Юшаъ
2 Сипас Юшаи писари Нун ду мардро аз Шиттим+ пинҳонӣ барои ҷосусӣ фиристод. Ӯ ба ин мардон гуфт: «Биравед ва он замин ва Ериҳӯро аз назар гузаронед». Онҳо рафтанд ва дар Ериҳӯ ба хонаи фоҳишае, ки Роҳоб+ ном дошт, даромаданд ва дар он ҷо монданд. 2 Ба подшоҳи Ериҳӯ хабар расид: «Имшаб мардони исроилӣ омаданд, то заминро ҷосусӣ кунанд». 3 Баъд аз ин подшоҳи Ериҳӯ ба Роҳоб паём фиристода, гуфт: «Мардонеро, ки назди ту омадаанду дар хонаат истодаанд, берун ор, зеро онҳо барои ҷосусии тамоми замин омадаанд».
4 Вале зан, ки он ду мардро пинҳон карда буд, гуфт: «Бале, он мардон назди ман омада буданд, лекин ман намедонистам, ки онҳо аз куҷоянд. 5 Вақте торик шуду дарвозаи шаҳрро мебастанд, он мардон рафтанд. Ман намедонам, ки он мардон ба куҷо рафтанд, лекин, агар дарҳол аз паяшон давед, онҳоро дарёб мекунед». 6 (Ҳол он ки ӯ онҳоро болои бомаш бароварда, миёни зағирпояҳо, ки дар болои бом чида шуда буданд, пинҳон кард.) 7 Он мардон барои дастгир кардани онҳо сӯйи пастобҳои Урдун+ рафтанд ва, ҳамин ки баромаданд, дарвозаи шаҳр баста шуд.
8 Пеш аз он ки мардони исроилӣ хоб раванд, Роҳоб назди онҳо болои бом баромад 9 ва ба онҳо гуфт: «Ман медонам, ки Яҳува ин заминро ба шумо медиҳад.+ Тарси шумо моро фаро гирифтааст+ ва дили тамоми мардумро ваҳм зер кардааст,+ 10 зеро мо шунидем, ки чӣ тавр Яҳува, вақти аз Миср баромаданатон, обҳои баҳри Сурхро пеши шумо хушк кард.+ Мо ҳамчунин шунидем, ки шумо бо ду подшоҳи амӯрӣ — Сиҳӯн+ ва Ӯҷ,+ чӣ кор кардед, чӣ тавр онҳоро дар он тарафи дарёи Урдун* ба нестӣ супурдед. 11 Вақте мо дар ин бора шунидем, дилҳоямон суст шуд. Шумо алови чашми тамоми мардумро гирифтед, зеро Худои шумо, Яҳува, Худои рӯйи замин ва паҳнои осмон аст.+ 12 Акнун бошад, илтимос мекунам, ба номи Яҳува қасам бихӯред, ки шумо ба ману хонадони падарам меҳру вафо мекунед, ҳамон тавре ки ман ба шумо меҳру вафо кардам. Ба ман нишонае бидиҳед, ки ба шумо бовар кунам. 13 Падару модар, бародарону хоҳарон ва ҳама аҳли хонаводаи онҳоро зинда гузоред ва ҷони моро аз марг халос кунед».+
14 Он мардон дар ҷавоб гуфтанд: «Мо ҷонҳои худро барои шумо фидо мекунем! Агар шумо моро нафурӯшед, вақте Яҳува ин заминро ба мо медиҳад, ба шумо меҳру вафо мекунем*». 15 Пас аз ин Роҳоб бо банде онҳоро аз тиреза фуровард, зеро хонааш бар девори шаҳр буд ва ӯ бар девор зиндагӣ мекард.+ 16 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба кӯҳистон рафта, се рӯз дар он ҷо пинҳон шавед, то онҳое, ки аз паятон мебошанд, шуморо наёбанд. Баъди он ки онҳо бармегарданд, роҳатонро давом диҳед».
17 Он мардон ба ӯ гуфтанд: «Агар ту кореро, ки ба ту бигӯем, накунӣ, мо аз қасаме, ки ту аз мо гирифтӣ, озод мешавем,+ 18 яъне ту бояд ба тирезае, ки моро аз он фуровардӣ, банди қирмизӣ* бибандӣ. Инчунин бояд падару модар, бародару хоҳарон ва ҳама аҳли хонаводаашонро дар хонаат ҷамъ орӣ.+ 19 Ҳар кӣ аз дари хонаат берун барояд, хунаш бар гардани худаш мешавад ва мо айбдор нестем. Лекин, агар ба ягон шахсе, ки бо ту дар хона бошад, даст бардоранд, хуни ӯ бар гардани мост. 20 Вале, агар ту хабаркашӣ кунӣ,+ мо аз қасаме, ки ту аз мо гирифтӣ, озод ҳастем». 21 Ӯ ҷавоб дод: «Майлаш, гуфти шумо шавад».
Баъд онҳоро равона кард ва онҳо ба роҳ баромаданд. Сипас ӯ банди қирмизиро ба тирезааш баст. 22 Онҳо сӯйи кӯҳистон рафтанд ва дар он ҷо се рӯз истоданд, то даме ки онҳое, ки аз паяшон буданд, баргаштанд. Онҳо ҳама роҳҳоро ҷустуҷӯ карданд, лекин он мардони исроилиро наёфтанд. 23 Он ду мард аз кӯҳистон фаромаданд ва аз дарё гузашта, назди Юшаи писари Нун омаданд ва ба ӯ ҳар он чиро, ки бо онҳо рӯй дода буд, нақл карданд. 24 Сипас онҳо ба Юшаъ гуфтанд: «Яҳува тамоми ин заминро ба дасти мо супурдааст.+ Ҳама мардуми ин замин аз тарси мо дасту по гум кардааст».+