1 Мӯсо
9 Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода гуфт: «Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед.+ 2 Минбаъд низ тамоми ҷонзоди рӯйи замин, тамоми парандагони осмон, ҳар он чӣ дар замин ҳаракат мекунад ва тамоми моҳиёни баҳр аз шумо тарсу ҳарос хоҳанд дошт. Онҳоро ба дасти шумо месупорам*.+ 3 Ҳар ҷонвари зиндаеро, ки ҳаракат мекунад, чун хӯрок ба шумо медиҳам, чи хеле ки алафи сабзро низ дода будам.+ 4 Фақат гӯштро бо хун,+ ки ҷони он аст, нахӯред.+ 5 Аз ҳар ҷонзоде, ки хуни шуморо мерезад, ман хунатонро талаб мекунам: агар ҳайвоне хуни шуморо резад, ӯ бояд бимирад ва, агар одам хуни шуморо резад, ман ӯро барои хуни бародараш ба ҷавобгарӣ мекашам.+ 6 Одам ба сурати Худо офарида шудааст,+ пас, ҳар кӣ хуни касеро резад, хуни худаш низ рехта мешавад.+ 7 Шумо бошед, серфарзанду сершумор шавед ва бешумор гардида заминро пур кунед».+
8 Баъд Худо ба Нӯҳ ва писаронаш, ки бо ӯ буданд, гуфт: 9 «Инак, ман бо шумо ва бо наслатон аҳд мебандам.+ 10 Ман ҳамчунин бо ҳар ҷонваре, ки бо шумо аз киштӣ баромадааст — бо парандагон, ҳайвонҳои хонагиву ваҳшӣ ва бо тамоми ҷонварони рӯйи замин аҳд мебандам.+ 11 Ман бо шумо аҳд мебандам, ки дигар ҳеҷ гоҳ обҳои тӯфон тамоми ҷони зиндаро несту нобуд намекунад ва дигар ҳеҷ гоҳ заминро бо тӯфон нобуд намесозам».+
12 Худо боз чунин гуфт: «Ин аст аломати аҳде, ки ман бо шумо ва тамоми ҷонзоде, ки бо шумост, аз насл ба насл, то абад, мебандам: 13 ман тирукамони худро дар абр мегузорам ва он аломати аҳде мешавад, ки ман бо замин бастаам. 14 Ҳар боре ки ман бар замин абр равона кунам, дар он тирукамон пайдо мешавад 15 ва ман ҳатман аҳдеро, ки бо шумо ва ҳар навъ ҷонзод бастаам, ба хотир меорам ва дигар ҳеҷ гоҳ барои нест кардани тамоми ҷони зинда тӯфон намеорам.+ 16 Чун тирукамон дар абр пайдо шавад, ман ҳатман онро мебинам ва он аҳди ҷовидониро, ки бо ҳар навъ ҷонзоди рӯйи замин бастаам, ба хотир меорам».
17 Худо боз ба Нӯҳ гуфт: «Ин аст аломати аҳде, ки ман бо тамоми ҷонзоди рӯйи замин мебандам».+
18 Инҳоянд писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ баромаданд: Сом, Ҳом ва Ёфат.+ Ҳом баъдтар Канъонро+ ба дунё овард. 19 Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд ва тамоми аҳолии замин аз онҳо ба дунё омаданд ва рӯйи заминро пур карданд.+
20 Нӯҳ ба киштукори замин сар кард ва токзоре бунёд кард. 21 Вақте ӯ аз шароб нӯшид, маст шуд ва дар хаймаи худ танашро луч кард. 22 Ҳом, падари Канъон, бараҳнагии падарашро дид ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард. 23 Он гоҳ Сом ва Ёфат шолеро гирифта, ба китфи худ партофтанд ва пуштнокӣ рафта, ба хайма даромаданд. Онҳо бараҳнагии падарашонро пӯшониданд ва, азбаски рӯяшон ба ақиб гардонда шуда буд, бараҳнагии ӯро надиданд.
24 Вақте Нӯҳ ҳушёр шуда, фаҳмид, ки писари хурдиаш чӣ кор кард, 25 гуфт:
«Лаънат бар Канъон бод!+
Бигзор ӯ ғуломи пасттарини бародаронаш бошад*».+
26 Ӯ ҳамчунин илова кард:
«Яҳува, Худои Сомро, ҳамду сано бод.
Бигзор Канъон ғуломи Сом гардад.+
27 Худо ба Ёфат макони васее ато кунад
Ва ӯ дар хаймаҳои Сом сокин шавад.
Бигзор Канъон ба ӯ низ ғулом гардад».
28 Нӯҳ пас аз тӯфон 350 сол умр дид.+ 29 Нӯҳ ҳамагӣ 950 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.