Корнома
8 Шоул бошад, аз кушта шудани Истефанус розӣ буд.+
Баъд аз ин ҷамоати Ерусалим бо озору ҷафои сахте рӯ ба рӯ шуд ва ҳамаи шогирдон, ғайр аз расулон, дар саросари Яҳудия ва Сомария пароканда гаштанд.+ 2 Мардуми худотарс Истефанусро бурда, дафн карданд ва барои ӯ мотами азиме гирифтанд. 3 Шоул бошад, бар аҳли ҷамоат ҷабру ҷафо мекард. Ӯ ба хонаҳояшон зада медаромад ва ҳам зану ҳам мардро кашола карда мебароварду ба зиндон мепартофт.+
4 Дар ин миён шогирдоне, ки пароканда шуданд, ба ҳар ҷое мерафтанд, хушхабари каломро паҳн мекарданд.+ 5 Он вақт Филиппус ба шаҳри* Сомария+ рафта, ба мардуми он ҷо дар бораи Масеҳ эълон кардан гирифт. 6 Мардум аломатҳоеро, ки Филиппус ба амал меовард, дида ва суханонашро шунида, ба вай диққат медод. 7 Дар он ҷо одамони бисёр рӯҳи нопок доштанд ва ин рӯҳҳо бо овози баланд фарёд зада аз онҳо мебаромаданд.+ Беш аз ин, бисёр касони шал ва ланг шифо меёфтанд. 8 Аз ин рӯ дар он шаҳр хурсандии бузурге ҳукмфармо буд.
9 Дар он ҷо Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард. Ӯ пештар бо сеҳру ҷоду машғул буда, мардуми Сомарияро ба ҳайрат меовард ва даъвои бузургӣ мекард. 10 Ҳама, аз хурд то калон, ӯро гӯш мекарданд ва мегуфтанд: «Ин шахс Қудрати илоҳисту Бузург ном дорад». 11 Мардум ба Шимъӯн гӯш медоданд, чунки ӯ муддати зиёде онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард. 12 Аммо, вақте онҳо ба суханони Филиппус, ки хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо+ ва дар бораи номи Исои Масеҳ эълон мекард, имон оварданд, ҳам занону ҳам мардон таъмид гирифтанд*.+ 13 Шимъӯн ҳам имон овард ва баъди таъмид гирифтанаш ҳамеша ҳамроҳи Филиппус+ буду аз дидани аломатҳову муъҷизаҳои бузург ба ҳайрат меомад.
14 Вақте расулон дар Ерусалим шуниданд, ки сокинони Сомария каломи Худоро қабул кардаанд,+ назди онҳо Петрусу Юҳанноро фиристоданд. 15 Петрусу Юҳанно ба он ҷо рафта, дуо гуфтанд, то ба онҳо рӯҳи муқаддас дода шавад,+ 16 зеро онҳо ба номи Ҳазрати Исо таъмид гирифта бошанд ҳам, рӯҳи муқаддас то ҳол ба ҳеҷ кадомашон фурӯ нарехта буд.+ 17 Петрусу Юҳанно бар онҳо даст гузоштанд+ ва онҳо рӯҳи муқаддас гирифтанд.
18 Вақте Шимъӯн дид, ки бо дастгузории расулон рӯҳи муқаддас дода мешавад, ба онҳо пул пешкаш карда, 19 гуфт: «Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед, то ба ҳар кӣ даст гузорам, ба вай рӯҳи муқаддас дода шавад». 20 Аммо Петрус ба ӯ гуфт: «Пулат аз сарат монад! Гумон кардӣ, ки бо пул атои Худоро ба даст меорӣ?!+ 21 Ту дар ин кор ҳиссае надорӣ, чунки дилат дар назари Худо соф нест. 22 Тавба куну аз роҳи бадат гард. Аз Яҳува илтиҷо кун, ки дилу нияти бадатро бахшад, 23 зеро мебинам, ки ту заҳри талху* ғуломи бадкорӣ ҳастӣ». 24 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Илтимос, шумо барои ман аз Яҳува илтиҷо кунед, то ҳеҷ як чизи гуфтаатон бо ман рӯй надиҳад».
25 Пас аз он ки онҳо як ба як шаҳодат дода аз каломи Яҳува гап заданд, боз сӯйи Ерусалим равона шуданд ва раҳораҳ хушхабарро дар бисёр деҳаҳои Сомария паҳн карданд.+
26 Ба Филиппус бошад, фариштаи+ Яҳува гуфт: «Бархез, ба ҷануб, сӯйи роҳе, ки аз Ерусалим ба Ғазза мебарад, равона шав». (Ин роҳ дар биёбон аст). 27 Ӯ бархесту равона шуд. Бо ин роҳ хоҷасарои ҳабашие мерафт, ки дар дарбори кандока*, маликаи Ҳабашистон, хазинадор ва соҳибқудрат буд. Ӯ ба Ерусалим барои ибодат омада буду+ 28 ҳоло ба хона бармегашт. Он мард дар аробааш нишаста, китоби пайғамбар Ишаъёро бо овоз мехонд. 29 Рӯҳи муқаддас ба Филиппус гуфт: «Ба ин ароба расида, онро ҳамроҳӣ кун». 30 Вақте ки Филиппус ба ароба наздик шуду баробараш давидан гирифт, шунид, ки ӯ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад, ва ба вай гуфт: «Мефаҳмӣ, ки чӣ хонда истодаӣ?» 31 Ӯ гуфт: «Ягон кас нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Баъд ӯ аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шавад. 32 Порчае, ки ӯ аз Навиштаҳо мехонд, чунин буд: «Мисли гӯсфанде ӯро ба куштан бурданд ва, чуноне ки барра назди пашмтарош хомӯш аст, ӯ низ даҳони худро накушод.+ 33 Ӯро паст заданд ва аз рӯйи адолат доварӣ накарданд.+ Кӣ аз аслу насаби ӯ хабар медиҳад? Охир, ӯро аз ҳаёташ дар рӯйи замин маҳрум карданд».+
34 Хоҷасарои ҳабашӣ аз Филиппус пурсид: «Илтимос, ба ман бигӯ: пайғамбар инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Дар бораи худаш ё дар бораи каси дигаре?» 35 Филиппус аз ҳамон ҷойи Навиштаҳо сар карда хушхабарро дар бораи Исо ба ӯ расонд. 36 Онҳо роҳро давом дода, ба ҷое расиданд, ки об дошт, ва он мард гуфт: «Ана об, чӣ ба таъмид гирифтанам халал мерасонад?» 37 *—— 38 Он гоҳ ӯ фармон дод, ки аробаро нигоҳ доранд, ва ҳар дуяшон, Филиппус ва ҳабашӣ, ба об даромаданду Филиппус ӯро таъмид дод. 39 Вақте ки онҳо аз об баромаданд, рӯҳи Яҳува дарҳол Филиппусро аз он ҷо бурд ва хоҷасарои ҳабашӣ хурсандона роҳи худро давом дод. Баъди ин ӯ Филиппусро дигар надид. 40 Филиппус бошад, ба шаҳри Ашдӯд омад ва то ба Қайсария+ расиданаш дар ҳамаи шаҳрҳо хушхабарро эълон кардан гирифт.