Румиён
3 Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад ва аз хатна чӣ фоидае ҳаст? 2 Бартариву фоидаи бузурге аз ҳар ҷиҳат. Аввал ин ки ба яҳудиён суханони муқаддаси Худо супурда шудаанд.+ 3 Вале дар бораи яҳудиёне, ки имон надоштанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё беимонии онҳо маънои онро дорад, ки Худо бевафост? 4 Не, ҳаргиз! Ҳатто агар тамоми одамон дурӯғ гӯянд,+ Худо ҳама вақт рост мегӯяд,+ чи тавре ки навишта шудааст: «Бинобар ин суханонат ҳақ аст ва дар мурофиа, вақте ки туро айбдор кунанд, ғолиб мебароӣ».+ 5 Агар ба воситаи бадкории мо росткории Худо маълум мешуда бошад, пас, вақте ки Худо ғазабашро фурӯ мерезад, оё беадолатона рафтор мекунад? (Инро аз нуқтаи назари одамӣ гуфта истодаам.) 6 Не, ҳаргиз! Худо, бешубҳа, росткор аст. Агар чунин набошад, чӣ тавр ӯ ҷаҳонро доварӣ мекунад?+
7 Агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо боз ҳам бештар аён шаваду ӯ ҷалол ёбад, барои чӣ Худо маро гунаҳкор медонад? 8 Чаро нагӯем: «Биёед бадӣ кунем, то некӣ ҳосил шавад», чи тавре ки баъзеҳо моро бардурӯғ дар гуфтани ин суханон айбдор мекунанд? Маҳкум шудани чунин касон аз рӯйи адолат аст.+
9 Пас, чӣ гӯем? Оё мо, яҳудиён, аз дигарон болотарем? Не, албатта! Мо аллакай гуфта будем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён гирифтори гуноҳанд,+ 10 чи тавре ки навишта шудааст: «Ягон росткоре нест, як нафар ҳам нест;+ 11 касе нест, ки ақаллан каме фаҳм дошта бошад; касе нест, ки Худоро ҷӯяд. 12 Ҳамаи одамон аз роҳи рост дур шудаанд, ба ҳеҷ чиз кор намеоянд; ягонтоашон одамгарӣ надорад, як нафар ҳам».+ 13 «Гулӯяшон қабри кушода аст, забонашон пур аз макр».+ «Заҳри мори афъӣ зери лабонашон аст».+ 14 «Даҳонашон пур аз лаънат ва суханони талх аст».+ 15 «Пойҳои онҳо ба рехтани хун мешитобанд».+ 16 «Роҳҳои онҳо нобуд ва хароб кардан аст, 17 онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд».+ 18 «Тарси Худо дар чашмонашон нест».+
19 Мо медонем, ки ҳар он чӣ Шариат мегӯяд, барои онҳоест, ки тобеи Шариатанд, то одамон забонкӯтаҳ гарданд, ва маълум шавад, ки тамоми ҷаҳон гунаҳкор асту сазовори ҷазои Худост.+ 20 Аз ин рӯ бо иҷро кардани гуфтаҳои шариат ҳеҷ кас* дар пеши Худо росткор дониста намешавад,+ балки шариат чӣ будани гуноҳро равшантар месозад.+
21 Вале ҳоло аён аст, ки бе шариат ҳам дар пеши Худо росткор будан имконпазир аст,+ ва инро Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон тасдиқ мекунанд.+ 22 Бале, ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ҳамаи имондорон дар пеши Худо росткор буда метавонанд, зеро байни одамон ягон фарқе нест,+ 23 охир, ҳама гуноҳ кардаанд ва аз ҷалоли Худо дур шудаанд.+ 24 Вале Худо онҳоро росткор меҳисобад, зеро Исои Масеҳ ҷонашро фидо намуда*+ онҳоро озод кард. Ин атоест,+ ки Худо аз рӯйи лутфу марҳамати+ худ ба онҳо додааст. 25 Худо Масеҳро қурбон кард, то одамон ба хуни ӯ имон оварда,+ бандагияшонро бо Худо барқарор кунанд*.+ Ин тавр ӯ нишон дод, ки, вақте ки аз рӯйи пурсабрии худ гуноҳҳоеро, ки одамон пештар карда буданд, мебахшид, росткорона амал мекард. 26 Дар замони ҳозира низ, вақте касонеро, ки ба Исо имон доранд, росткор меҳисобад,+ ӯ нишон медиҳад, ки росткор аст.+
27 Пас, оё кас сабабе барои фахр дорад? Не, надорад. Кадом шариат ӯро аз ин бозмедорад? Оё шариате, ки муҳим будани амалро нишон медиҳад?+ Не, шариате, ки имон доштани ӯро талаб мекунад. 28 Мо чунин меҳисобем, ки одам на аз рӯйи иҷро кардани шариат, балки аз рӯйи имонаш росткор ҳисобида мешавад.+ 29 Ё ӯ танҳо Худои яҳудиён аст?+ Магар ӯ Худои халқҳои дигар низ нест?+ Бале, ӯ Худои онҳо низ аст.+ 30 Худо ягона аст+ ва ӯ ҳам хатнашудагону ҳам бехатнагонро+ аз рӯйи имонашон росткор хоҳад шумурд.+ 31 Пас, оё мо бо имони худ шариатро бекор мекунем? Не, ҳаргиз! Баръакс, бо имони худ мо шариатро устувор мегардонем.+