1 Таслӯникиён
2 Эй бародарон, худи шумо медонед, ки наздатон омадани мо бенатиҷа набуд.+ 2 Чи хеле ки шумо медонед, мо аввал дар Филиппӣ азоб кашидему хориву бадрафторӣ дидем,+ лекин бо ёрдами Худо далерӣ пайдо кардему дар баробари муқобилатҳои зиёд хушхабарро ба шумо расондем.+ 3 Мо шуморо на аз гумроҳӣ ё нияти бад ва на бо фиребу найранг насиҳат медиҳем, 4 балки, барои он ки Худо моро сазовор дониста эълони хушхабарро ба уҳдаамон гузоштааст. Мо сухан мегӯем, то на ба одамон, балки ба Худо, ки санҷандаи дилҳои мост,+ писанд оем.
5 Дар ҳақиқат, шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳеҷ гоҳ дурӯягӣ намекардем ва бо нияти соҳиб шудани моли дигарон хушомад намезадем.+ 6 Мо пеши одамон, на пеши шумо ва на пеши дигарон, обрӯ намеҷустем, ҳарчанд чун расулони Масеҳ ҳақ доштем ба гардани шумо бор шавем.+ 7 Баръакс, мо бо шумо меҳрубон будем, мисли он ки модар фарзандони ширмакашро навозиш мекунад. 8 Азбаски ба шумо меҳр бастем ва бароямон азиз шудед,+ тайёр будем, ки на танҳо хушхабари Худоро ба шумо эълон кунем, балки ҷонамонро низ фидо намоем.+
9 Эй бародарон, шумо, бешубҳа, меҳнат ва заҳмати моро дар хотир доред. Вақте ба шумо хушхабари Худоро мерасондем, рӯзу шаб меҳнат мекардем, то ба шумо бор нашавем.+ 10 Худо шоҳид аст ва худи шумо ҳам шоҳидед, ки чӣ тавр мо ба шумо — имондорон, вафодор будему боинсофона ва беайбона рафтор мекардем. 11 Шумо нағз медонед, ки мо ҳар якеатонро падарвор+ насиҳат мекардем,+ тасаллӣ мебахшидем ва ба шумо маслиҳат медодем, 12 то минбаъд низ дар назари Худое, ки шуморо ба Подшоҳӣ+ ва ҷалоли худ+ даъват кардааст, рафтори шоиста дошта бошед.+
13 Мо ҳамеша Худоро шукргузорӣ мекунем,+ зеро, вақте шумо каломи Худоро аз даҳони мо шунидед, онро на чун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он, дар ҳақиқат, ҳамин хел аст ва дар шумо, имондорон, амал мекунад. 14 Шумо, эй бародарон, ба намунаи ҷамоатҳои Худо, ки дар Яҳудия ҳастанд ва бо Исои Масеҳ* ягонагӣ доранд, пайравӣ кардед, зеро, чи тавре ки онҳо аз дасти яҳудиён азоб мекашанд, шумо ҳам аз дасти ҳамватанонатон азоб кашидед.+ 15 Он яҳудиён ҳатто Ҳазратамон Исо ва дигар пайғамбаронро куштанд+ ва моро низ озор доданд.+ Онҳо кори писанди Худоро намекунанд ва беҳбудии мардумро намехоҳанд, 16 зеро барои ба халқҳои дигар сухан гуфтан ба мо халал мерасонанд ва ба наҷот ёфтани онҳо монеъ мешаванд.+ Бо ин корашон онҳо ба гуноҳи худ гуноҳ зам мекунанд. Лекин замоне, ки Худо ғазабашро бар онҳо фурӯ мерезад, ниҳоят фаро расидааст.+
17 Вақте ки аз шумо, эй бародарон, ба муддати кӯтоҳе — ҷисман, на фикран — ҷудо шудем, тамоми кӯшишро ба харҷ додем, то шуморо бубинем, зеро ташнаи дидоратон будем. 18 Барои ҳамин ният доштем, ки назди шумо биёем, ва ман, Павлус, на як бор, балки ду бор инро карданӣ шудам, лекин Шайтон пеши роҳи моро гирифт. 19 Охир, ҳангоми ҳузур доштани Ҳазратамон Исо умед, хурсандӣ ва тоҷи шодмонии мо дар пеши ӯ кист? Магар шумо нестед?+ 20 Бале, ифтихору шодии мо шумоед!