Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+
49 Эй ҳамаи халқҳо, инро бишнавед.
Гӯш андозед, эй ҳамаи мардуми ҷаҳон.
2 Хурду бузург,
Бою камбағал, диққат диҳед.
3 Забонам суханони бохирадона мегӯяд
Ва андешаҳои дилам+ фаҳму фаросатро баён мекунанд.
4 Ба масал диққат медиҳам,
Ҳалли муаммоямро бо чанг* мекушоям.
5 Чаро дар вақти тангӣ ҳаросон бошам,+
Вақте бадкории касоне, ки маро сарнагун кардан мехоҳанд, иҳотаам мекунад?
6 Онҳое, ки ба сарвати худ такя мекунанд,+
Ва онҳое, ки аз бисёрии дороиашон меболанд,+
7 Ҳеҷ кадомашон бародарашро раҳо карда* наметавонад
Ё барояш ба Худо товон дода наметавонад,+
8 Зеро товони ҷонашон гаронбаҳост
Ва пардохтани он ҳеҷ гоҳ аз дасти кас намеояд.
9 Ҳеҷ яки онҳо барои бародараш товон дода наметавонад, то вай абадӣ зиндагӣ кунаду рӯйи гӯрро набинад.+
10 Онҳо мебинанд, ки хирадманд низ мемурад,
Нодону бефаҳм якҷоя нест мешаванд+
Ва маҷбуранд, ки дороияшонро ба дигарон гузоранд.+
11 Орзу доранд, ки хонаву дарашон доимӣ бошад
Ва хаймаҳояшон то абад бимонад.
Онҳо ба мулкашон номҳои худро гузоштаанд.
13 Ин аст роҳи беақлону+ пайравонашон, ки аз сафсатаи онҳо лаззат мебаранд. (Село)
14 Онҳоро мисли гӯсфандон ба гӯр хоҳанд бурд,
Марг онҳоро чӯпонӣ хоҳад намуд
Ва саҳарӣ росткор бар онҳо ҳукмронӣ хоҳад кард.+
16 Аз сарватманд шудани касе
Ва аз боҳашамат гардидани хонааш натарс,
17 Зеро, вақте ки ӯ бимирад, бо худ чизе намебарад+
Ва ҷалолу ҳашаматаш бо ӯ намеравад.+
18 Дар давоми зиндагиаш худро офарин мехонад.+
(Вақте сарватманд шавӣ, одамон туро болобардор мекунанд.)+
19 Вале, оқибат ӯ ба гузаштагонаш мепайвандад, ки дигар равшаниро намебинанд.
20 Касе, ки ба ин ақлаш намерасад, соҳибэҳтиром ҳам бошад,+
Аз ҷонварони миранда бартарӣ надорад.