Корнома
26 Ағрипос+ ба Павлус гуфт: «Иҷозат дорӣ худро сафед кунӣ». Он гоҳ Павлус ба муҳофизати худ сар карда, бо ишораи даст ба шоҳ муроҷиат кард:
2 «Эй подшоҳ Ағрипос, худро хушбахт меҳисобам, ки имрӯз худро дар пеши ту аз ҳама айбҳое, ки яҳудиён ба гарданам бор кардаанд,+ муҳофизат мекунам, 3 хусусан аз он сабаб ки ту ҳама урфу одат ва масъалаҳои баҳсноки яҳудиёнро хуб медонӣ. Аз ин рӯ аз ту илтимос мекунам, ки маро босаброна гӯш кунӣ.
4 Ба ҳамаи яҳудиён маълум аст, ки ман аз ҷавониям дар миёни халқи худ ва дар Ерусалим чӣ гуна ҳаёт ба сар мебурдам.+ 5 Онҳо, ки кайҳо боз маро мешиносанд, агар хоҳанд, шаҳодат дода метавонанд, ки ман фарисӣ,+ яъне пайрави мазҳаби сахтгиртарини динамон,+ будам. 6 Вале ҳоло маро барои умед ба ваъдае, ки Худо ба бобоёнамон дода буд,+ доварӣ мекунанд. 7 Ин ҳамон ваъдаест, ки 12 қабилаи Исроил ба иҷро шуданаш умед мебанданд ва барои ҳамин шабу рӯз ба Худо бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекунанд. Эй подшоҳ, барои ана ҳамин умед яҳудиён маро айбдор карда истодаанд.+
8 Чаро шумо фикр мекунед, ки мурдагонро зинда кардани Худо ба ақл рост намеояд? 9 Рости гап, ман худам бовар доштам, ки бояд бо ҳар роҳ бар зидди номи Исои носирӣ мубориза барам 10 ва дар Ерусалим ҳамин тавр ҳам мекардам: ман бисёре аз поконро ба зиндон партофтам,+ зеро аз коҳинони калон иҷозат гирифта будам+ ва, вақте ки ба онҳо ҳукми қатл бароварданӣ мешуданд, инро тарафдорӣ мекардам. 11 Маротибаҳои зиёд онҳоро дар ибодатхонаҳо ҷазо дода, маҷбур карданӣ мешудам, ки аз имонашон рӯ гардонанд. Азбаски хашму ғазабам ба онҳо хеле зиёд буд, онҳоро ҳатто дар шаҳрҳои дигар озор медодам.
12 Боре, ҳангоме ки аз коҳинони калон фармон гирифта, ба Димишқ мерафтам, 13 ман, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз нуре аз осмон дидам, ки аз нури офтоб равшантар буд, ва он дар гирди ман ва ҳамроҳонам дурахшид.+ 14 Вақте ки ҳамаи мо бар замин афтодем, ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман чунин гуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ маро озор медиҳӣ? Ба нӯги халачӯб лагад зада, худат захмдор мешавӣ”. 15 Вале ман гуфтам: “Эй тақсир, ту кистӣ?” Ҳазрат ҷавоб дод: “Ман ҳамон Исоям, ки ту озор медиҳӣ. 16 Аз ҷоят бархез. Ман барои он ба ту намудор шудам, ки туро хизматгузори худ интихоб намояму ту дар бораи он чӣ дидӣ ва дар оянда мебинӣ, шаҳодат диҳӣ.+ 17 Ман туро аз дасти ин халқ ва халқҳои дигаре, ки туро наздашон мефиристам,+ халос мекунам. 18 Ман туро барои он мефиристам, ки чашмҳои онҳоро кушоиву+ онҳоро аз торикӣ+ ба рӯшноӣ+ биёрӣ ва аз банди Шайтон+ халос карда, сӯйи Худо бозгардонӣ, то ин ки ба воситаи имоне, ки ба ман меоранд, гуноҳҳояшон бахшида шавад+ ва онҳо дар қатори покон соҳиби мерос гарданд”.
19 Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ман ба рӯъёе, ки аз осмон ба ман омад, беитоатӣ накардам, 20 балки аввалан ба онҳое, ки дар Димишқанд,+ баъдан ба аҳли Ерусалим,+ тамоми Яҳудия ва дигар халқҳо хабар мерасондам, ки тавба кунанд ва сӯйи Худо баргашта, корҳое кунанд, ки аз тавба гувоҳӣ медиҳанд.+ 21 Ана барои ҳамин яҳудиён маро дар ибодатгоҳ дастгир карда, куштанӣ шуданд.+ 22 Вале бо мадади Худо ман то ба имрӯз ба хурдону бузургон шаҳодат медиҳам ва ғайр аз он чӣ пайғамбарону Мӯсо пешгӯйӣ карда буданд, чизи дигаре нагуфтаам,+ 23 яъне онро, ки Масеҳ бояд азобу уқубат мекашид+ ва чун аввалин шахсе, ки бояд аз мурдагон зинда мешуд,+ дар бораи нур ҳам ба ин халқ ва ҳам ба халқҳои дигар хабар медод».+
24 Вақте ки Павлус бо ин суханон худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисёр туро девона кардааст!» 25 Павлус ҷавоб дод: «Эй Фестуси муҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки он чӣ мегӯям, рост ва аз рӯйи ақли солим аст. 26 Подшоҳ низ, ки бо ӯ озодона сухан меронам, ин чизҳоро нағз медонад ва бовар дорам, ки ҳеҷ яке аз ин чизҳо аз назари ӯ дур намондааст, зеро онҳо пинҳонӣ ба амал наомадаанд.+ 27 Оё ту, эй подшоҳ Ағрипос, ба Навиштаҳои пайғамбарон имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ». 28 Ағрипос бошад, ба Павлус гуфт: «Қариб аст маро ҳам масеҳӣ гардонӣ». 29 Павлус дар ҷавоби ӯ гуфт: «Аз Худо хоҳиш дорам, ки дер ё зуд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое, ки имрӯз суханони маро мешунаванд, мисли ман гарданд, вале бе ин занҷирҳо».
30 Баъд аз ин подшоҳ аз ҷой хесту ҳокиму Бернико ва дигар нишастагон низ бархестанд. 31 Ҳангоми аз он ҷо рафтан онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад».+ 32 Он вақт Ағрипос ба Фестус гуфт: «Агар ин шахс доварии қайсарро* талаб намекард, ӯро озод кардан мумкин буд».+