй дарҳои қадима, то Подшоҳи пурҷалол дарояд!
10 Кист ин Подшоҳи пурҷалол?
Ин Подшоҳи пурҷалол Яҳува, Худои лашкарҳост.+ (Село)