Луқо
6 Дар яке аз рӯзҳои шанбе Исо аз киштзор мегузашт ва шогирдонаш хӯшаҳои гандумро+ мечиданду ба кафи даст молида мехӯрданд.+ 2 Он гоҳ баъзеи фарисиён гуфтанд: «Барои чӣ шумо дар рӯзи шанбе кореро мекунед, ки раво нест?»+ 3 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар ягон бор нахондаед, ки Довуд, вақте ӯву ҳамроҳонаш гушна монданд, чӣ кор кард?+ 4 Чӣ тавр ӯ ба хонаи Худо даромад ва нони пешкашро, ки ба ӯ доданд, гирифта, хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод, ҳол он ки хӯрдани он танҳо ба коҳинон раво буд?»+ 5 Баъд ӯ ба онҳо гуфт: «Инро мегӯям, то бидонед, ки Фарзанди одам Хӯҷаини рӯзи шанбе аст».+
6 Як рӯзи шанбеи+ дигар Исо ба ибодатхона даромада, ба таълим додани мардум сар кард. Дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк* шуда буд.+ 7 Шариатдонон ва фарисиён мехостанд, ки бо ягон роҳ дар Исо айбе ёбанд, барои ҳамин бодиққат нигоҳ мекарданд, ки ӯ дар рӯзи шанбе ягон касро шифо мебахшад ё не. 8 Исо, ки фикру андешаҳои онҳоро медонист,+ ба марди дасташ хушкшуда* гуфт: «Аз ҷоят хез ва дар миёнаҷо ист». Ӯ аз ҷояш хеста, дар байн истод. 9 Он гоҳ Исо ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Бигӯед, ки дар рӯзи шанбе кардани кадом кор равост: кори нек ё бад, наҷот додан ё нобуд кардан?»+ 10 Инро гуфта, Исо ба атрофиёнаш нигоҳ кард ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Ӯ дасташро дароз кард ва он сиҳат шуд. 11 Аммо шариатдонону фарисиён бениҳоят дарғазаб шуда, бо якдигар маслиҳат мекарданд, ки бо Исо чӣ кор кунанд.
12 Дар он рӯзҳо Исо барои дуогӯйӣ ба кӯҳ баромада,+ тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.+ 13 Вақте ки субҳ дамид, ӯ шогирдонашро назди худ даъват намуда, аз байнашон 12 нафарро интихоб кард ва онҳоро расулон номид, ки инҳоянд:+ 14 Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид, бародараш Андриёс, Яъқуб, Юҳанно, Филиппус,+ Барталмо, 15 Матто, Тумо,+ Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъӯн, ки «боғайрат» ном гирифт, 16 Яҳудои писари Яъқуб ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар хиёнаткор шуд.
17 Исо ҳамроҳи онҳо аз кӯҳ фаромада, дар ҳамворие истод. Дар он ҷо шумораи зиёди шогирдон ва мардуми бисёре аз тамоми Яҳудия, Ерусалим ва соҳили Сӯру Сидӯн ҷамъ омада буданд, то ӯро шунаванд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд. 18 Ҳатто онҳое, ки аз рӯҳҳои нопок азоб мекашиданд, шифо меёфтанд. 19 Тамоми мардум саъю кӯшиш мекард, ки ба Исо даст расонад, чунки аз ӯ қуввае берун меомад+ ва ҳамаро шифо мебахшид.
20 Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда, гуфт:
«Хушбахтед шумо, эй камбағалон, зеро Подшоҳии Худо аз они шумост.+
21 Хушбахтед шумо, эй гушнагон, зеро сер мешавед.+
Хушбахтед шумо, эй касони гирён, зеро ханда мекунед.+
22 Хушбахтед шумо, вақте одамон ба хотири Фарзанди одам аз шумо нафрат кунанд,+ аз байни худ биронанд,+ паст зананд ва номи шуморо ба бадӣ бароранд. 23 Дар он рӯз хурсанд бошеду аз шодӣ бирақсед, зеро мукофоти шумо дар осмон бузург аст, охир, бобоёни онҳо низ бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.+
24 Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон,+ зеро аллакай тасаллии дили худро ёфтаед.+
25 Вой бар ҳоли шумо, эй серон, зеро гушна мемонед.
Вой бар ҳоли шумо, эй касони хандон, зеро мотам гирифта, гиря мекунед.+
26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки одамон шуморо таърифу тавсиф кунанд,+ зеро бобоёни онҳо низ бо пайғамбарони бардурӯғ чунин мекарданд.
27 Вале ман ба шумо, эй онҳое, ки ба ман гӯш медиҳед, чунин мегӯям: душманони худро дӯст доред, ба бадбинони худ некӣ кунед,+ 28 барои лаънатгӯёни худ баракат хоҳед ва дар ҳаққи бадгӯёни худ дуо гӯед.+ 29 Агар касе ба як тарафи рӯят занад, тарафи дигари рӯятро низ ба вай гардон ва, агар касе ҷомаатро бигирад, мон, ки куртаатро низ бигирад.+ 30 Ҳар касе аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ+ ва аз касе, ки чизи туро мегирад, баргардондани онро талаб накун.
31 Ҳамчунин, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ бо онҳо ҳамон тавр кунед.+
32 Агар шумо танҳо дӯстдорони худро дӯст доред, чӣ кори сазовори таҳсин мекунед? Охир, гунаҳкорон ҳам дӯстдорони худро дӯст медоранд.+ 33 Агар ба онҳое некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, чӣ кори сазовори таҳсин мекунед? Гунаҳкорон ҳам чунин мекунанд. 34 Инчунин, агар қарз диҳед* ва гашта гирифтани онро интизор бошед, чӣ кори сазовори таҳсин мекунед?+ Гунаҳкорон ҳам ба якдигар қарз медиҳанд, то ки онро пурра гашта гиранд. 35 Лекин шумо душманони худро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз дода, ба гашта гирифтани он умедвор нашавед.+ Он гоҳ мукофоти бузурге мегиред ва фарзандони* Худои Таоло мегардед, зеро ӯ ҳатто ба ношукрону бадкорон меҳрубон аст.+ 36 Раҳмдил бошед, чуноне ки Падари шумо раҳмдил аст.+
37 Беш аз ин, дигар ҳукм накунед, то шуморо ҳаргиз ҳукм накунанд;+ айби дигаронро наҷӯед, то айби шуморо наҷӯянд. Бибахшед ва бахшида мешавед.+ 38 Бидиҳед ва ба шумо медиҳанд:+ домани шуморо пур мекунанд, такон дода, зер карда, лабрез месозанд, зеро бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ба шумо чен мекунанд».
39 Баъд аз он Исо ба онҳо мисол овард: «Оё кӯре ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар ду ба чоҳ намеафтанд?+ 40 Шогирд аз муаллими худ боло нест, аммо ҳар касе, ки пурра таълим гирифтааст, чун муаллимаш мешавад. 41 Барои чӣ ту хасро дар чашми бародарат мебинию ба чӯби чашми худ аҳамият намедиҳӣ?+ 42 Чӣ тавр ба бародарат мегӯӣ: “Иҷозат деҳ хасро аз чашмат бигирам”, ҳол он ки чӯби чашми худро намебинӣ? Эй дурӯя! Аввал чӯби чашми худатро бигир, он вақт нағзтар мебинӣ, ки чӣ тавр хаси чашми бародаратро бигирӣ.
43 Ягон дарахти хуб меваи бад намеорад ва ягон дарахти бад меваи хуб намеорад.+ 44 Ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад.+ Масалан, аз хор анҷир ё аз хорбутта ангур намечинанд. 45 Одами нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меорад, вале одами бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меорад, чунки дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд.+
46 Пас, чаро шумо ба ман “Ҳазрат! Ҳазрат!” мегӯеду суханонамро ба ҷо намеоред?+ 47 Ҳар кӣ назди ман омада, суханонамро мешунавад ва ба ҷо меорад,+ 48 монанди касест, ки хона сохтанӣ шуда заминро чуқур кандааст ва таҳкурсии онро бар кӯҳпора гузоштааст. Аз ин рӯ, вақте ки сел ояд, оби дарё бо шиддати зиёд ба он хона мезанад, вале онро аз ҷой ҷунбонда наметавонад, зеро он хеле хуб сохта шудааст.+ 49 Лекин ҳар кӣ суханони маро мешунаваду ба ҷо намеорад,+ монанди касест, ки хонаашро бе таҳкурсӣ дар рӯйи хок сохтааст. Вақте оби дарё башаст ба он хона омада мезанад, он дарҳол чаппа мешавад ва пурра хароб мегардад».