Панднома
29 Касе, ки баъди сарзаниши бисёр ҳам гарданшахиро бас накунад,+
Ногаҳон шикаст меёбад ва барояш давое нахоҳад буд.+
2 Вақте росткорон бисёранд, мардум шод мегардад,
Вале, вақте бадкор ҳукмфармост, халқ оҳу нола мекашад.+
4 Подшоҳи адолатпеша ба мамлакат осоиштагӣ меорад,+
Вале порахӯр — харобӣ.
5 Хушомадгӯ пеши пойи ёраш дом мегузорад.+
9 Агар хирадманде бо аблаҳ баҳс кунад,
Ба ғайр аз ҷанҷолу пастзанӣ чизе ҳосил намешавад.+
12 Агар ҳоким ба дурӯғҳо диққат диҳад,
Ҳамаи зердастонаш бадкор мешаванд.+
13 Бечораву ситамгар як монандӣ доранд:
Яҳува ба чашми ҳар дуи онҳо нур мебахшад*.
16 Бадкорон зиёд шаванд, қонуншиканӣ меафзояд,
Вале росткорон шикасти онҳоро хоҳанд дид.+
17 Фарзандатро сарзаниш кунӣ, ӯ ба ту осоиштагӣ меорад
Ва ба ҷонат ҳаловат мебахшад.+
18 Дар ҷое ки рӯъё набошад, мардум худсарӣ мекунанд,+
Вале хушбахтанд касоне, ки шариатро риоя менамоянд.+
19 Хизматгор танҳо бо гап ислоҳ намешавад,
Агарчи суханатро мефаҳмад, итоат намекунад.+
20 Касеро дидаӣ, ки насанҷида гап мезанад?+
Аз аблаҳ умеди ислоҳ шудан ҳасту аз ӯ не.+
21 Хизматгорро аз хурдӣ эрка кунӣ,
Оқибат ношукр мешавад.
24 Шарики дузд душмани ҷони худ аст,
Вақте мардумро қасам диҳанд, ки дар бораи дуздӣ хабар диҳанд, ӯ хомӯш меистад.+
26 Бисёриҳо дидори ҳокимро меҷӯянд,
Вале ба доди кас Яҳува мерасад.+