Панднома
28 Бадкорон мегурезанд, дар ҳоле ки касе онҳоро сур намекунад,
Вале росткорон мисли шер далеранд.+
2 Вақте дар мамлакат шӯришҳо* бошад, мирон иваз шудан мегиранд,+
Вале бо ёрии шахси боҳушу* доно тахти ҳоким пойдор мемонад.+
3 Камбағале, ки бечорагонро фиреб мекунад,+
Мисли боронест, ки тамоми ҳосилро шуста мебарад.
4 Онҳое, ки дастурро пушти по мезананд, бадкорро таъриф мекунанд,
Аммо касоне, ки дастурро риоя мекунанд, аз онҳо дарғазабанд.+
6 Камбағали покрафтор
Беҳ аз пулдори каҷрафтор.+
7 Писари бофаҳм дастурро риоя мекунад,
Вале ҳамнишини шикампарастон падарашро бадном месозад.+
8 Ҳар кӣ пулашро ба фоида диҳад+ ва бо судхӯрӣ онро зиёд гардонад,
Онро барои касе ғун мекунад, ки ба камбағал некӣ мекунад.+
10 Касе, ки боинсофонро ба роҳи бад мебарад, ба чоҳи кандаи худаш меафтад,+
Вале беайбон мероси нек мегиранд.+
12 Чӣ хуш аст, вақте росткорон зафарманд мешаванд!
Вале, вақте бадкорон ба сари қудрат меоянд, мардум пинҳон мешавад.+
13 Касе, ки ҷиноятҳояшро пинҳон кунад, комёб намешавад,+
Вале ҳар кӣ ба гуноҳҳояш иқрор шаваду онҳоро тарк намояд, сазовори раҳм мегардад.+
14 Хушбахт аст касе, ки доимо аз гуноҳ тарсон аст,
15 Ҳокими ситамгару бечораозор
Мисли шери ғуррон ва хирсест, ки ба туъмааш ҳамла мекунад.+
16 Пешвои кӯтоҳандеш аз қудраташ суиистифода мекунад,+
Вале ҳар кӣ аз моли ҳаром нафрат дорад, умрашро дароз мекунад.+
17 Одаме, ки хуни кас бар гарданаш бошад, то дами марг дар гурез аст+ —
Бигзор ӯро касе дастгирӣ накунад.
18 Ҳар кӣ роҳу рафтораш пок аст, наҷот меёбад,+
Вале касе, ки дар роҳи каҷ аст, ногаҳон шикаст мехӯрад.+
19 Ҳар кӣ заминашро кишт кунад, аз нон сер мешавад,
Лекин касе, ки бо беҳудакорӣ машғул аст, аз қашшоқӣ сер мешавад.+
20 Одами боваринок баракати зиёд меёбад,+
Аммо ҳар кӣ барои бой шудан шитоб кунад, бегуноҳ намемонад.+
21 Рӯйбинӣ кардан хуб нест,+
Вале одам барои як бурда нон метавонад ба чунин хато даст занад.
22 Баднафс* ташнаи пулу мол аст,
Вале намедонад, ки ба сараш қашшоқӣ меояд.
27 Ҳар кӣ ба камбағал бидиҳад, муҳтоҷӣ намекашад,+
Аммо он кӣ бепарвоӣ кунад, ба сараш лаънатҳои бисёре меояд.
28 Бадкорон ба сари қудрат биёянд, мардум пинҳон мешавад,
Вақте онҳо мемиранд, росткорон афзун мегарданд.+