1 Мӯсо
35 Баъди ин Худо ба Яъқуб гуфт: «Бархез ва ба Байт-Ил+ рав ва дар он ҷо зиндагӣ кун. Дар он ҷо барои Худо қурбонгоҳе бисоз, барои Худое, ки ҳангоми гурехтан аз дасти бародарат Эсов ба ту намудор шуда буд».+
2 Яъқуб ба аҳли хонаводааш ва ҳамаи онҳое, ки бо ӯ буданд, чунин гуфт: «Бутҳои худоёни бардурӯғро, ки дар миёни шумост, дур кунед,+ худро пок созед, либосатонро дигар кунед 3 ва биёед ба Байт-Ил равем. Ман дар он ҷо барои Худои ҳақиқӣ қурбонгоҳе месозам, барои Худое, ки дар рӯзи тангӣ ба зориҳоям ҷавоб доду ба ҳар ҷое ки мерафтам, бо ман буд».+ 4 Онҳо тамоми бутҳои худоҳои бегонаро ва ҳама гӯшворҳоеро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд ва ӯ онҳоро назди дарахти калоне, ки дар қарибии Шакем буд, зери хок кард.
5 Вақте онҳо дар роҳ буданд, тарси Худо шаҳрҳои гирду атрофро фаро гирифт ва ҳеҷ кас ба писарони Яъқуб ҳамла накард. 6 Оқибат Яъқуб ҳамроҳи ҳамаи онҳое, ки бо ӯ буданд, ба Луз,+ яъне Байт-Ил, ки дар замини Канъон аст, омад. 7 Дар он ҷо ӯ қурбонгоҳ сохт ва он ҷойро Ил-Байт-Ил* номид, зеро вақте аз дасти бародараш мегурехт, Худо дар он ҷо ба ӯ намудор шуда буд.+ 8 Баъдтар, вақте Дебӯро,+ дояи Ривқо, мурд, ӯро дар доманаи теппае, ки Байт-Ил дар он ҷойгир буд, зери дарахти булут, гӯронданд. Яъқуб номи он ҷойро Алӯн-Бокӯт* монд.
9 Вақте Яъқуб аз Фаддони Арам меомад, Худо боз ба ӯ намудор шуд ва ӯро баракат дод. 10 Худо ба ӯ гуфт: «Номи ту Яъқуб аст,+ аммо минбаъд туро Яъқуб неву Исроил хоҳанд номид». Ҳамин тавр Худо номи ӯро Исроил монд.+ 11 Боз Худо ба ӯ гуфт: «Ман Худои Тавоно* ҳастам.+ Серфарзанд ва сершумор шав. Аз ту халқҳо ва ҷамъи халқҳо* пайдо мешаванд+ ва аз ту подшоҳон ба вуҷуд меоянд.+ 12 Ман заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам, ба ту ва насли ту медиҳам».+ 13 Худо суханашро бо Яъқуб тамом карда, аз он ҷо рафт*.
14 Он гоҳ Яъқуб, дар ҷое ки Худо бо ӯ гап зада буд, сутуни сангине гузошт ва бар он ҳадияи рехтанӣ ва равған рехт.+ 15 Яъқуб бори дигар он ҷоеро, ки Худо бо ӯ гап зада буд, Байт-Ил номид.+
16 Баъд онҳо аз Байт-Ил рафтанд. Ҳангоме ки онҳо дар наздикиҳои Эфрот буданд, вақти таваллуд кардани Роҳел расид ва дарди зоишаш хеле сахт буд. 17 Вақте ӯ сахт азоб мекашид, момодоя ба ӯ гуфт: «Натарс, чунки ту боз як писари дигаре таваллуд мекунӣ».+ 18 Вале Роҳел дар дами марг буд ва ҳангоми ҷон додан ӯ писарашро Бен-Ӯнӣ* номид, лекин падараш ӯро Бинёмин*+ номид. 19 Роҳел мурд ва ӯро дар роҳи Эфрот, яъне Байт-Лаҳм,+ гӯрониданд. 20 Яъқуб дар сари қабри ӯ сутуне гузошт ва ин сутун то имрӯз дар сари қабри Роҳел истодааст.
21 Баъди ин Исроил кӯч баст ва дар он тарафи бурҷи* Эдар хайма зад. 22 Рӯзе, вақте Исроил дар он замин зиндагӣ мекард, Реубен рафта, бо Билҳо, суррияи падараш, хобид ва Исроил аз ин хабардор шуд.+
Яъқуб соҳиби 12 писар буд. 23 Инҳоянд писароне, ки Леё ба Яъқуб таваллуд карда буд: калонияш Реубен,+ Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун. 24 Писарони Роҳел Юсуф ва Бинёмин буданд. 25 Писарони Билҳо, канизи Роҳел — Дон ва Нафтолӣ. 26 Писарони Зилфо, канизи Леё — Ҷод ва Ошер. Ҳамаи ин писарони Яъқуб дар Фаддони Арам ба дунё омаданд.
27 Оқибат Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамреи Қирят-Арбаъ, яъне Ҳебрӯн, омад.+ Дар он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ ғарибу мусофир буданд.+ 28 Исҳоқ ҳамагӣ 180 сол зиндагӣ кард.+ 29 Ӯ умри дароз дид ва аз ҳаёти худ серу қаноатманд аз олам чашм пӯшид ва ба гузаштагони худ пайваст. Ӯро писаронаш Эсов ва Яъқуб гӯрониданд.+