Пандгӯ
5 Вақте ба хонаи Худо медароӣ, дониста қадам мон.+ Ба шунидан бештар моил бош,+ назар ба қурбонӣ овардан+ мисли аблаҳоне, ки намедонанд корашон бад аст.
2 Дар сухан шитоб накун ва саросема шуда, пеши Худо сухани беҳуда нагӯ,+ зеро Худо дар осмон асту ту дар замин. Пас, бигзор суханонат кам бошанд,+ 3 зеро, чуноне ки хоб дидан аз бисёрии кору ташвиш аст,+ сафсатагӯйии аблаҳон низ аз пургӯйист.+ 4 Ҳар гоҳе ки ба Худо назр кунӣ*, онро ҳатман ба ҷо ор,+ зеро аблаҳон ба Худо писанд нестанд.+ Назр кардӣ — адо кун.+ 5 Аз назр кардану иҷро нанамудан назр накардан беҳ аст.+ 6 Нагузор, ки даҳонат туро гирифтори гуноҳ созаду+ пеши фаришта бигӯӣ, ки ин хато буд.+ Чӣ лозим аст, ки Худо аз суханат дарғазаб шаваду амали дастонатро нобуд созад?+ 7 Охир, чуноне ки аз бисёрии кору ташвиш шахс хобҳо мебинад,+ оқибати пургӯйӣ низ беҳудагист. Аз Худо тарсон бош.+
8 Агар дар вилояти худ бубинӣ, ки бечорагон ситам мекашанд ва адлу инсоф зери пост, ҳайрон нашав,+ зеро он соҳибмансабро аз вай болотаре назорат мекунад ва бар сари ҳар дуи онҳо боз дигарон ҳастанд.
9 Ҳосили замин миёни ҳамаи онҳо тақсим мешавад ва ҳатто подшоҳ аз ҳосили он хӯрок мехӯрад.+
10 Дӯстдори нуқра аз нуқра сер намешаваду дӯстдори боигарӣ аз пул.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч аст.+
11 Нозу неъмат зиёд шавад, хӯрандаҳои он зиёд мешаванд.+ Вале барои соҳибаш аз он чӣ фоида, ғайр аз он ки бо чашмонаш ба он нигоҳ кунад?+
12 Хоби меҳнаткаш ширин аст, хоҳ кам хӯрад, хоҳ бисёр, вале фаровонии пулдор ӯро хоб кардан намемонад.
13 Бадбахтии бузургеро зери осмон дидам: шахс бар зарари худ сарват ғун мекунад. 14 Аз ноомади кор ӯ сарваташро аз даст медиҳад ва вақти фарзанддор шуданаш дар бисоташ чизе надорад.+
15 Чи хеле ки одам аз шиками модараш луб-луч ба дунё омадааст, ҳамон тавр аз дунё меравад.+ Ӯ наметавонад аз ҳосили заҳматаш бо худ чизе бибарад.+
16 Ин ҳам як бадбахтии бузургест: чи хеле ки ӯ ба дунё омад, ҳамон тавр аз дунё меравад. Пас, чӣ суд аз ҳама заҳмате, ки оқибат ба боди нестӣ меравад?+ 17 Ҳамчунин ӯ ҳар рӯз дар торикӣ бо асабонияту бемориву хашм хӯрок мехӯрад.+
18 Ман боз як чизи хубу дурустеро дидам: инсон бояд бихӯраду бинӯшад ва аз ҳосили заҳмати худ тамоми умри дурӯзааш баҳра барад+ — дар давоми умри дурӯзае, ки Худо ба ӯ ато кардааст. Ин мукофоти ӯст.+ 19 Ҳамчунин, вақте Худо ба одам сарвату дороӣ ато мекунаду ба ӯ ихтиёр медиҳад,+ ки аз он баҳра барад, ӯ бояд мукофоти худро бигираду аз заҳмати худ хурсандӣ кунад. Ин атои Худост.+ 20 Он шахс гузашти умрро пай нахоҳад бурд, зеро Худо дилашро саргарми шодӣ месозад.+