Луқо
1 Бисёриҳо кӯшиш карданд воқеаҳоеро, ки мо ба онҳо боварии комил дорем, ба қалам оранд,+ 2 ҳамчунин касоне, ки аз аввал шоҳиди ин воқеаҳо буданду хабари Худоро эълон мекарданд,+ он рӯйдодҳоро ба мо нақл карданд.+ 3 Бинобар ин ман ҳам, эй Теофилуси+ муҳтарам, (азбаски ҳама чиро аз аввал бодиққат тадқиқ карда, маълумоти аниқ ҷамъ овардам) қарор додам, ки бо тартиб дар бораи ин воқеаҳо ба ту нависам, 4 то бидонӣ, ки он чизҳое, ки ту шунида таълим гирифтаӣ, ҳақ асту рост.+
5 Дар рӯзҳои Ҳиродус*,+ подшоҳи Яҳудия, Закарё ном коҳине* зиндагӣ мекард, ки аз гурӯҳи Абиё+ буд. Зани ӯ аз авлоди Ҳорун буд ва Элисобаъ ном дошт. 6 Ин зану шавҳар дар назари Худо росткору беайб буданд, чунки аз рӯйи тамоми амру қонунҳои Яҳува мезистанд. 7 Вале онҳо фарзанд надоштанд, чунки Элисобаъ нозой буд ва ҳар ду ба пиронсолӣ расида буданд.
8 Боре, вақте ки навбати гурӯҳи Закарё буд ва ӯ хизмати коҳинии худро пеши Худо ба ҷо меовард,+ 9 мувофиқи расми коҳинон интихоб ба ӯ афтод, то ба муқаддасгоҳи Яҳува+ даромада, бухурро сӯзонад.+ 10 Тамоми мардум ин вақт дар берун истода, дуо мегуфт. 11 Ногаҳон дар пеши Закарё, аз тарафи рости қурбонгоҳи бухурсӯзӣ, фариштаи Яҳува пайдо шуд. 12 Закарё инро дида дасту по гум кард ва тамоми вуҷудашро тарс фаро гирифт. 13 Вале фаришта ба ӯ гуфт: «Натарс, эй Закарё, чунки Худо зориву илтиҷои туро шунид: занат Элисобаъ писаре таваллуд мекунад ва ту номи ӯро Яҳё мемонӣ.+ 14 Ту шодиву хурсандии бузурге меёбӣ ва бисёриҳо аз зода шудани ӯ хушҳол мегарданд,+ 15 чунки ӯ дар назари Яҳува бузург мешавад.+ Вале ӯ набояд шароб ё арақро ба даҳон гирад.+ Вай аз шиками модар аз рӯҳи муқаддас пур мегардад+ 16 ва бисёре аз писарони Исроилро сӯйи Худояшон Яҳува бармегардонад.+ 17 Худо писари туро пешопеши худ бо рӯҳ ва қувваи Илёс мефиристад,+ то дилҳои падаронро чун дилҳои фарзандон гардонаду*+ беитоатонро сӯйи хиради росткорон роҳнамоӣ кунад ва барои Яҳува халқи омодаеро пешкаш кунад».+
18 Закарё ба фаришта гуфт: «Наход? Охир, ман пир ҳастам ва занам низ ба пиронсолӣ расидааст». 19 Фаришта дар ҷавоб гуфт: «Ман Ҷабраил+ ҳастам, ки пеши Худо меистам,+ ва наздат фиристода шудаам, то бо ту сухан гӯям ва ин хабари хушро ба ту бирасонам. 20 Вале ту то рӯзи ба амал омадани ин суханон аз гап мемонӣ, чунки ба гуфтаҳои ман, ки дар вақти худ иҷро мешаванд, бовар накардӣ». 21 Дар он муддат мардум Закарёро интизор шуда меистоданд ва ҳайрон буданд, ки чаро ӯ аз муқаддасгоҳ ин қадар дер баромада истодааст. 22 Вақте ӯ берун омад, гап зада натавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар муқаддасгоҳ чизи ғайриодиеро* дидааст. Закарё ба онҳо имову ишора мекард, зеро аз гап монда буд. 23 Ҳангоме ки рӯзҳои хизмати муқаддасаш ба охир расид, ӯ ба хонааш рафт.
24 Пас аз чанде Элисобаъ ҳомиладор шуд ва панҷ моҳ аз хона набаромад. Ӯ чунин мегуфт: 25 «Яҳува ба ман назар андохт, то дигар дар пеши мардум шарманда набошам».+
26 Дар моҳи шашуми ҳомиладории ӯ Худо Ҷабраили+ фариштаро ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристод, 27 ба назди бокирае,+ ки бо Юсуф ном марде аз хонадони Довуд номзад шуда буд ва Марям+ ном дошт. 28 Фаришта назди ӯ омада, гуфт: «Салом, эй Марям! Яҳува аз ту розист ва ӯ бо туст». 29 Вале Марям аз шунидани ин суханон худашро гум кард ва дар фикр афтод, ки ин салом чӣ маъно дошта бошад. 30 Он гоҳ фаришта ба ӯ гуфт: «Натарс, эй Марям, зеро ту розигии Худоро ба даст овардаӣ. 31 Ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ+ ва номашро Исо мемонӣ.+ 32 Ӯ бузург мегардад+ ва Писари Худои* Таоло номида мешавад.+ Яҳува Худо ба ӯ тахти падараш Довудро медиҳад+ 33 ва ӯ бар хонадони Яъқуб абадан Подшоҳ мегардаду Подшоҳияш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».+
34 Лекин Марям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ тавр мешавад? Охир, ман ҳоло шавҳар накардаам*».+ 35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи муқаддас бар ту мефарояд+ ва қудрати Худои Таоло бар ту соя мекунад. Аз ин сабаб кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас+ ва Писари Худо*+ номида мешавад. 36 Инак, хешат Элисобаъ низ, ки мардум ӯро нозой меномиданд, дар пирияш ҳомиладор шуда, дар қадаш писар дорад ва ҳоло моҳи шашуми ӯст, 37 охир, чизе нест, ки аз дасти Худо наояд*».+ 38 Он гоҳ Марям гуфт: «Ман канизи Яҳува ҳастам. Бигзор бо ман аз рӯйи гуфти ту шавад». Сипас фаришта аз пеши ӯ рафт.
39 Баъд аз ин Марям шитобон ба кӯҳистон, ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо, равона шуд. 40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, ба Элисобаъ салом дод. 41 Ҳамин ки Элисобаъ саломи Марямро шунид, кӯдак дар шикамаш ба ҷунбиш омад ва Элисобаъ аз рӯҳи муқаддас пур шуда, 42 бо овози баланд нидо кард: «Худо дар миёни занон ба ту ва фарзандат назари нек кардааст! 43 Модари Ҳазратам пешам омаду сарам ба осмон расид! 44 Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, кӯдаки шикамам аз хурсандӣ якбора ҷунбид. 45 Чӣ хушбахт аст зане, ки имон овардааст, ҳар сухане, ки Яҳува ба вай гуфтааст, як ба як иҷро мешавад».
46 Он гоҳ Марям гуфт: «Ҷонам садқаи Яҳува!+ 47 Худои Наҷотбахшам+ диламро лабрези шодӣ кардааст, 48 охир, ӯ ба канизи ночизаш назар кардааст!+ Минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт меноманд,+ 49 чунки Худои Қодир барои ман корҳои бузург кардааст. Номи ӯ пок аст,+ 50 ӯ ба тарсгорони худ аз насл ба насл раҳму шафқат мекунад.+ 51 Ӯ бо дасти худ корҳои бузург ба амал овард, ҳавобаландонро пароканда кард,+ 52 соҳибқудратонро аз тахт ба зер афканд+ ва одамони одии ночизро сарбаланд гардонд.+ 53 Ӯ гушнагонро аз неъматҳо сер кард+ ва сарватдоронро дасти холӣ фиристод. 54 Ӯ ба бандааш Исроил дасти ёрӣ дароз кард, то, ҳамон тавре ки ба бобоёнамон гуфта буд, нишон диҳад, ки ваъдаашро дар хотир дорад.+ 55 Ӯ ваъда дода буд, ки ба Иброҳиму наслаш+ ҳамеша раҳму шафқат мекунад». 56 Марям қариб се моҳ дар назди Элисобаъ буд ва баъд ба хонааш баргашт.
57 Чун вақти зоидани Элисобаъ расид, ӯ писаре ба дунё овард. 58 Ҳамсояҳову хешу табораш шуниданд, ки Яҳува ба ӯ раҳму шафқати бузурге кардааст, ва ба шодии ӯ шарик шуданд.+ 59 Дар рӯзи ҳаштум онҳо барои хатна кардани кӯдак омаданд+ ва ӯро ба номи падараш Закарё номиданӣ шуданд. 60 Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯро Яҳё мемонем». 61 Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту ҳеҷ кас ин хел ном надорад». 62 Он гоҳ бо имову ишора аз падараш пурсиданд, ки ӯ ба кӯдак чӣ ном мондан мехоҳад. 63 Закарё тахтачае пурсида, дар он навишт: «Номи ӯ Яҳёст»,+ ва ҳама аз ин ҳайрон шуданд. 64 Ҳамон лаҳза забони Закарё кушода шуд ва ӯ ба гап даромада,+ Худоро ҳамду сано хонд. 65 Ҳамаи касонеро, ки дар гирду атрофи онҳо зиндагӣ мекарданд, тарс фаро гирифт ва дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия одамон дар ин бора гап мезаданд. 66 Ҳар касе, ки дар ин бора мешунид, он суханонро дар дили худ нигоҳ медошт ва мегуфт: «Ин кӯдак кӣ мешуда бошад?», зеро равшан буд, ки дасти Яҳува бо ӯст.
67 Он гоҳ Закарё, падари кӯдак, аз рӯҳи муқаддас пур гашт ва пешгӯйӣ карда гуфт: 68 «Садқаи номи Яҳува, Худои Исроил,+ шавам, чунки ӯ ба халқаш назар карда, ба онҳо халосӣ ато намудааст.+ 69 Ӯ барои мо дар хонадони бандааш Довуд+ шохи наҷотро баланд кардааст*,+ 70 чуноне ки аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддасаш гуфта буд.+ 71 Ӯ гуфта буд, ки моро аз дасти ҳама душманону бадбинонамон наҷот медиҳад+ 72 ва ба хотири ваъдае, ки ба бобоёнамон додааст, ба мо раҳму шафқат мекунаду аҳди муқаддасашро ба хотир меорад+ — 73 ин ҳамон қасамест, ки ӯ ба бобоямон Иброҳим хӯрда буд.+ 74 Мувофиқи ин қасам Худо, баъд аз он ки моро аз дасти душманон халос кунад, имкон медиҳад, ки тамоми умр бе тарсу ҳарос 75 ва бо росткориву вафо хизмати муқаддасашро ба ҷо орем. 76 Ту бошӣ, эй писар, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ, зеро Яҳува туро пешопеши худ мефиристад, то барои ӯ роҳ тайёр кунӣ+ 77 ва ба халқаш эълон намоӣ, ки ӯ гуноҳи онҳоро мебахшаду наҷоташон медиҳад,+ 78 зеро Худои мо дилсӯзу ҳамдард аст. Аз дилсӯзиву ҳамдардии ӯ нури саҳар аз осмон ба мо намудор мешавад, 79 то ба онҳое, ки дар торикӣ ва сояи марг нишастаанд,+ равшанӣ намояд ва қадамҳои моро дар раҳи осоиштагӣ ҳидоят кунад».
80 Он кӯдак калон мешуд ва марди пухтаву қавиирода мегашт* ва ӯ, то рӯзе ки худро ба халқи Исроил маълум сохт, дар биёбон зиндагӣ мекард.