Корнома
21 Ниҳоят, вақте аз бародарон дил канда, бо онҳо хайрухуш намудем, бо киштӣ рост ба Кос омадем, рӯзи дигар бошад, ба Рудс ва аз он ҷо ба Потра равона шудем. 2 Дар он ҷо киштиеро, ки ба Финиқия мерафт, ёфта, ба он савор шудем ва боз ба роҳ баромадем. 3 Вақте ҷазираи Кипр аз тарафи чапамон ба чашм намоён шуд, мо онро гузашта, сӯйи Сурия шино кардем ва дар Сӯр, ки он ҷо киштӣ бояд борашро мефаровард, лангар* андохтем. 4 Дар он ҷо мо шогирдонро ёфта, ҳафт рӯз ҳамроҳашон мондем. Аммо онҳо ба воситаи рӯҳ гаштаву баргашта ба Павлус мегуфтанд, ки ба Ерусалим наравад.+ 5 Чун вақти рафтанамон расид, мо ба роҳ баромадем. Ҳамаи онҳо бо занону кӯдакон моро то беруни шаҳр гусел карданд. Дар соҳили баҳр мо зону зада, дуо гуфтем 6 ва бо якдигар хайрухуш кардем. Пас аз ин мо ба киштӣ савор шудему онҳо ба хонаҳояшон баргаштанд.
7 Аз Сӯр баромада, бо киштӣ ба Птолимус омадем ва дар он ҷо бо бародарон вохӯрда, як рӯз дар назди онҳо истодем. 8 Рӯзи дигар ба роҳ баромада, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси воиз, ки яке аз ҳафт нафар буд,+ даромада, бо ӯ мондем. 9 Ӯ чор духтари шавҳарнокардае* дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд.+ 10 Баъд аз он ки мо рӯзҳои зиёд дар он ҷо будем, аз Яҳудия Оғобус+ ном пайғамбаре омад. 11 Вақте ӯ ба назди мо омад, миёнбанди Павлусро гирифта, дасту пойи худро басту гуфт: «Рӯҳи муқаддас чунин мегӯяд: “Дар Ерусалим яҳудиён соҳиби ин миёнбандро ҳамин тавр баста,+ ба дасти халқҳои дигар месупоранд”».+ 12 Вақте инро шунидем, мо ва онҳое, ки дар он ҷо буданд, аз Павлус илтиҷо кардем, ки ба Ерусалим наравад. 13 Павлус дар ҷавоб гуфт: «Чаро чунин мекунед? Чаро бо гиряҳои худ шасти маро мегардонед? Бидонед, ки ба хотири номи Ҳазратамон Исо ман тайёрам дар Ерусалим на танҳо занҷирбанд шавам, балки ҳатто бимирам».+ 14 Чун ба гапи мо надаромад, «хости Яҳува шавад» гуфта, дар ин бора дигар дам назадем.
15 Баъд аз он рӯзҳо мо ба сафар тайёр шуда, сӯйи Ерусалим равона гаштем. 16 Баъзеи шогирдон, ки аз Қайсария буданд, ҳамроҳамон рафтанд, то моро ба хонаи Маносӯн ном марде аз Кипр, ки яке аз шогирдони аввалин буд, бибаранд ва мо дар хонаи ӯ меҳмон шавем. 17 Вақте ба Ерусалим омадем, бародарон моро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. 18 Рӯзи дигар Павлус бо мо назди Яъқуб+ рафт, ки он ҷо тамоми пирон ҷамъ омада буданд. 19 Пас аз салому алейк ӯ дар бораи корҳое, ки Худо ба воситаи хизматаш дар байни халқҳои дигар карда буд, аз як сар нақл кард.
20 Инро шунида онҳо Худоро ҷалол доданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, ту медонӣ, ки чандин ҳазор яҳудӣ имон овардаанд ва ҳамаи онҳо бо ҷидду ҷаҳд Шариатро риоя мекунанд.+ 21 Аммо ба гӯши онҳо овозае расидааст, ки ту ба тамоми яҳудиёне, ки дар байни халқҳои дигар умр ба сар мебаранд, мегӯӣ, ки фарзандонашонро хатна накунанд ва расму оинро ба ҷо наоранд, ва ҳамин тавр онҳоро таълим медиҳӣ, ки аз Шариати Мӯсо рӯй гардонанд.+ 22 Пас, чӣ кор кунем? Охир, онҳо дар бораи омадани ту ҳатман мефаҳманд. 23 Бинобар ин чунин бикун: дар байни мо чор нафаре ҳаст, ки назр кардаанд*. 24 Ин мардонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон маросими покшавиро ба ҷо ор ва хароҷоти онҳоро рӯпӯш кун, то онҳо мӯяшонро бигиранд. Он гоҳ ҳама мефаҳманд, ки овозаҳо дар бораи ту дурӯғанд ва ту дуруст рафтор мекуниву худат низ Шариатро ба ҷо меорӣ.+ 25 Ба имондорони ғайрияҳудӣ бошад, мо қарори худро навишта гуфтем, ки аз қурбониҳо ба бутҳо,+ аз хун,+ аз гӯшти ҳайвони ҳароммурда+ ва аз зино*+ парҳез намоянд».
26 Рӯзи дигар Павлус он мардонро гирифта, якҷоя бо онҳо маросими покшавиро ба ҷо овард+ ва баъд ба ибодатгоҳ даромад, то эълон кунад, ки рӯзҳои покшавӣ кай ба анҷом мерасанду кай ҳадияи ҳар яки онҳо пешкаш мешавад.
27 Вақте ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни Осиё ӯро дар ибодатгоҳ дида тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро дастгир карда, 28 фарёд заданд: «Эй мардони Исроил, ёрӣ диҳед! Ин ҳамон касест, ки дар ҳама ҷо бар зидди халқи мо, Шариати мо ва ин ҷойи муқаддас таълим медиҳад. Ӯ ҳатто юнониёнро ба ибодатгоҳ оварда, ин ҷойи муқаддасро нопок сохтааст».+ 29 Онҳо аз он сабаб чунин мегуфтанд, ки чанде пеш Трофимуси+ эфсӯсиро ҳамроҳи ӯ дар шаҳр дида гумон карданд, ки Павлус ӯро ба ибодатгоҳ овардааст. 30 Тамоми шаҳр ба по хест. Одамон давида, ҷамъ омаданд ва Павлусро дастгир карда, кашолакунон аз ибодатгоҳ бароварданд ва ҳамон дам дарҳоро маҳкам карданд. 31 Вақте онҳо ӯро куштанӣ буданд, мириҳазор хабар ёфт, ки тамоми Ерусалим ба ошӯб омадааст. 32 Ӯ дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро гирифта, сӯйи онҳо шитофт. Вақте онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, задани Павлусро бас карданд.
33 Мириҳазор наздик омада, Павлусро дастгир кард ва фармон дод, ки ҳар ду дасташро занҷирбанд кунанд.+ Сипас аз халқ кӣ будан ва чӣ кор кардани ӯро пурсон шуд. 34 Аммо баъзеҳо як чиз гуфта дод мезаданду дигарон дигар чиз. Вақте ӯ аз сабаби шӯру ғавғо чизеро аниқ карда натавонист, фармон дод, ки Павлусро ба сарбозхона баранд. 35 Лекин, вақте Павлус назди зинапоя расид, ба сарбозон лозим омад, ки ӯро бардошта баранд, зеро мардум ӯро тала мекард 36 ва аз қафояшон омада, фарёд мезад: «Кушед ӯро!»
37 Пеш аз он ки Павлусро ба сарбозхона дароранд, ӯ ба мириҳазор гуфт: «Мумкин аст ба ту чизе бигӯям?» Ӯ гуфт: «Магар ту забони юнониро медонӣ? 38 Пас, ту он мисрие нестӣ, ки чанд вақт пеш шӯриш бардошта, 4000 одамкушро ба биёбон бурда буд?» 39 Он гоҳ Павлус гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам+ ва шаҳрванди Тарсус+ ном шаҳри машҳури Қилиқия мебошам. Илтимос, иҷозат деҳ, ки ба халқ сухане гӯям». 40 Вақте мириҳазор ба ӯ иҷозат дод, Павлус дар болои зинапоя истода, бо дасташ ба мардум ишорае кард. Ҳамин ки ҳама ором шуданд, ӯ ба онҳо ба забони ибронӣ+ гуфт: