Филемӯн
1 Ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ* дар ҳабс ҳастам,+ ҳамроҳи бародарамон Тимотиюс+ ба ҳамкори азизамон Филемӯн, 2 ба хоҳарамон Апия, ба Архипус,+ ки сарбози ҳамсафи мост, ва ба ҷамоате, ки дар хонаатон мебошад,+ чунин менависам:
3 Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!
4 Эй бародарам, туро дар дуоҳои худ ёдоварӣ карда, Худоро ҳамеша шукр мегӯям,+ 5 зеро доимо дар бораи имону муҳаббате, ки ба Ҳазратамон Исо ва ба ҳамаи покон дорӣ, мешунавам. 6 Дуо мегӯям, то аз имоне, ки мисли дигар пайравони Масеҳ дорӣ, корҳои нек бирӯяд, зеро ту медонӣ, ки худи мо низ дар ягонагӣ бо Масеҳ чизҳои неки бисёреро соҳиб шудаем. 7 Ман дар бораи муҳаббати ту шунида хурсандиву тасаллии зиёде ёфтам, чунки ту, эй бародарам, дили поконро шод мегардонӣ.
8 Аз ин сабаб ман, ки расули Масеҳ ҳастам, метавонам бемалол кардани кори дурустро ба ту амр диҳам, 9 аммо ба ту амр намедиҳам, балки хоҳиш мекунам, зеро аз муҳаббати ту дилпурам. Инро аз ту ман, Павлуси пиронсол, ки ҳоло ба хотири Исои Масеҳ дар ҳабсам, хоҳиш мекунам. 10 Ман аз ту барои фарзандам Онисимус,+ ки ҳангоми бандӣ буданам барояш падар шудам,+ хоҳиш мекунам. 11 Вай пештар бароят бефоида буд, лекин ҳоло ӯ ҳам барои ту ва ҳам барои ман фоиданок аст. 12 Ҳоло ман ӯро, ҷону ҷигари худро, боз назди ту мефиристам.
13 Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ба ҷойи ту хизмати мани бандиро, ки барои хушхабар дар ҳабс мебошам, ба ҷо орад.+ 14 Вале бе розигии ту намехоҳам коре кунам, то амали некатро на аз маҷбурӣ, балки бо ихтиёри худ кунӣ.+ 15 Шояд, ӯ барои ҳамин ба муддати кӯтоҳе аз ту ҷудо шуд, то барои ҳамеша наздат баргардад. 16 Акнун ӯ на чун ғулом,+ балки бештар аз ғулом, чун бародари азиз,+ ба наздат бармегардад. Ӯ барои ман азиз аст, вале барои ту боз азизтар аст, зеро ӯ ҳам ғулом ва ҳам дар роҳи Ҳазрат ҳамимони туст. 17 Бинобар ин, агар маро дӯсти* худ ҳисобӣ, ӯро бо ҷону дил қабул кун, гӯё маро қабул мекарда бошӣ. 18 Вале, агар аз ӯ зараре дида бошӣ ё ӯ аз ту чизе қарздор бошад, онро қарзи ман ҳисоб кун. 19 Ман, Павлус, бо дасти худ менависам, ки онро ба ту бармегардонам, ҳарчанд ту бе гуфтани ман ҳам медонӣ, ки барои ҳаётат аз ман қарздорӣ. 20 Бале, бародарам, ба хотири Ҳазратамон бигзор ёрдами ту ба ман бирасад: дили маро, ки пайрави Масеҳ ҳастам, шод гардон.
21 Инро ба ту менависам, зеро бовар дорам, ки хоҳиши маро ба ҷо меорӣ, ва медонам, ки аз ин ҳам зиёдтар мекунӣ. 22 Боз гуфтанӣ будам, ки бароям ҷое тайёр кунӣ, чунки умедворам дуоҳоятон шунида мешаванду боз наздатон меоям.+
23 Эпафрос,+ ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандист, ба ту салом мерасонад. 24 Ҳамкоронам Марқус, Ористархус,+ Димос+ ва Луқо+ низ ба ту салом мерасонанд.
25 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо рӯҳияи хуби шумо бод!