2 Мӯсо
22 Агар шахс гов ё гӯсфандеро бидуздад ва онро бикушад ё фурӯшад, бояд ба ҷойи гов панҷ гов ва ба ҷойи гӯсфанд чор гӯсфанд бидиҳад.+
2 Агар дуздро+ дар вақти дуздиаш бинанд ва ӯро тавре зананд, ки бимирад, барои рехтани хуни ӯ ҳеҷ кас айбдор ҳисобида намешавад. 3 Аммо, агар ӯро баъди баромадани офтоб кушанд, касе, ки ӯро куштааст, дар хунрезӣ айбдор аст.
Дузд бояд барои чизи дуздидааш товон диҳад. Агар чизе надошта бошад, бигзор ӯро фурӯшанд, то чизи дуздидаашро ҷуброн кунад. 4 Агар чизи дуздидааш, хоҳ гов бошад, хоҳ хар ё гӯсфанд, дар дасташ зинда ёфт шавад, ӯ бояд дучанд товон диҳад.
5 Агар касе чорпояшро дар саҳро ё токзор чаронаду гузорад, ки ӯ ба замини дигар кас гузашта чаридан гирад, ӯ бояд бар ивази ин аз беҳтарин ҳосили замин ё токзораш товон диҳад.
6 Агар дар ҷое оташ сар занаду хорҳоро фаро гирад ва дарзаҳои ғалла, хӯшаҳои нодаравида ё киштзореро сӯзонад, касе, ки ин сӯхторро ба амал овардааст, бояд товон диҳад.
7 Агар касе ба дигаре пул ё чизи дигаре амонат диҳад ва ин чизҳоро аз хонаи вай бидузданд, агар дузд ёфт шавад, бояд дучанд товон диҳад.+ 8 Агар дузд ёфт нашавад, бигзор соҳиби хонаро ба ҳузури Худо биёранд,+ то маълум созанд, ки оё ба моликияти ёри худ даст дароз кардааст ё не. 9 Вақте касе дигареро айбдор кунад, ки гов, хар, гӯсфанд, либос ё чизи дигаре, ки дорад, аз они ӯ нест, балки моли дуздист, ҳар ду бояд ба ҳузури Худо биёянд,+ то маълум шавад, ки он моли кадомашон аст. Ҳар киро Худо айбдор гӯяд, ӯ бояд ба ҷабрдида дучанд товон диҳад.+
10 Вақте касе ба дигаре хар, гов, гӯсфанд ва ё ягон чорвояшро амонат бимонад ва он бимирад, маъюб шавад ва ё онро бибаранду касе инро набинад, 11 бигзор касе, ки чорворо гирифтааст, ба номи Яҳува қасам хӯрад, ки ба моли он шахс даст дароз накардааст ва соҳиби мол бояд қасами ӯро қабул кунад. Шахсе, ки молро ба ӯ амонат гузоштаанд, аз товон додан озод аст.+ 12 Вале, агар чорворо аз ӯ бидузданд*, ӯ бояд ба соҳиби он товон диҳад. 13 Агар чорворо ҳайвони ваҳшие бидарад, он шахс бояд ҷасади чорворо барои исбот кардан биёрад. Барои чорвое, ки дарида шудааст, ӯ набояд товон диҳад.
14 Агар касе аз дигаре барои буд кардани кораш ба муддате чорвои ӯро бигирад ва он дар набудани соҳибаш маъюб шавад ё бимирад, касе, ки чорворо гирифтааст, бояд товон диҳад. 15 Вале, агар соҳибаш дар ин вақт он ҷо бошад, касе, ки чорворо гирифтааст, набояд товон диҳад. Агар он киро шуда бошад, пули киро барои соҳиби чорво товон аст.
16 Агар марде духтари бокираеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо ӯ бихобад, ӯ бояд қалин дода, духтарро ба занӣ гирад.+ 17 Аммо, агар падари духтар розӣ нашавад, он мард бояд нархи қалинро бидиҳад.
18 Ҷодугарзанро зинда намон.+
19 Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинсӣ кунад, бояд ҳатман кушта шавад.+
20 Ҳар кӣ ғайр аз Яҳува ба худои дигаре қурбонӣ орад, бояд ба нестӣ супурда шавад.+
21 Ба ғариб зулм накун ва ӯро ба танг наор,+ зеро худатон ҳам дар замини Миср ғариб будед.+
22 Бевазан ё ятимро азоб надиҳед.+ 23 Агар ӯро азоб диҳӣ ва ӯ сӯйи ман оҳу нола кунад, ман ҳатман нолаашро мешунавам+ 24 ва ғазабам аланга мезанаду шуморо бо шамшер мекушам ва занони шумо бева мешаванду фарзандонатон ятим.
25 Агар ба бечорае аз миёни халқи ман, ба касе, ки назди ту зиндагӣ мекунад, қарз диҳӣ, мисли судхӯр рафтор накун. Аз ӯ қарзро бо фоида талаб накун.+
26 Агар либоси каси дигареро ба гарав гирӣ,+ то нишастани офтоб онро ба вай баргардон. 27 Охир, либосаш ягона рӯпӯши ӯст. Агар либосаш набошад, ӯ вақти хоб худро бо чӣ мепӯшонад?+ Вақте ӯ сӯйи ман фиғон бардорад, ман ӯро ҳатман мешунавам, зеро дилсӯз ҳастам.+
28 Дар ҳаққи Худо куфр нагӯ*+ ва сардорони халқро лаънат нахон.+
29 Дар овардани ҳадия аз ҳосили фаровон ва чархушти лабрези худ дудилагӣ накун.+ Писари калониятро* ба ман бидеҳ.+ 30 Бо буққа ва гӯсфандат чунин бикун:+ ҳафт рӯз он бо модараш бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба ман бидеҳ.+
31 Шумо бояд халқи муқаддаси ман бошед+ ва аз гӯште, ки ҳайвони ваҳшӣ даридааст, нахӯред.+ Онро назди сагон партоед.