Юҳанно
15 Ман токи ҳақиқияму Падарам боғбон аст. 2 Ӯ ҳар навдаеро, ки дар ман асту мева намеорад, бурида мепартояд ва ҳар навдаеро, ки мева меорад, тоза мекунад, то он боз ҳам бештар мева орад.+ 3 Шумо ба воситаи сухане, ки ба шумо гуфтаам, аллакай тоза ҳастед.+ 4 Бо ман якдил бошед ва ман бо шумо якдил хоҳам буд. Чи тавре ки навда ҷудо аз ток, худ аз худ, мева намеорад, ҳамон тавр шумо низ, агар бо ман якдил набошед, мева оварда наметавонед.+ 5 Ман токаму шумо навдаҳои манед. Ҳар кӣ бо ман якдилу якҷон асту ман бо ӯ, меваи бисёр меорад.+ Шумо бе ман ҳеҷ коре карда наметавонед. 6 Ҳар кӣ бо ман якдил нест, мисли навдаи буридаву хушкшуда мешавад. Одамон чунин навдаҳоро чида, ба оташ мепартоянду месӯзонанд. 7 Агар бо ман якдил бошед ва гуфтаҳоямро дар дил нигоҳ доред, ҳар чӣ хоҳед, биталабед ва он ба шумо дода мешавад.+ 8 Падари ман ҳамон вақт ҷалол меёбад, ки шумо меваи бисёр оред ва шогирдони ман бошед.+ 9 Чуноне ки Падар маро дӯст медорад,+ ман низ шуморо дӯст медорам; пас, дар муҳаббати ман бимонед. 10 Агар амрҳои маро риоя кунед, дар муҳаббати ман мемонед, чуноне ки ман амрҳои Падарро риоя мекунам ва дар муҳаббати ӯ мемонам.
11 Ман ин суханонро ба шумо гуфтам, то шумо низ он хурсандиеро, ки ман дорам, дошта бошед ва хурсандии шумо пурра гардад.+ 12 Амри ман ин аст: чуноне ки ман шуморо дӯст медорам, шумо низ якдигарро дӯст доред.+ 13 Муҳаббати бузургтар аз ин нест, ки касе ҷонашро барои дӯстонаш фидо кунад.+ 14 Агар шумо амри маро иҷро кунед, дӯстони ман мешавед.+ 15 Ман дигар шуморо ғулом наменомам, зеро ғулом намедонад, ки хӯҷаинаш бо чӣ кор машғул аст. Балки шуморо дӯст меномам, зеро тамоми чизҳоеро, ки аз Падар шунидаам, ба шумо маълум сохтам. 16 Шумо маро интихоб накардаед, балки ман шуморо интихоб кардаам ва таъйин намудаам, то биравед ва мевае оред, ки боқӣ мемонад, ва ҳар он чӣ ба номи ман аз Падар талаб кунед, ӯ ба шумо медиҳад.+
17 Ин чизҳоро ба шумо амр медиҳам, то ки якдигарро дӯст доред.+ 18 Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз ин аз ман нафрат кардааст.+ 19 Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо дӯст медошт. Лекин, азбаски шумо аз ҷаҳон нестед,+ балки ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб кардаам, ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.+ 20 Он чиро, ки ман ба шумо гуфта будам, дар хотир нигоҳ доред: ғулом аз хӯҷаинаш бузургтар нест. Агар маро озор дода бошанд, шуморо низ озор медиҳанд,+ ҳамчунин, агар суханони маро ба ҷо оварда бошанд, суханони шуморо низ ба ҷо меоранд. 21 Вале ҳамаи инро аз барои номи ман ба шумо хоҳанд кард, зеро Фиристандаи маро намешиносанд.+ 22 Агар ман намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд,+ аммо ҳоло ҳеҷ чиз гуноҳашонро сафед карда наметавонад.+ 23 Ҳар кӣ аз ман нафрат кунад, аз Падарам низ нафрат мекунад.+ 24 Агар ман дар миёни онҳо корҳоеро, ки ҳаргиз касе накарда буд, ба амал намеовардам, онҳо гуноҳе намедоштанд,+ вале ҳоло, бо вуҷуди он ки маро дидаанд, ҳам аз ман ва ҳам аз Падарам нафрат карданд. 25 Аммо ин ба амал омад, то сухане, ки дар Шариаташон навишта шудаааст, иҷро гардад: “Онҳо бесабаб маро бад диданд”.+ 26 Вақте ба шумо аз ҷониби Падар мададгор, яъне рӯҳи ростиро,+ ки аз Падар бармеояд, бифиристам, ӯ омада, дар бораи ман шаҳодат медиҳад;+ 27 он гоҳ шумо низ, ки аз аввал бо ман будед, бояд шаҳодат диҳед.+