Луқо
15 Ҳамаи ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон барои шунидани суханони Исо дар гирдаш ҷамъ меомаданд.+ 2 Вале фарисиёну шариатдонон норозиёна мегуфтанд: «Ин одам бо гунаҳкорон ҳамнишину ҳамтабақ аст». 3 Он гоҳ ӯ ба онҳо чунин мисоле овард: 4 «Агар нафаре аз шумо 100 гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳоро гум кунад, магар 99 гӯсфандашро дар биёбон монда, он гумшударо то ёфт шуданаш ҷустуҷӯ намекунад?+ 5 Чун онро меёбад, бар китфаш мегузораду шодӣ карда 6 ба хона бармегардад. Ӯ дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки гӯсфанди гумшудаам ёфт шуд”.+ 7 Ба шумо мегӯям: ба ин монанд, дар осмон барои як гунаҳкори тавбакарда+ назар ба 99 росткоре, ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд, зиёдтар хурсандӣ мекунанд.
8 Ё, агар зане даҳ тангаи нуқра* дошта бошаду яктояшро гум кунад, магар чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то ёфт шудани он ҳама ҷоро намекобад? 9 Чун онро меёбад, дугонаву ҳамсояҳояшро фарёд карда, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи* гумкардаамро ёфтам”. 10 Ба шумо мегӯям: фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкори тавбакарда чунин хурсандӣ мекунанд».+
11 Сипас Исо гуфт: «Марде ду писар дошт. 12 Рӯзе писари хурдияш ба ӯ гуфт: “Падар, ҳиссаи маро аз молу мулкат ба ман бидеҳ”. Он гоҳ падар дороии худро байни писаронаш тақсим кард. 13 Пас аз якчанд рӯз писари хурдӣ тамоми чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дуре сафар кард ва айшу ишрат карда дороии худро барбод дод. 14 Вақте тамоми пулашро сарф кард, дар саросари он кишвар гушнагии сахте шуд ва ӯ ба як бурда нон зор шуд. 15 Ӯ ҳатто рафта, хизматгори яке аз одамони он кишвар гашт ва хӯҷаинаш ӯро ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ+ кунад. 16 Вай тайёр буд, ки шикамашро аз хӯроки хукҳо сер кунад, лекин ҳеҷ кас ба ӯ чизе намедод.
17 Вақте ки вай ба худ омад, гуфт: “Чӣ қадар мардикорони падарам ба фаровонӣ нон доранд, ман бошам, дар ин ҷо аз гушнагӣ мурда истодаам! 18 Хеста, назди падарам меравам ва мегӯям: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам, 19 маро садқаи номи писарӣ кунад. Маро чун яке аз мардикорони худ қабул кун”. 20 Пас, бархоста, назди падараш рафт. Вақте ки ӯ ҳанӯз хеле дур буд, падараш вайро дида, дилаш ба ӯ сӯхт. Ӯ тозон рафта, писарашро ба оғӯш гирифту бӯсид. 21 Писараш ба ӯ гуфт: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам,+ маро садқаи номи писарӣ кунад”. 22 Лекин падараш ба ғуломони худ гуфт: “Зудтар либоси беҳтаринеро оварда, ба ӯ пӯшонед, ангуштарине ба дасташ андозед ва ба пояш пойафзол пӯшонед! 23 Ҳамчунин гӯсолаи парвориро оварда, сар буред, то бихӯрему хурсандӣ кунем, 24 зеро ин писарам мурда буду зинда шуд,+ гум буду ёфт шуд”. Он гоҳ онҳо ҷашне ороста, хурсандӣ кардан гирифтанд.
25 Писари калонӣ бошад, он вақт дар саҳро буд. Ҳангоме ки ӯ бармегашт ва ба хона наздик мешуд, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. 26 Вай яке аз ғуломонро ба наздаш ҷеғ зада, пурсид, ки чӣ гап аст. 27 Ғулом ба ӯ гуфт: “Бародарат омадааст. Падарат барояш гӯсолаи парвориро сар бурид, чунки ӯ сиҳату саломат ба хона баргашт”. 28 Писари калонӣ ба қаҳр омада ба хона даромадан нахост. Он гоҳ падараш баромада, илтимос кард, ки ба хона дарояд. 29 Писар ба падараш гуфт: “Солҳои зиёд аст, ки ман мисли ғулом ба ту хизмат мекунам ва ягон бор гапатро ба замин намондаам, вале ту боре ҳам ба ман бузғолаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. 30 Лекин, чун ин писарат, ки чизу чораатро бо занони бероҳа хӯрда тамом кард, ба хона баргашт, ту барояш гӯсолаи парвориро сар буридӣ”. 31 Он гоҳ падар ба ӯ гуфт: “Писарам, ту ҳама вақт бо ман будӣ ва ҳар чизе, ки дорам, аз туст. 32 Мо бошем, барои он шодиву хурсандӣ мекунем, ки бародарат мурда буду зинда шуд, гум буду ёфт шуд”».