1 Мӯсо
34 Дино, духтари Леёву Яъқуб,+ зуд-зуд пеши* духтарони он замин мерафт.+ 2 Вақте Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ+ — ҳокими он замин, Диноро дид, ӯро гирифт ва ба номусаш таҷовуз кард. 3 Шакем ба Дино, духтари Яъқуб, дил баст. Ӯ ба ҷавондухтар ошиқ шуд ва ба ӯ суханони дилписанд гуфт. 4 Оқибат Шакем ба падари худ Ҳамӯр+ гуфт: «Ин духтарро бароям гирифта, ба занӣ деҳ».
5 Вақте Яъқуб огоҳ шуд, ки Шакем ба номуси духтараш Дино таҷовуз кардааст, писаронаш бо рама дар саҳро буданд ва ӯ то омадани онҳо ба касе чизе нагуфт. 6 Баъдтар Ҳамӯр, падари Шакем, берун рафт, то бо Яъқуб гап занад. 7 Аммо писарони Яъқуб аз ин хабардор шуда, ҳамон замон аз саҳро баргаштанд. Ин ба онҳо хеле сахт расид ва оташи ғазабашон аланга зад, зеро Шакем бо духтари Яъқуб хобида Исроилро бадном карда буд.+ Ин як кори норавое буд.+
8 Ҳамӯр бо онҳо сухан ронда гуфт: «Писарам Шакем муштоқи духтаратон аст. Илтимос, ӯро ба писарам ба занӣ диҳед 9 ва биёед бо ҳам қудо шавем. Ба мо духтарони худро бидиҳед ва духтарони моро барои худ бигиред.+ 10 Бо мо зиндагӣ кунед ва бигзор ин замин дар ихтиёри шумо бошад. Бо мо бимонед ва бо харидуфурӯш машғул гашта, дар ҳамин ҷо сокин шавед». 11 Сипас Шакем ба падар ва бародарони Дино гуфт: «Ба ман лутф кунед ва ман ҳар хоҳиши шуморо ба ҷо меорам. 12 Аз ман чӣ қалине ва чӣ туҳфае, ки хоҳиш кунед, “не” намегӯям.+ Чизе, ки аз ман талаб кунед, медиҳам, фақат ҷавондухтарро ба ман ба занӣ диҳед».
13 Писарони Яъқуб ҳангоми ҷавоб додан ба Шакем ва падари вай, Ҳамӯр, ҳилаеро ба кор бурданд, зеро Шакем ба номуси хоҳарашон Дино дастдарозӣ карда буд. 14 Онҳо чунин гуфтанд: «Мо хоҳарамонро ба марде, ки дасташро ҳалол накардааст*, дода наметавонем,+ чунки ин барои мо шармандагист. 15 Мо фақат бо як шарт розӣ мешавем: шумо низ бояд мисли мо тамоми мардонатонро хатна кунед.+ 16 Он гоҳ мо духтарони худро ба шумо медиҳем ва духтарони шуморо ба занӣ гирифта, бо якдигар ҳамнишин мегардем ва як халқ мешавем. 17 Лекин, агар ба мо гӯш надиҳед ва хатна нашавед, духтари худро гирифта меравем».
18 Ин суханон ба Ҳамӯр+ ва писараш Шакем+ маъқул шуданд. 19 Он ҷавон дарҳол хоҳиши онҳоро ба ҷо овард,+ чунки духтари Яъқуб ба вай сахт маъқул буд ва ӯ дар хонаи падараш аз ҳама баобрӯву муҳтарам буд.
20 Ҳамӯр ва писари вай Шакем ба назди дарвозаи шаҳр+ рафта, ба мардони он ҷо чунин гуфтанд: 21 «Ин мардум бо мо сулҳ бастан мехоҳанд. Бигзор онҳо дар ин замин зиндагӣ ва харидуфурӯш кунанд, чунки замини мо калон аст ва ба ҳама мерасад. Мо духтарони онҳоро ба занӣ мегирем ва духтарони худро ба онҳо медиҳем.+ 22 Лекин онҳо танҳо бо як шарт бо мо ҳамнишин ва як халқ мешаванд, агар ҳар як мард дар байни мо мисли онҳо хатна шавад.+ 23 Агар ин тавр кунем, бешак, чизу чора, дороӣ ва тамоми чорвояшон аз они мо мешавад. Пас, биёед ҳама ба ин шарт розӣ шавем, то онҳо бо мо зиндагӣ кунанд». 24 Тамоми мардуме, ки назди дарвозаҳои шаҳри ӯ ҷамъ меомаданд, ба гапи Ҳамӯр ва писараш Шакем гӯш доданд ва тамоми мардоне, ки назди дарвозаи шаҳр ҷамъ меомаданд, хатна шуданд.
25 Аммо дар рӯзи сеюм, вақте ки онҳо баъди хатна ҳанӯз дардманд буданд, ду писари Яъқуб, бародарони Дино, Шимъӯн ва Левӣ,+ шамшерҳои худро гирифта, ба шаҳр даромаданд, дар ҳолате ки ҳеҷ кас аз нияти онҳо хабардор набуд. Онҳо ба шаҳр даромада, ҳар як мардро аз дами теғ гузаронданд.+ 26 Онҳо Ҳамӯр ва писари вай Шакемро аз дами теғ гузаронданд ва Диноро аз хонаи Шакем гирифта оварданд. 27 Баъд аз кушта шудани мардони шаҳр писарони дигари Яъқуб ба шаҳр даромада, он ҷоро ғорат карданд, зеро хоҳарашонро таҷовуз карда буданд.+ 28 Онҳо молу гову хар ва ҳар он чиро, ки дар шаҳр ва саҳро ёфтанд, гирифтанд, 29 тамоми чизу чораи мардуми он ҷоро аз худ карданд, хонаҳои онҳоро ғорат намуданд ва тамоми кӯдакону занони онҳоро асир карданд.
30 Яъқуб ба Шимъӯну Левӣ+ гуфт: «Шумо бар сари ман балои азиме овардед* ва маро дар назари мардуми ин замин, канъониён ва фариззиён, шум кардед. Одамони ман камшуморанд ва акнун мардуми ин замин бар зидди ман ҷамъ меоянд ва ба ман ҳамла карда, маро бо аҳли хонадонам мекушанд». 31 Лекин онҳо гуфтанд: «Чӣ, хоҳари мо ягон духтари бероҳа аст, ки бо вай чунин рафтор кунанд?!»