Забур
Суруди болобароӣ. Таронаи Сулаймон.
127 Агар Яҳува хонаро бино накунад,
Бинокорони он беҳуда заҳмат мекашанд.+
Агар Яҳува шаҳрро нигаҳбонӣ накунад,+
Посбонони он беҳуда бедор мемонанд.
2 Бе баракати Худо шумо беҳуда барвақт мехезед
Ва то бевақтӣ меҳнат мекунед,
Беҳуда барои нон заҳмат мекашед,
Ҳол он ки ӯ барои дӯстдоштагонаш ҳам ризқ медиҳад ва ҳам хоб.+
4 Чуноне ки тирҳо дар дасти паҳлавон аст,
Он гуна низ фарзандоне, ки шахс дар айёми ҷавонӣ таваллуд мекунад.+
5 Хушбахт аст касе, ки тирдонашро аз онҳо пур мекунад.+
Ӯ шармсор нахоҳад шуд,
Зеро фарзандонаш назди дарвозаҳои шаҳр ба душманон ҷавоб хоҳанд гардонд.