Корнома
14 Дар Иқуния онҳо якҷоя ба ибодатхонаи яҳудиён даромаданд ва тавре сухан гуфтанд, ки одамони зиёде, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, имон оварданд. 2 Вале яҳудиёне, ки имон наоварданд, ғайрияҳудиёнро аз роҳ зада, бар зидди бародарон шӯр андохтанд.+ 3 Павлусу Барнаббо муддати зиёде дар он ҷо монда, бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд. Худо ба воситаи онҳо аломату муъҷизаҳо карда, дар бораи лутфу марҳамати худ шаҳодат медод.+ 4 Он вақт одамони шаҳр ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: баъзеҳо тарафдори яҳудиён буданду дигарон тарафдори расулон. 5 Вақте ки ғайрияҳудиён бо яҳудиёну сарваронашон забон як карданд, ки Павлусу Барнабборо шармандаву сангсор кунанд,+ 6 онҳо аз ин хабардор шуда гурехтанд ва ба Лустраву Дарба, ки шаҳрҳои Лекония буданд, ва ба маҳаллҳои гирду атрофи он шаҳрҳо рафтанд.+ 7 Дар он ҷо низ онҳо хушхабарро эълон мекарданд.
8 Дар Лустра марде буд, ки роҳ рафта наметавонист. Вай шали модарзод буда, дар умраш роҳ нагашта буд. 9 Он мард нишаста, ба суханони Павлус гӯш медод. Вақте Павлус ба вай бодиққат нигоҳ кард ва дид, ки ӯ имон овардаасту бовар дорад, ки шифо меёбад,+ 10 бо овози баланд гуфт: «Бар пойҳоят рост ист». Он гоҳ мард ҷаҳида аз ҷой хест ва роҳ рафтан гирифт.+ 11 Вақте ки мардум ин кори Павлусро диданд, ба забони леконӣ фарёд зада гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фаромаданд!»+ 12 Онҳо Барнабборо Зевс номиданду Павлусро Ҳермес, чунки ӯ бисёртар сухан мегуфт. 13 Коҳини Зевс, ки ибодатгоҳаш назди даромадгоҳи шаҳр буд, буққаҳо ва тоҷҳои бофтаро назди дарвоза овард ва хост, ки якҷоя бо мардум ба Павлусу Барнаббо қурбонӣ орад.
14 Аммо, вақте расулон, Барнаббо ва Павлус, инро шуниданд, либосҳояшонро дарронданд ва бошаст ба байни мардум даромаданду фарёд заданд: 15 «Эй мардум, чаро шумо чунин мекунед? Охир, мо низ мисли шумо одамони гуноҳкорем.+ Мо ба шумо хушхабарро мерасонем, то аз ин чизҳои беҳуда рӯ гардонда, ба Худои зинда рӯ оред, Худое, ки осмон, замин, баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост, офаридааст.+ 16 Дар гузашта Худо ҳамаи халқҳоро ба ҳоли худ гузошта буд,+ 17 ҳарчанд бо некиҳояш дар бораи худ пайваста шаҳодат медод:+ ӯ ба шумо аз осмон борон меборонд ва фаслҳои серҳосил мебахшид,+ ба шумо рӯзӣ медод ва дилҳоятонро лабрези шодӣ мекард».+ 18 Онҳо бо ин суханон мардумро базӯр аз қурбонӣ овардан боздоштанд.
19 Дар ин миён аз Антиохия ва Иқуния яҳудиён омада, мардумро аз роҳ заданд+ ва Павлусро сангсор карда, бо гумони он ки мурдааст, ба беруни шаҳр бароварда, партофтанд.+ 20 Аммо, вақте ки шогирдон дар гирди вай ҷамъ омаданд, ӯ аз ҷояш хеста, боз ба шаҳр даромад. Рӯзи дигар ӯ бо Барнаббо он ҷоро тарк карда, ба Дарба+ рафт. 21 Пас аз он ки онҳо дар он шаҳр хушхабарро эълон карданд ва шогирдони зиёде тайёр намуданд, ба Лустра, Иқуния ва Антиохия баргаштанд. 22 Дар он ҷо Павлусу Барнаббо дилҳои шогирдонро қувват бахшида,+ насиҳат карданд, ки дар имон устувор монанд, ва гуфтанд: «Мо бояд азобҳои бисёреро паси сар карда, ба Подшоҳии Худо дароем».+ 23 Онҳо ҳамчунин рӯза доштаву дуо гуфта,+ дар ҳар ҷамоат пиронро таъйин намуданд+ ва онҳоро ба паноҳи Яҳува, ки ба ӯ имон оварда буданд, супурданд.
24 Сипас Павлусу Барнаббо аз Писидия гузашта, ба Памфилия+ омаданд 25 ва, пас аз он ки каломро дар Пирҷа паҳн карданд, ба Аттолия фаромаданд. 26 Дар он ҷо онҳо ба киштӣ нишаста, ба Антиохия рафтанд, ба ҳамон ҷое, ки Худо ба онҳо лутфу марҳамат карда, кореро супорид, ки ҳоло ба охир расониданд.+
27 Вақте ки онҳо ба он ҷо расиданд ва аҳли ҷамоатро ҷамъ оварданд, дар бораи бисёр чизҳое, ки Худо ба воситаи онҳо карда буд, ва дар бораи он ки ӯ ба дигар халқҳо барои имон овардан роҳ кушод, нақл карданд.+ 28 Онҳо муддати зиёде бо шогирдон монданд.