Корнома
27 Вақте қарор дода шуд, ки мо бо киштӣ ба Итолиё равона мешавем,+ Павлусро ҳамроҳи якчанд бандии дигар ба Юлиус ном мирисаде супурданд, ки аз дастаи ҳарбии қайсар* буд. 2 Мо ба киштие, ки аз Адрамит омад ва сӯйи бандарҳои соҳили Осиё мерафт, савор шуда, ба роҳ баромадем. Ористархуси+ мақдунӣ низ, ки аз Таслӯникӣ буд, моро ҳамроҳӣ мекард. 3 Рӯзи дигар мо ба Сидӯн расидем ва Юлиус ба Павлус меҳрубонӣ карда,* иҷозат дод, ки назди дӯстонаш равад, то онҳо ба вай ғамхорӣ кунанд.
4 Аз он ҷо ба роҳ баромада, мо аз наздикиҳои Кипр шино кардем, зеро он моро аз боди мухолиф паноҳ медошт. 5 Сипас бо роҳи баҳр аз наздикиҳои Қилиқия ва Памфилия гузашта, ба бандари Миро, ки дар Ликия аст, расидем. 6 Дар он ҷо мирисад киштиеро, ки аз Искандария омада буду ба Итолиё мерафт, ёфта, моро ба он савор кард. 7 Сипас рӯзҳои зиёд мо суст ҳаракат карда, бо як азоб ба Қнидус расидем. Азбаски шамол мухолифат мекард, мо аз пеши Салмӯн гузашта, наздики Крит шино кардем, зеро он моро аз шамол муҳофизат мекард. 8 Мо базӯр лаб-лаби соҳил шино карда, ба Бандарҳои нек ном ҷое омадем, ки дар назди шаҳри Ласия буд.
9 Вақти зиёде аз байн гузашт ва дар баҳр шино кардан хатарнок гардид, зеро ҳатто рӯзадории тирамоҳӣ*+ ба анҷом расида буд. Аз ин рӯ Павлус онҳоро огоҳ карда 10 гуфт: «Эй мардон, мебинам, ки ин сафари мо на танҳо ба бору киштӣ зарару талафоти зиёд меорад, балки ҳаётамонро низ зери хатар мегузорад». 11 Лекин мирисад ба гапи Павлус неву ба суханони киштирон ва соҳиби киштӣ гӯш дод. 12 Азбаски он бандар барои гузарондани зимистон мувофиқ набуд, бисёриҳо маслиҳат доданд, ки аз он ҷо раванд, то як илоҷ карда ба Финиқо расанд ва зимистонро дар он бандари Крит, ки рӯ ба шимолу шарқ ва ҷанубу шарқ аст, гузаронанд.
13 Ҳангоме ки шамоли ҷанубӣ вазид, онҳо гумон карданд, ки муродашон ҳосил шуд, ва лангарро* бардошта, лаб-лаби соҳили Крит шино карданд. 14 Вале дере нагузашта аз шимолу шарқ шамоли пурзӯре* бархост. 15 Он чунон бошиддат буд, ки киштӣ дигар ба муқобили он истода натавонист ва мо идораи киштиро аз даст дода, сӯйи вазиши шамол ронда шудем. 16 Сипас он тундбод киштиро назди ҷазираи хурде, ки Кавдо номида мешуд, ронд ва, ҳарчанд он моро аз шамол паноҳ мекард, мо қаиқеро*, ки дар ақиби киштӣ буд, базӯр нигоҳ дошта тавонистем. 17 Пас аз он ки қаиқро ба саҳни киштӣ бароварданд, бандҳоро аз таги киштӣ гузаронда, танаи онро бандубаст карданд ва, аз тарси он ки дар пастоби Сиртис* дармемонанд, танобҳоро поён кашида, бодбонро хурдтар карданд ва киштиро ба бод супурданд. 18 Азбаски тӯфон киштиро бошиддат такон медод, онҳо рӯзи дигар бори онро кам кардан гирифтанд. 19 Дар рӯзи сеюм бошад, ноилоҷ асбобу анҷоми киштиро ба баҳр партофтанд.
20 Рӯзҳои зиёд на офтоб намоён мешуду на ситораҳо, тӯфони сахт бошад, ҳеҷ ором намегашт. Оқибат мо аз наҷот ёфтан умедамонро кандем. 21 Азбаски онҳое, ки дар киштӣ буданд, дер боз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар байнашон истода, гуфт: «Эй мардон, шумо бояд маслиҳати маро қабул мекардед ва аз Крит ба баҳр намебаромадед ва, азбаски чунин накардед, зарару талафот дидед.+ 22 Ҳоло бошад, ба шумо мегӯям, ки натарсед, зеро ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед, фақат киштӣ талаф мешавад. 23 Имшаб фариштаи+ Худое, ки ман ба ӯ хизмат мекунам, ба ман намудор шуда, 24 гуфт: “Натарс, эй Павлус! Ту бояд дар пеши қайсар*+ ҳозир шавӣ. Худо ба хотири ту ҳамаи ҳамсафаронатро низ наҷот медиҳад”. 25 Бинобар ин, эй мардон, натарсед, зеро ман бовар дорам, ки ҳар он чӣ Худо ба ман гуфт, айнан ба амал меояд, 26 фақат ки мо ба пастоби ягон ҷазира бармехӯрем».+
27 Вақте ки шаби 14-ум фаро расид ва мо дар баҳри Адриё ба ҳар тараф ронда мешудем, дар ними шаб баҳрнавардон пай бурданд, ки киштӣ ба хушкие наздик шуда истодааст. 28 Онҳо чуқурии обро чен карда, муайян намуданд, ки он 20 қулоч* аст, андак масофаеро гузашта, боз чен карданд ва он 15 қулоч* буд. 29 Онҳо, аз тарси он ки киштӣ ба кӯҳпораҳо бармехӯрад, чор лангарро, ки дар қафои киштӣ буд, ба баҳр андохтанд ва бесаброна дамидани субҳро интизор шуданд. 30 Аммо баҳрнавардон аз киштӣ гурехтанӣ шуданд ва, бо баҳонаи он ки мехоҳанд аз қисми пеши киштӣ лангарҳоро ба баҳр андозанд, қаиқро поён фаровардан гирифтанд. 31 Он вақт Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед».+ 32 Он гоҳ сарбозон бандҳои қаиқро буриданд ва он ба поён афтод.
33 Пеш аз дамидани субҳ Павлус аз ҳамаи онҳо хоҳиш кард, ки хӯрок хӯранд, ва гуфт: «Имрӯз 14 рӯз мешавад, ки шумо ташвишу интизорӣ мекашед ва чизе ба даҳон нагирифтаед. 34 Барои ҳамин аз шумо хоҳиш мекунам, ки ягон чиз бихӯред, зеро ин ба фоидаи худи шумост. Ба шумо мегӯям, ки ҳатто як тори мӯятон намеафтад». 35 Баъд аз гуфтани ин ӯ нонро гирифта, дар назди ҳамаи онҳо Худоро шукргузорӣ намуд ва нонро шикаста, хӯрдан гирифт. 36 Он гоҳ ҳама рӯҳбаланд шуда, каме хӯрок хӯрданд. 37 Дар киштӣ бошад, ҳамагӣ 276 нафар буд. 38 Пас аз он ки онҳо сер шуданд, гандумро ба баҳр партофта, киштиро сабук карданд.+
39 Вақте ки рӯз шуд, онҳо муайян карда натавонистанд, ки дар назди кадом заминанд,+ лекин халиҷеро диданд, ки соҳилаш аз рег буд, ва қарор карданд, ки, агар шавад, киштиро ба соҳили он бароранд. 40 Пас, лангарҳоро бурида, ба баҳр партофтанд ва бандҳои сукконро* сар доданд, пас аз он бодбони пеши киштиро кушоданд, то шамол киштиро сӯйи соҳил ронад. 41 Вақте онҳо ба пастобе, ки ду тарафашро оби баҳр мешуст, бархӯрданд, киштиро дар он ҷо боздоштанд ва қисми пеши он дармонда ноҷунбон монд, вале қафояш аз зарби мавҷҳои пурзӯр шикаста пора-пора шуд.+ 42 Он гоҳ сарбозон қасди куштани маҳбусонро карданд, то ҳеҷ кадоми онҳо шино карда нагурезад. 43 Лекин мирисад, ки ният дошт Павлусро аз марг наҷот диҳад, онҳоро аз ин кор боздошт. Ӯ ба касоне, ки шино карда метавонистанд, фармон дод, ки худро ба баҳр партоянд ва пеш аз дигарон ба хушкӣ расанд. 44 Дигарон ҳам — баъзеҳо бар тахтаҳо ва баъзеҳо бар шикастапораҳои киштӣ — бояд аз паси онҳо шино мекарданд. Ҳамин тавр, ҳама зиндаю саломат ба соҳил расиданд.+