Ҳушаъ
10 «Исроил токи бади боровар аст*.+
Ҳар қадаре мевааш бисёр шавад, ҳамон қадар қурбонгоҳҳояш бисёртар мешаванд,+
Ҳар қадаре заминаш ҳосили хуб диҳад, ҳамон қадар сутунҳои парастишашро зеботар мекунад.+
2 Дили онҳо маккор аст,
Акнун онҳо айбдор дониста мешаванд.
Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро мешиканад ва сутунҳояшонро валангор мекунад.
3 Онҳо хоҳанд гуфт: “Мо подшоҳ надорем,+ чунки аз Яҳува натарсидем.
Агар подшоҳ медоштем, аз дасти ӯ ҳам чӣ меомад?”
4 Онҳо суханони беҳуда мегӯянд, қасамҳои дурӯғ мехӯранд+ ва аҳд мебанданд,
Аз ин рӯ доварии онҳо мисли алафи заҳрнокест, ки дар ҷӯякҳои киштзор мерӯяд.+
5 Сокинони Сомария барои гӯсолаи Байт-Овин хавотир хоҳанд шуд.+
Мардуми он ва коҳинони худои бегона, ки аз ин бут ва ҷалолаш шоданд, барояш мотам хоҳанд гирифт,
Зеро он аз пешашон ба асирӣ меравад.
6 Он чун туҳфа ба подшоҳи бузург ба Ошур бурда мешавад.+
Эфроим шарманда мегардад,
Исроил аз боиси маслиҳате, ки ба он гӯш дод, хиҷолат мекашад.+
7 Сомария ва шоҳи вай
Мисли навдаи шикастаи рӯйи об нест мешаванд.+
8 Баландиҳои Байт-Овин+ — гуноҳи Исроил,+ нобуд мегардад.+
Бар қурбонгоҳҳояшон хору хас мерӯяд.+
Одамон ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: “Моро пӯшонед!”,
Ва ба теппаҳо: “Бар мо биафтед!”+
9 Аз замони Ҷибъо ту гуноҳ кардаӣ,+ эй Исроил!
Ин мардум дигар нашуд.
Ҷанг дар Ҷибъо писарони бадкорро дарёб накард*.
10 Кае хоҳам, адаби онҳоро медиҳам.
11 Эфроим ғуноҷини омӯхтае буд, ки хирманкӯбиро нағз медид,
Ва ман ба гардани зебояш раҳм кардам.
Ҳоло бошад, бо амри ман Эфроимро савор мешаванд*.+
Яҳудо шудгор мекунад ва Яъқуб мола мекунад.
12 Ҳоло ки барои ҷустани Яҳува вақт аст,+
Барои худ замини корамро шудгор кунед,+
Бо росткорӣ кишт кунед ва меҳру вафоро даравед,
Он вақт ӯ омада, шуморо дар росткорӣ таълим медиҳад.+
13 Вале шумо бадиро шудгор кардед,
Бадкориро даравидед+
Ва меваи дурӯғро хӯрдед,
Зеро шумо ба роҳи худ,
Ба ҷанговарони сершумори худ, таваккал намудед.
14 Бар зидди халқи шумо садои ҷанг баланд мешавад
Ва шаҳрҳои ҳисордоратон саросар валангор мегарданд,+
Чуноне ки Шалмон Байт-Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор намуд
Ва модаронро бо фарзандонашон пора-пора кард.
15 Бо шумо чунин хоҳад шуд, эй аҳли Байт-Ил,+ зеро бадкориятон аз ҳад гузаштааст.
Субҳгоҳон подшоҳи Исроил, бешак, кушта мешавад».+