Ошкорсозӣ
12 Дар осмон аломати бузурге намоён гашт: зане+ офтобро чун либос пӯшида буд, зери пояш моҳтоб буд ва дар сар тоҷе аз 12 ситора дошт. 2 Вай ҳомиладор буд ва аз дарду азоби зоиш фарёд мезад.
3 Сипас ман дар осмон аломати дигаре дидам: аждаҳои бузурги+ сурхранге намоён гашт, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт ва дар сарҳои ӯ ҳафт тоҷ буд. 4 Вай бо думи худ сеяки ситораҳои+ осмонро кашида, ба замин партофт.+ Ин аждаҳо дар пеши зане, ки бояд таваллуд мекард, меистод,+ то дар вақти таваллуд кӯдаки вайро фурӯ барад.
5 Он зан писаре таваллуд кард,+ ки ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад.+ Ҳамон дам кӯдаки вай ба назди Худо ва тахти ӯ бурда шуд. 6 Зан бошад, ба биёбон, ба ҷое ки Худо барояш тайёр карда буд, гурехт, то дар он ҷо ба вай 1260 рӯз хӯрок дода шавад.+
7 Дар осмон ҷанг шуд: Микоил*+ ва фариштаҳояш бар зидди аждаҳо ҷангиданд. Аждаҳо ва фариштаҳояш низ бар зидди онҳо ҷангиданд, 8 аммо шикаст хӯрданд* ва дар осмон дигар барои онҳо ҷое ёфт нашуд. 9 Ҳамин тавр, аждаҳои бузург,+ яъне он мори қадимӣ,+ ки Иблис+ ва Шайтон+ ном дорад ва тамоми дунёро гумроҳ мекунад,+ бо фариштаҳояш ба замин партофта шуд.+ 10 Ман шунидам, ки овози баланде дар осмон чунин гуфт:
«Акнун замони наҷот,+ қудрат ва Подшоҳии Худои мо+ ва ҳокимияти Масеҳи ӯ фаро расид, зеро туҳматгари бародаронамон, ки шабу рӯз дар пеши Худои мо онҳоро сиёҳ мекунад, поён партофта шуд.+ 11 Онҳо бо хуни Барра+ ва бо хабаре, ки эълон мекарданд,+ бар вай ғолиб омаданд+ ва ҳатто ҳангоми бо марг рӯ ба рӯ шудан ҷони худро азиз надоштанд.+ 12 Аз ин рӯ шодӣ кунед, эй осмон ва сокинони он! Аммо вой бар ҳоли замин ва баҳр,+ зеро Иблис назди шумо фаромадааст ва ӯ сахт дарғазаб аст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст».+
13 Вақте аждаҳо дид, ки ба замин партофта шудааст,+ аз пайи озори зане шуд,+ ки писар таваллуд карда буд. 14 Вале ба зан ду боли уқоби бузурге дода шуд,+ то ба биёбон, ба ҷойи худ парвоз кунад ва он ҷо ба вай аз мор+ дуртар дар давоми замон, замонҳо ва нисфи замон*+ хӯрок дода шавад.
15 Он гоҳ мор аз даҳони худ оберо, ки мисли дарё буд, аз ақиби зан сар дод, то ки вай дар он ғарқ шавад. 16 Вале замин ба зан ёрӣ дод ва даҳони худро кушода, дарёеро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд. 17 Инро дида аждаҳо ба зан дарғазаб шуд ва рафт, то бо бақияи насли вай,+ ки амрҳои Худоро риоя мекунанд ва кори шаҳодат дар бораи Исоро ба уҳда доранд,+ ҷанг кунад.