Мико
5 «Ту худро бурида захмдор мекунӣ,
Эй духтаре, ки сӯят ҳамла овардаанд.
Моро муҳосира кардаанд.+
Онҳо довари Исроилро бо калтак ба рӯяш мезананд.+
Ту аз ҳад хурдӣ, ки дар байни ҳазорҳои* Яҳудо бошӣ,
Вале аз ту барои ман касе ба миён меояд, ки ҳокими Исроил мешавад,+
Касе, ки аслаш аз давраҳои пеш, аз рӯзҳои қадим, аст.
3 Ӯ онҳоро, то даме ки зоянда бизояд, тарк мекунад
Ва бародарони боқимондааш ба назди халқи Исроил бармегарданд.
4 Ӯ бармехезад ва бо қудрати Яҳува,
Бо номи бузурги Худояш Яҳува чӯпонӣ мекунад.+
Вақте ошурӣ ба замини мо ҳамла карда, қалъаҳоямонро поймол намояд,+
Мо бар зидди ӯ ҳафт чӯпон, ҳашт мирро аз миёни мардум, бармехезонем.
Вақте ошурӣ ҳамла оварда, замини моро поймол намояд,
Ӯ моро аз дасти вай халос мекунад.+
7 Бақияи Яъқуб дар миёни халқҳои бисёре
Мисли шабнами Яҳува,
Мисли борони бисёр бар растаниҳо хоҳад буд,
Ки ба инсон умед намебандад
Ва писарони одамро интизор намешавад.
8 Бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо,
Дар байни мардумони зиёд,
Мисли шер дар миёни ҳайвонҳои ҷангал хоҳад буд,
Мисли шери ҷавоне, ки аз байни рамаҳои гӯсфандон гузашта,
Ҳамла меораду пора-пора мекунад
Ва касе онҳоро халос намекунад.
9 Ту бар бадхоҳонат дастболо мешавӣ
Ва ҳамаи душманонат несту нобуд мегарданд.
10 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Ман аспҳоятро аз миёни ту нест мекунам ва аробаҳоятро нобуд месозам.
11 Ман шаҳрҳои заминатро валангор мекунам
Ва ҳамаи қалъаҳоятро мешиканам,
12 Ба сеҳру ҷодуи ту хотима мебахшам
Ва дар миёни ту ҷодугаре намемонад.+
13 Ман бутҳову сутунҳоятро аз миёни ту нест мекунам
Ва ту дигар ба амали дастонат саҷда намебарӣ,+
14 Ашераҳоятро*+ аз миёни ту решакан мекунам
Ва шаҳрҳоятро нобуд месозам.
15 Ман бо хашму ғазаб
Аз халқҳои беитоат интиқом мегирам».