Корнома
17 Онҳо аз Амфиполис ва Аполония гузашта, ба Таслӯникӣ,+ ки дар он ҷо ибодатхонаи яҳудиён буд, омаданд. 2 Павлус аз рӯйи одати худ+ ба ибодатхона даромад ва дар давоми се ҳафта, ҳар рӯзи шанбе, бо онҳо дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард.+ 3 Ӯ бо оятҳо исбот мекард ва мефаҳмонд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат мекашид+ ва аз мурдагон зинда мешуд.+ Ӯ чунин мегуфт: «Исое, ки дар борааш ба шумо мегӯям, ҳамон Масеҳ аст». 4 Дар натиҷа баъзеи яҳудиён ва шумораи зиёди юнониёни худотарсу занони обрӯманд имон оварда, ба Павлусу Сило+ ҳамроҳ шуданд.
5 Вале яҳудиёни дигар аз рашку ҳасад+ пур шуда мардони нобакореро, ки дар бозор беҳуда мегаштанд, ҷамъ карданд ва тӯдаеро гирд оварда, шаҳрро ба сар бардоштанд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромаданд, то Павлусу Силоро назди мардум бароранд. 6 Вақте онҳоро наёфтанд, Ёсун ва якчанд бародари дигарро кашола карда, назди ҳокимони шаҳр бурданд ва доду фарёд зада гуфтанд: «Мардоне, ки тамоми дунёро ба шӯр оварданд, ба ин ҷо низ омаданд+ 7 ва Ёсун онҳоро қабул кардааст. Ҳамаи ин одамон ба қонуни қайсар* зид баромада мегӯянд, ки подшоҳи дигаре ҳаст, ки Исо мебошад».+ 8 Ин суханонро шунида мардум ва ҳокимони шаҳр ба ташвиш афтоданд 9 ва, пас аз он ки аз Ёсун ва дигар бародарон гарав гирифтанд, онҳоро ҷавоб доданд.
10 Худи ҳамон шаб бародарон Павлусу Силоро ба Бирия фиристоданд. Онҳо ба он ҷо расида, ба ибодатхонаи яҳудиён даромаданд. 11 Яҳудиёни он ҷо назар ба яҳудиёни Таслӯникӣ равшанфикртар буданд, зеро каломи Худоро бо шавқу завқи зиёд қабул карданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро бодиққат меомӯхтанд, то бидонанд, ки суханони шунидаашон рост аст ё не. 12 Бинобар ин бисёре аз онҳо ва ҳамчунин шумораи зиёди занону мардони обрӯманди юнонӣ имон оварданд. 13 Лекин, вақте яҳудиёни Таслӯникӣ фаҳмиданд, ки Павлус каломи Худоро дар Бирия низ паҳн мекунад, ба он ҷо омаданд, то мардумро ба шӯр оваранд.+ 14 Он гоҳ бародарон Павлусро дарҳол сӯйи баҳр фиристоданд,+ аммо Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд. 15 Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гусел карданд. Дар он ҷо ӯ ба онҳо дастур дод, то ба Сило ва Тимотиюс+ гӯянд, ки ҳар чӣ зудтар ба наздаш оянд, ва пас аз ин касоне, ки ӯро гусел мекарданд, гашта рафтанд.
16 Ҳангоме ки Павлус дар Атино Сило ва Тимотиюсро интизор буд, дид, ки шаҳр пур аз бутҳост, ва аз ин дилаш ба танг омад. 17 Аз ин рӯ вай ба ибодатхона даромада, бо яҳудиён ва дигар одамони худотарс дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард ва ҳар рӯз дар бозор бо касе, ки рӯ ба рӯ мешуд, суҳбат мекард. 18 Аммо баъзе аз файласуфони эпикурӣ* ва равоқӣ* бо ӯ баҳсу мунозира мекарданд ва баъзеашон мегуфтанд: «Ин лаққӣ ба мо чӣ гуфтанӣ аст?» Дигарон бошанд, мегуфтанд: «Аз афташ, ӯ дар бораи худоёни бегона гап мезанад». Сабаб ин буд, ки Павлус хушхабарро дар бораи Исо ва зиндашавӣ гап мезад.+ 19 Аз ин рӯ онҳо ӯро дошта, ба Арюпогус* бурданд ва гуфтанд: «Мумкин аст бифаҳмем, ки ин таълимоти нав дар бораи чист? 20 Ту дар бораи чизҳое сухан меронӣ, ки мо дар умрамон нашунида будем. Мехоҳем бифаҳмем, ки суханони ту чӣ маъно доранд». 21 Гап дар сари он буд, ки ҳамаи атиногиҳо ва мусофироне, ки дар он ҷо буданд, тамоми вақти холияшонро бо гуфтан ё шунидани ягон чизи нав мегузаронданд. 22 Павлус дар байни Арюпогус+ истода, гуфт:
«Эй мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат назар ба дигарон диндортаред.+ 23 Масалан, вақте гаштугузор карда, зиёратгоҳҳои* шуморо аз назар мегузарондам, қурбонгоҳеро ёфтам, ки дар он навишта шуда буд: “Ба Худои номаълум”. Дар бораи ҳамон Худое, ки шумо надониста мепарастед, ман ба шумо хабар медиҳам. 24 Худованди замину осмон, Худое, ки ҷаҳон ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст,+ дар ибодатгоҳҳои сохтаи инсон сокин нест.+ 25 Ӯ ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад,+ зеро худи ӯ ба ҳамаи одамон ҳаёт, нафас+ ва ҳама чиро медиҳад. 26 Ҳамаи халқҳоро ӯ аз як одам ба вуҷуд овардааст,+ то ки бар тамоми замин сокин шаванд.+ Ҳамчунин ӯ замонҳоро муқаррар кардааст ва ба ҷойи зисти одамон ҳадду ҳудуд гузоштааст,+ 27 то онҳо Худоро биҷӯянд, даст-даст карда бикобанд ва биёбанд,+ гарчанд ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест. 28 Охир, ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост, чи тавре ки баъзе аз шоирони шумо гуфтаанд: “Мо ҳама фарзандони ӯем”.
29 Пас, фарзандони Худо+ ки бошем, набояд фикр кунем, ки зоти Худо чизе ба монанди тилло ё нуқра ё санг аст, монанди чизест, ки аз рӯйи хаёли одамӣ бо дасти санъаткорон сохта шудааст.+ 30 Гарчанд Худо дар гузашта ба чунин нодонӣ чашм мепӯшид,+ ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳамаи одамон эълон мекунад, ки онҳо бояд тавба кунанд. 31 Ӯ рӯзеро муқаррар кардааст, ки тамоми заминро ба воситаи марди таъйинкардааш аз рӯйи адолат доварӣ мекунад,+ ва ӯро аз мурдагон зинда карда, исбот намуд, ки ин рӯз ҳатман меояд».+
32 Вақте онҳо дар бораи зинда шудани мурдагон шуниданд, баъзеяшон ӯро масхара карданд,+ дигарон бошанд, гуфтанд: «Дар ин бора туро дафъаи дигар гӯш мекунем». 33 Он гоҳ Павлус аз пеши онҳо рафт, 34 аммо баъзеҳо ба ӯ ҳамроҳ шуданду имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюс — довари додгоҳи Арюпогус, зане бо номи Домарис ва дигарон буданд.