4 Мӯсо
12 Чанде пас Маряму Ҳорун бар зидди Мӯсо, аз сабаби он ки вай зани кушӣ гирифта буд,+ шикоят кардан гирифтанд. 2 Онҳо чунин мегуфтанд: «Магар Яҳува танҳо ба воситаи Мӯсо сухан гуфтааст? Оё ӯ ба воситаи мо низ сухан нагуфтааст?»+ Яҳува бошад, суханони онҳоро гӯш мекард.+ 3 Мӯсо аз ҳамаи одамони рӯйи замин хоксортар+ буд*.
4 Яҳува ногаҳон ба Мӯсо, Ҳорун ва Марям чунин гуфт: «Ҳар сеятон сӯйи хаймаи ҷомеъ баромада равед». Ҳар сеяшон баромада, он ҷо рафтанд. 5 Он гоҳ Яҳува бар сутуни абре фуруд омад+ ва назди даромадгоҳи хайма истода, Ҳорун ва Марямро назди худ хонд. Ҳар дуи онҳо пеш омаданд. 6 Худо ба ҳар дуи онҳо гуфт: «Хоҳиш мекунам, ба суханонам гӯш диҳед. Агар дар миёни шумо пайғамбари Яҳува мебуд, ман дар рӯъё+ худро ба ӯ маълум месохтам ва дар хоб+ бо вай сухан мегуфтам. 7 Аммо бо бандаи худ, Мӯсо, ман ин тавр намекунам! Ман ӯро бар тамоми халқи худ* таъйин кардаам.+ 8 Ман бо вай рӯ ба рӯ ва ошкоро гап мезанам,+ на бо суханони пардапӯш. Пеши чашмони ӯ Яҳува намоён мешавад. Пас, чӣ хел шумо ҷуръат кардед, ки аз бандаи ман, Мӯсо, шикоят кунед?»
9 Хашми Яҳува бар онҳо аланга зад ва ӯ аз он ҷо рафт. 10 Абр аз болои хайма дур рафт ва Марям аз махав мисли барф сап-сафед шуда буд.+ Сипас Ҳорун ба Марям нигоҳ карда, дид, ки вай махавӣ шудааст.+ 11 Ҳорун дарҳол ба Мӯсо гуфт: «Хоҷаам, илтимос мекунам, бори ин гуноҳамонро бар гарданамон намон! Мо беақлона рафтор кардем. 12 Илтимос мекунам, нагузор, ки вай мисли касе бошад, ки мурда таваллуд шуда, нисфи баданаш пӯсидааст!» 13 Он гоҳ Мӯсо сӯйи Яҳува фарёд кашида, гуфт: «Худоё, илтиҷо мекунам, ӯро шифо бахш! Илтимос!»+
14 Яҳува ба Мӯсо ҷавоб дода гуфт: «Агар падараш ба рӯйи вай туф мекард, оё вай ба муддати ҳафт рӯз шарманда намешуд? Бигзор ӯро берун аз хаймагоҳ баранду ӯ ҳафт рӯз дар он ҷо зиндагӣ кунад.+ Пас аз ин ӯ метавонад баргардад». 15 Марямро ҷудо карда, ба муддати ҳафт рӯз берун аз хаймагоҳ гузоштанд+ ва мардум то баргаштани Марям кӯч накард. 16 Сипас халқ аз Ҳасирӯт+ кӯч карда, дар биёбони Форон+ хайма зад.