13 Фарзанди бохирад ба насиҳати падараш гӯш медиҳад,+
Вале нописанд сарзанишро рад мекунад.+
2 Кас аз самари лабонаш некуӣ мечашад,+
Вале хиёнаткорон дар орзуи ситамгариянд.
3 Касе, ки даҳанашро нигаҳ дорад, ҷонашро нигаҳ медорад,+
Вале даҳани бедарвоза бадбахтӣ меорад.+
4 Танбал ҳавасҳои бисёр дораду чизе ба даст намеорад,+
Вале меҳнаткаш сер мешавад.+
5 Росткор дурӯғро бад мебинад,+
Вале бадкорон аз корҳои худ шармандаву бадном мешаванд.
6 Росткорӣ ростравонро нигаҳбонӣ мекунад,+
Вале бадкорӣ гунаҳкоронро сарнагун месозад.
7 Яке худро бой мегирад, вале чизе надорад,+
Дигаре худро камбағал мегирад, вале сарвати бисёр дорад.
8 Боигарӣ ҷони сарватмандро мехарад,+
Вале ҷони камбағал дар хатар ҳам нест.+
9 Нури росткорон дурахшон аст,+
Вале чароғи бадкорон хомӯш мешавад.+
10 Худбоварӣ фақат ҷанҷол меорад,+
Вале хирад бо маслиҳатшунавон аст.+
11 Сарвате, ки зуд ба даст ояд, дер намепояд,+
Вале дороие, ки кам-камӣ ҷамъ шудааст, меафзояд.
12 Умедвории дурудароз дилро бемор мекунад,+
Вале ба мурод расидан дарахти ҳаёт аст.+
13 Ҳар кӣ насиҳатро хор донад, ҷазо мегирад,+
Вале ҳар кӣ амрро гиромӣ дорад, мукофот меёбад.+
14 Дастури хирадманд чашмаи ҳаёт аст,+
Он касро аз домҳои марг дур медорад.
15 Шахси борикбин дилёб аст,
Вале роҳи хиёнаткорон дурушт аст.
16 Зирак дониста кор мекунад,+
Вале аҳмақ аҳмақияшро маълум месозад.+
17 Хабаррасони бад дар бало мемонад,+
Вале фиристодаи боваринок дармони дард аст.+
18 Ҳар кӣ ба насиҳат бепарвоӣ кунад, камбағалу беобрӯ мешавад,
Вале ҳар кӣ ислоҳро қабул кунад, сарбаланд мегардад.+
19 Орзу ки амалӣ гардад, ҷонат роҳат мекунад,+
Аммо ба аблаҳон аз бадӣ дур шудан намефорад.+
20 Бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ,+
Бо аблаҳон ҷӯра шавӣ, шикаст мехӯрӣ.+
21 Бадбахтӣ аз пайи гунаҳкорон сур мекунад,+
Аммо комёбӣ мукофоти росткорон мегардад.+
22 Одами нағз ба наберагонаш мерос мемонад,
Лекин сарвати гунаҳкор барои росткор нигаҳ дошта мешавад.+
23 Киштзори камбағал ҳосили фаровон медиҳад,
Вале онро ноинсофона аз дасташ мегиранд.
24 Ҳар кӣ чӯбро дареғ дорад, фарзандашро бад мебинад,+
Вале ҳар кӣ ӯро дӯст дорад, аз пайи тарбияаш мешавад.+
25 Росткор мехӯраду сер мешавад,+
Аммо шиками бадкор як умр гушна аст.+