Корнома
20 Вақте ки шӯру ғавғо ба охир расид, Павлус кас фиристода, шогирдонро даъват намуд ва онҳоро рӯҳбаланд кард. Пас аз ин бо онҳо хайрухуш намуда, ба Мақдуния равона шуд. 2 Ӯ аз он ҷойҳо гузашта, шогирдонро бо суханони бисёр рӯҳбаланд кард ва баъд ба Юнон омад. 3 Павлус дар он ҷо се моҳ истод, вале, вақте бо киштӣ ба Сурия рафтанӣ шуд, фаҳмид, ки яҳудиён қасди ҷони ӯро доранд,+ бинобар ин қарор дод, ки боз аз Мақдуния гузашта равад. 4 Супотруси писари Пирос аз Бирия, Ористархус+ ва Секундус аз Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тихиқусу+ Трофимус+ аз Осиё ва Тимотиюс+ ҳамроҳи ӯ буданд. 5 Онҳо пешакӣ рафта, моро дар Трӯос интизор шуданд, 6 мо бошем, пас аз айёми Иди Фатир+ аз Филиппӣ ба киштӣ савор шуда, баъди панҷ рӯз ба назди онҳо, ба Трӯос, расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.
7 Рӯзи якуми ҳафта, вақте барои хӯрдани хӯрок ҷамъ омадем, Павлус дар пеши ҳозирон то нисфи шаб суханронӣ кард, зеро рӯзи дигар аз он ҷо рафтанӣ буд. 8 Дар болохонае, ки мо ҷамъ омада будем, чароғҳои бисёре буд. 9 Он ҷо Офтихус ном ҷавоне дар лаби тиреза менишаст ва, ҳангоме ки Павлус сухан мегуфт, хоби он ҷавон сахт бурд. Ӯ ғарқи хоб аз ошёнаи сеюм афтод ва, вақте ӯро бардоштанд, диданд, ки мурдааст. 10 Аммо Павлус поён фаромада, ба болои ҷавон хам шуд ва ӯро ба оғӯш гирифта,+ гуфт: «Ин қадар доду фиғон накунед, ӯ зинда аст».+ 11 Сипас ӯ боло баромад ва нон шикаста, хӯрок хӯрдан гирифт. Павлус то қарибиҳои саҳар бо онҳо хеле суҳбат кард ва пас аз ин ба роҳ баромад. 12 Ҷавонро бошад, гирифта бурданд ва ҳама аз зинда шудани ӯ беҳад шод шуданд.
13 Пас аз ин мо ба киштӣ савор шуда, пеш аз Павлус ба Асӯс равона шудем, то ки баъд ӯро дар он ҷо ҳамроҳи худ гирем, зеро худи ӯ, пас аз он ки дар ин бора ба мо дастурот дод, ба он ҷо пиёда рафтанӣ буд. 14 Вақте Павлус ба Асӯс расид, ба мо ҳамроҳ шуд ва мо якҷоя ба Митилинӣ рафтем. 15 Рӯзи дигар мо бо киштӣ аз он ҷо баромада, ба Хиюс расидем, сипас роҳро давом дода, пас аз як рӯз дар Сомӯс бозистодем, рӯзи дигар бошад, ба Милитус омадем. 16 Павлус қарор дод, ки ба Эфсӯс+ надаромада, роҳашро давом диҳад ва дар Осиё вақт сарф накунад. Ӯ мехост ҳар чӣ зудтар ба Ерусалим равад,+ то, агар шавад, дар рӯзи Иди Ҳафтаҳо он ҷо бошад.
17 Аммо дар Милитус ӯ ба Эфсӯс кас фиристода, пирони ҷамоатро даъват кард. 18 Вақте онҳо ба наздаш омаданд, ӯ гуфт: «Шумо нағз медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё+ қадам монданам дар байни шумо чӣ гуна рафтор мекардам, 19 чӣ тавр ман бо тамоми хоксорӣ, бо ашкҳо ва азобҳое, ки аз найрангҳои яҳудиён ба сарам омада буд, ба Сарвар ғуломвор хизмат мекардам.+ 20 Ман худро аз гуфтани ҳар он чӣ бароятон фоиданок буд, бознамедоштам ва шуморо ҳам дар пеши мардум+ ва ҳам хона ба хона таълим медодам.+ 21 Ман ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба юнониён як ба як шаҳодат дода мегуфтам, ки онҳо бояд тавба карда,+ ба Худо рӯ оранд ва ба Ҳазратамон Исо имон дошта бошанд.+ 22 Ҳоло бошад, ба роҳнамоии рӯҳ итоат карда ба Ерусалим сафар карда истодаам, ҳарчанд намедонам, ки дар он ҷо маро чӣ интизор аст. 23 Фақат ҳаминро медонам, ки рӯҳи муқаддас дар ҳар шаҳр гаштаву баргашта ба ман шаҳодат медиҳад, ки маро зиндон ва азобу уқубат дар пеш аст.+ 24 Аммо ман ҷони худро азиз намедорам, балки муродам фақат ин аст, ки роҳи худ ва он хизматеро, ки Ҳазратамон Исо ба ман супурдааст, ба охир расонам,+ яъне дар бораи хушхабари лутфу марҳамати Худо нағз шаҳодат диҳам.
25 Алҳол ҳаминро медонам, ки ҳеҷ кадоми шумо, ки дар байнатон Подшоҳии Худоро эълон кардаам, дигар рӯйи маро намебинед. 26 Пас, имрӯз шуморо даъват мекунам, то шаҳодат диҳед, ки хуни ягон кас бар гардани ман нест,+ 27 зеро ман ҳеҷ як фурсатро аз даст надода ба шумо тамоми нияти Худоро гуфтаам.+ 28 Пас, ба худатон ва ба тамоми рама диққат диҳед,+ зеро рӯҳи муқаддас шуморо бар он нозир таъйин кардааст,+ то ҷамоати Худоро, ки бо хуни Писари ӯ харида шудааст,+ чӯпонӣ кунед.+ 29 Ман медонам, ки пас аз рафтанам ба миёни шумо гургони даррандае медароянд,+ ки ба рама раҳм намекунанд. 30 Аз миёни худатон низ касоне ба миён меоянд, ки таълимоти нодурустро паҳн мекунанд, то шогирдонро аз паси худ баранд.+
31 Бинобар ин бедору ҳушёр бошед ва дар ёд доред, ки ман се соли+ дароз шабу рӯз ашк рехта ҳар яки шуморо пайваста насиҳат мекардам. 32 Ҳоло бошад, шуморо ба Худо ва ба каломе, ки дар бораи лутфу марҳамати ӯст, месупорам. Ин калом метавонад шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи покон ба шумо мерос диҳад.+ 33 Ман нуқра, тилло ё либоси касеро орзу накардаам.+ 34 Худи шумо медонед, ки ман бо ҳамин дастонам кор карда, худаму ҳамроҳонамро таъмин мекардам.+ 35 Дар ҳар бобат ба шумо нишон додам, ки ҳамин тавр меҳнат карда,+ бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад”».+
36 Пас аз гуфтани ин суханон Павлус якҷоя бо онҳо зону зада, дуо гуфт. 37 Ҳама бисёр гиря карданд ва Павлусро ба оғӯш гирифта, меҳрубонона бӯсиданд. 38 Онҳо бисёртар аз он ғамгин шуданд, ки дигар рӯйи ӯро намебинанд.+ Баъд онҳо ӯро то ба киштӣ гусел карданд.