Забур
Суруди мотами Довуд, ки ба Яҳува дар бораи суханони Куши бинёминӣ сароида буд.
2 Вагарна маро мисли шерон пора-пора мекунанд,+
Маро кашола карда мебаранд
Ва халосгаре ёфт намешавад.
3 Эй Худоям Яҳува, агар хатое карда бошам,
Ё беинсофӣ карда бошам,
4 Агар дар ивази некӣ бадӣ карда бошам,+
Ё душманамро бесабаб ғорат карда бошам*,
5 Пас, бигзор душманам маро дунболагирӣ карда, дастгир намояд,
Бигзор маро поймол кунад
Ва дар хоки замин хору зор ҷон диҳам. (Село)
6 Бо хашму ғазаб бархез, эй Яҳува,
Бар зидди бадхашмии душманонам баро,+
Ба ёриам бархез ва амр фармо, ки адолат ба ҷо оварда шавад.+
7 Бигзор халқҳо гирди ту ҷамъ оянд
Ва ту аз тахти баландат бар зидди онҳо мебароӣ.
8 Яҳува ба қавмҳо ҳукмашро эълон мекунад.+
Эй Яҳува, маро аз рӯйи росткориам доварӣ намо
Ва аз рӯйи беайбиам ҳукм кун.+
10 Худо сипари ман+ ва халосгари софдилон аст.+
11 Худо Довари одил аст,+
Ӯ ҳар рӯз ҳукм мебарорад.
13 Ӯ аслиҳаи марговарашро омода месозад
Ва тирҳои тафсонашро тайёр мекунад.+
14 Бингар ба касе, ки бо бадӣ бордор шудааст,
Бо бало ҳомила гардида, дурӯғ мезояд.+
15 Заминро кофта, онро чуқур меканад,
Вале ба чоҳи кандааш худаш меафтад.+
16 Балоҳои овардааш бар сари худаш баргашта меоянд.+
Ситами кардааш ба фарқи сараш мерезад.