Румиён
10 Эй бародарон, орзуи дили ман ва илтиҷои ман аз Худо барои исроилиён ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.+ 2 Ман шаҳодат медиҳам, ки онҳо дар роҳи Худо ғайрат доранд,+ лекин на аз рӯйи дониши дақиқ. 3 Онҳо ба росткории Худо итоат накарданд,+ балки ба ҷойи фаҳмидани росткории Худо+ росткории худро муқаррар карданӣ шуданд.+ 4 Аммо мо медонем, ки Масеҳ ба Шариат хотима бахшид,+ то ҳар касе, ки имон орад, росткор ҳисобида шавад.+
5 Пайғамбар Мӯсо дар бораи росткорие, ки дар асоси Шариат аст, навиштааст: «Касе, ки фармудаҳоро ба ҷо орад, ба воситаи онҳо зиндагӣ хоҳад кард».+ 6 Лекин дар бораи росткорие, ки дар асоси имон аст, чунин гуфта шудааст: «Дар дилат нагӯй:+ “Кӣ ба осмон мебарояд?”+ (то Масеҳро поён оварад), 7 ва ё: “Кӣ ба чоҳи бетаг мефарояд?”+ (то Масеҳро аз байни мурдагон берун орад)». 8 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? «Калом ба ту бисёр наздик аст, он дар даҳон ва дили туст»,+ яъне ҳамон «калом»-и имон, ки мо онро эълон мекунем. 9 Агар бо даҳонат ба ҳама шаҳодат диҳӣ, ки Исо Сарвар аст,+ ва дар дилат имон дошта бошӣ, ки Худо ӯро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот меёбӣ. 10 Бо он ки шахс дар дилаш имон дорад, дар назари Худо росткор мешавад, вале, бо он ки бо даҳонаш ба ҳама шаҳодат медиҳад,+ наҷот меёбад.
11 Дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Ҳар кӣ имонашро бар ӯ бино созад, ноумед намешавад».+ 12 Байни яҳудӣ ва юнонӣ ҳеҷ фарқе нест,+ зеро барои ҳама Худованд* якест ва ӯ ба ҳамаи онҳое, ки номи ӯро мехонанд, сахӣ аст. 13 «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад».+ 14 Лекин чӣ тавр номашро бихонанд, агар ба ӯ имон наоварда бошанд? Чӣ тавр имон оранд, агар дар борааш нашунида бошанд? Чӣ тавр бишнаванд, агар касе ба онҳо эълон накарда бошад? 15 Чӣ тавр эълон кунанд, бе он ки фиристода шаванд?+ Чуноне ки навишта шудааст: «Чӣ зебост пойҳои касе, ки хабари хуш меорад!»+
16 Бо вуҷуди ин на ҳамаи исроилиён ба хушхабар итоат карданд. Пайғамбар Ишаъё чунин гуфт: «Эй Яҳува, кӣ ба сухане, ки аз мо шунид, имон овард?»+ 17 Пас, имон аз шунидани калом пайдо мешавад,+ каломро бошад, вақте мешунаванд, ки касе дар бораи Масеҳ сухан гӯяд. 18 Магар онҳо нашунида буданд? Охир, «садои онҳо дар саросари замин паҳн мешуд ва паёми онҳо то гӯшаю канори дунё».+ 19 Магар Исроил намедонист? Албатта медонист.+ Пештар Мӯсо гуфта буд: «Ба воситаи он чӣ халқ нест, рашки шуморо меорам, ба воситаи халқи бефаҳме шуморо сахт хашмгин мекунам».+ 20 Баъдтар бошад, Ишаъё далерона суханони зерини Худоро гуфт: «Маро касоне ёфтанд, ки дар ҷустуҷӯям набуданд,+ ва ман ба онҳое маълум гаштам, ки дар бораам намепурсиданд».+ 21 Вале дар бораи Исроил чунин гуфта буд: «Тамоми рӯз дастонамро сӯйи халқи беитоат ва гарданшах дароз мекардам».+