5 Мӯсо
5 Мӯсо тамоми исроилиёнро ҷамъ оварда, гуфт: «Бишнав, эй Исроил! Дастурҳо ва ҳукмҳои маро, ки имрӯз ба шумо мегӯям, биомӯзед ва онҳоро пурра риоя намоед. 2 Худоямон Яҳува бо мо дар Ҳӯриб аҳд бастааст.+ 3 Яҳува ин аҳдро на бо бобоёни мо, балки бо мо, ки дар ин ҷо зинда ҳастем, бастааст. 4 Яҳува бо шумо дар кӯҳ рӯ ба рӯ, аз миёни оташ, гап зад.+ 5 Он вақт ман байни шумою Яҳува истода будам,+ то суханони Яҳуваро ба шумо расонам, зеро шумо аз оташ тарсида ба кӯҳ набаромадед.+ Он вақт Худо гуфт:
6 “Ман Худоят Яҳува ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардам.+ 7 Туро ғайр аз ман Худои дигаре набояд бошад.+
8 Барои худ ҳеҷ гуна буте ва ё чизе ба шакли он чӣ дар осмон, замин ва ё обҳои зери замин аст, насоз.+ 9 Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро парастиш накун,+ зеро ман Худои ту Яҳува ҳастам, Худое ҳастам, ки аз шахс вафодории бекаму костро металабад.+ Ман барои гуноҳи падарон, гуноҳи касоне, ки маро бад мебинанд, писарони онҳо ва насли сеюму чорумашонро ҷазо медиҳам,+ 10 аммо ба касоне, ки маро дӯст медоранд ва амрҳои маро риоя мекунанд, то насли ҳазорумашон меҳру вафо мекунам.
11 Номи Худоят Яҳуваро беҳуда ба забон нагир,+ зеро Яҳува ҳар киро, ки номи ӯро беҳуда ба забон гирад, бе ҷазо намемонад.+
12 Рӯзи шанберо, чуноне ки Яҳува ба ту амр фармуда буд, риоя намо, зеро он рӯзи муқаддас аст.+ 13 Тамоми кору бор ва меҳнататро дар муддати шаш рӯз+ ба амал ор, 14 аммо рӯзи ҳафтум рӯзи шанбеи Худоят Яҳува аст.+ Дар он рӯз ягон кор накун,+ на худат, на писарат, на духтарат, на ғуломат, на канизат, на буққаат, на харат, на ягон чорпоят ва на ғарибе, ки дар шаҳри туст,+ то ғулому канизат баробари ту дам гиранд.+ 15 Дар хотир доред, ки шумо дар Миср ғулом будед ва Худоятон Яҳува шуморо бо дасти пурзӯр ва бозуи пурқувват аз он ҷо берун овард.+ Барои ҳамин Худоятон Яҳува ба шумо амр медиҳад, ки рӯзи шанберо риоя кунед.
16 Падару модаратро, чуноне ки Худоят Яҳува ба ту фармудааст, иззат кун,+ то дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, умри дароз бинӣ ва ҳаётат хуб гузарад.+
17 Одам накуш.+
18 Ба ҳамсарат хиёнат накун.+
19 Дуздӣ накун.+
20 Дар ҳаққи ёрат шоҳидии дурӯғ надеҳ.+
21 Зани касро ҳавас накун.+ Хонаи ӯ, замин, ғулом, каниз, гов, хар ва ё чизи дигари ӯро ҳавас накун.+
22 Ин суханонро Яҳува ба тамоми ҷамоати шумо дар кӯҳ аз миёни оташ, абр ва торикии ғализ+ бо овози баланд гуфт ва ҳеҷ чизе илова накард, баъд ӯ онҳоро дар ду лавҳаи сангин навишта, ба ман дод.+
23 Аммо, вақте ки шумо аз миёни торикӣ овозро шунидед, дар ҳоле ки кӯҳ дар оташ месӯхт,+ ҳамаи сардорони қабила ва пиронатон назди ман омада, 24 гуфтанд: “Инак, Худоямон Яҳува ҷалол ва бузургиашро ба мо нишон дод ва овозашро мо аз миёни оташ шунидем.+ Имрӯз мо дидем, ки Худо метавонад бо инсон гап занад ва ӯ зинда монад.+ 25 Вале мо намехоҳем ҷонамонро зери хатар монем, зеро ин оташи бузург моро фурӯ мебарад. Агар дубора овози Худоямон Яҳуваро шунавем, ҳатман мемурем. 26 Магар ягон одам метавонад мисли мо овози Худои зиндаро аз миёни оташ шунаваду зинда монад? 27 Ту худат наздик шав ва ҳар он чиро, ки Худоямон Яҳува мегӯяд, бишнав ва суханони Яҳуваро ба мо расон ва мо гӯш дода, иҷро мекунем”.+
28 Яҳува суханонеро, ки шумо ба ман гуфтед, шунид ва Яҳува ба ман гуфт: “Ман суханонеро, ки ин халқ ба ту гуфт, шунидам. Ҳар он чӣ онҳо гуфтанд, ба ман маъқул афтод.+ 29 Кошки тарси ман дар дилашон доимо ҷо шавад+ ва онҳо тамоми амрҳои маро риоя кунанд,+ то ҳамеша ҳаёти онҳо ва писаронашон хуб гузарад.+ 30 Рафта, ба онҳо бигӯй: “Ба хаймаҳои худ баргардед”. 31 Аммо ту дар ин ҷо назди ман бимон ва ман тамоми амр, дастур ва ҳукмҳои худро, ки бояд ба онҳо таълим диҳӣ, ба ту мегӯям, то халқ ҳамаи онҳоро дар замине, ки ман ба онҳо мерос медиҳам, иҷро кунанд”. 32 Пас, ҳама чизеро, ки Худоятон Яҳува ба шумо фармудааст, пурра иҷро кунед+ ва аз он ба тарафи рост ё чап нагардед.+ 33 Бо роҳе, ки Худоятон Яҳува ба шумо фармудааст, равона шавед,+ то дар замине, ки онро мерос мегиред, умри дароз бинед ва ҳаётатон хуб гузарад.+