Корнома
11 Расулон ва бародарони Яҳудия шуниданд, ки халқҳои дигар низ каломи Худоро қабул карданд. 2 Вақте Петрус ба Ерусалим омад, тарафдорони хатна+ ӯро танқид карда* 3 гуфтанд: «Ту ба хонаи бехатнагон даромада, бо онҳо хӯрок хӯрдӣ». 4 Он гоҳ Петрус ба онҳо ҳамаашро батафсил фаҳмонда гуфт:
5 «Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ки, ногаҳон рӯъёе дидам: чизе* монанди дастархони калони катонӣ, ки аз чор гӯшааш овезон буд, аз осмон рост ба пеши ман фаромад.+ 6 Бодиққат нигоҳ карда бинам, дар он ҳар гуна чорпоён, ҳайвонҳои ваҳшӣ, хазандагон ва парандагони осмон буданд. 7 Сипас овозеро шунидам, ки ба ман гуфт: “Эй Петрус, бархез ва бикушу бихӯр!” 8 Аммо ман гуфтам: “Ҳаргиз, тақсирам, зеро ман ҳеҷ гоҳ чизи ҳаром ё нопокро ба даҳон нагирифтаам”. 9 Бори дуюм низ овоз аз осмон ба ман гуфт: “Минбаъд он чизеро, ки Худо пок гардонидааст, ҳаром нагӯй”. 10 Пас аз он ки овоз бори сеюм садо дод, ҳама чиз ба осмон бароварда шуд. 11 Ҳамон лаҳза ба хонае, ки мо дар он меистодем, се марде омаданд, ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд.+ 12 Он гоҳ рӯҳ ба ман гуфт, ки бе дудилагӣ бо онҳо равона шавам. Ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман ба роҳ баромаданд ва мо ба хонаи он мард омадем.
13 Ӯ ба мо нақл кард, ки чӣ тавр фаришта дар хонааш ба вай намудор шуда, гуфт: “Ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки ҳамчунин Петрус ном дорад, даъват намо+ 14 ва ӯ ба ту мегӯяд, ки чӣ тавр ту бо аҳли хонаводаат наҷот ёфта метавонӣ”. 15 Вақте ки ман ба сухан гуфтан сар кардам, бар ҳамаи онҳое, ки каломи Худоро мешуниданд, рӯҳи муқаддас фурӯ рехт, чи хеле ки дар аввал бар мо низ фурӯ рехта буд.+ 16 Он гоҳ суханони Ҳазратамон ба ёдам омад, ки мегуфт: “Яҳё бо об таъмид медод*,+ вале шумо бо рӯҳи муқаддас таъмид хоҳед ёфт”.+ 17 Мо ба Ҳазратамон Исои Масеҳ имон овардем ва Худо ба мо рӯҳи муқаддасро ато кард; ҳоло ӯ ин аторо ба онҳо низ додааст. Пас, ман кистам, ки ба Худо зид бароям?»+
18 Вақте онҳо суханони Петрусро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҷалол дода гуфтанд: «Пас, Худо ба халқҳои дигар низ дари тавбаву наҷотро боз кардааст».+
19 Онҳое, ки баъди кушта шудани Истефанус бо озору ҷафо рӯ ба рӯ гашта пароканда шуданд,+ то Финиқия, Кипр ва Антиохия рафтанд, вале каломи Худоро танҳо ба яҳудиён мерасонданд.+ 20 Аммо баъзеи онҳо, ки аз Кипр ва Қурин буданд, ба Антиохия омада, хушхабарро дар бораи Ҳазратамон Исо ба мардуми юнонизабон расонданд. 21 Дасти Яҳува бо онҳо буд ва бисёр одамон ба Ҳазрат имон оварда, пайрави ӯ шуданд.+
22 Ин хабар ба гӯши ҷамоати Ерусалим расид ва онҳо Барнабборо+ ба Антиохия фиристоданд. 23 Вақте ки Барнаббо ба он ҷо омада, лутфу марҳамати Худоро дид, хурсанд шуд ва ҳамаи онҳоро насиҳат кард, ки бо азми қавӣ ба Ҳазратамон содиқ монанд.+ 24 Барнаббо одами нек ва пур аз рӯҳи муқаддасу имон буд. Он вақт мардуми бисёре ба Ҳазратамон имон оварданд.+ 25 Пас аз ин ӯ ба ҷустуҷӯйи Шоул ба Тарсус рафт.+ 26 Вақте Барнаббо Шоулро ёфт, ӯро ҳамроҳи худ ба Антиохия бурд. Онҳо як соли пурра бо аҳли ҷамоат ҷамъ шуда, мардуми бисёреро таълим медоданд. Маҳз дар Антиохия шогирдон аввалин бор бо роҳнамоии Худо масеҳӣ номида шуданд.+
27 Дар он рӯзҳо аз Ерусалим ба Антиохия пайғамбарон+ омаданд. 28 Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт,+ аз ҷой хеста, ба воситаи рӯҳ пешгӯйӣ кард, ки дар тамоми сарзамин гушнагии сахте мешавад,+ ва ин, ҳақиқатан ҳам, дар рӯзҳои қайсар* Клавдиюс рӯй дод. 29 Он гоҳ шогирдон қарор карданд, ки ҳар кас аз рӯйи тавони худ+ ба бародарони Яҳудия кумак расонад.+ 30 Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд ва он чиро, ки ҷамъ оварданд, ба воситаи Барнаббову Шоул ба пирони он ҷо фиристоданд.+