Эфсӯсиён
1 Ман, Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ* ҳастам, ба покони Эфсӯс+ ва пайравони вафодори Исои Масеҳ менависам:
2 Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!
3 Худо ва Падари Ҳазратамон Исои Масеҳро ҳамду сано бод, зеро ӯ ба мо чун ба пайравони Масеҳ дар маконҳои осмонӣ ҳар гуна баракати рӯҳониро ато кардааст.+ 4 Ҳамчунин Худо моро пеш аз бунёди олам* интихоб кардааст, то бо Масеҳ ягонагӣ дошта бошем ва муҳаббат дошта, дар назари Худо поку беайб бошем.+ 5 Худо аз рӯйи хосту ихтиёри худ+ моро пешакӣ интихоб намудааст,+ то ба воситаи Исои Масеҳ ба писархондӣ қабул кунад+ 6 ва Ӯро барои лутфи пурҷалолаш,+ ки ба воситаи Писари азизаш ба мо меҳрубонона ато кардааст,+ ҳамду сано кунанд. 7 Писари ӯ бо баҳои хунаш барои мо товон* дода, моро озод кард.+ Ҳамин тавр лутфи фаровони Худо дари бахшоиши гуноҳҳоро ба рӯйи мо боз кард.+
8 Худо аз рӯйи лутфу марҳамати фаровонаш тамоми хираду фаҳмишро ба мо ато кард. 9 Ӯ сирри муқаддасро дар бораи хости худ ба мо ошкор сохт+ ва ин сир мувофиқи хосту нияти ӯ буда, 10 идораи корҳоро дар бар мегирад, ки ҳангоми ба охир расидани вақти муқарраршуда ба амал меояд. Он вақт Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошанд, хоҳ дар замин, ҷамъ оварда, тобеи Масеҳ мегардонад,+ 11 ки мо бо ӯ ягонагӣ дорему ҳамроҳаш ворис таъйин шудаем.+ Худо, ки ҳама чизро аз рӯйи хосташ ба ҷо меорад, мувофиқи нияти худ моро пешакӣ интихоб кардааст, 12 то ба воситаи мо, ки аввалин шуда ба Масеҳ умед бастаем, Худоро ҳамду сано гӯянду ҷалол диҳанд. 13 Аммо шумо низ, пас аз шунидани каломи ростӣ, яъне хушхабари наҷоти худ, ба Масеҳ умед бастед ва пас аз имон овардан ба воситаи ӯ бо рӯҳи муқаддаси ваъдашуда муҳр зада шудед.+ 14 Ин рӯҳ гарави* мероси мост,+ то халқи Худо ба воситаи товоне*,+ ки барояшон дода мешавад,+ озод гашта, Худоро ҳамду сано гӯянду ҷалол диҳанд.
15 Бинобар ин ман ҳам дар бораи имоне, ки ба Ҳазратамон Исо доред, ва муҳаббате, ки ба тамоми покон нишон медиҳед, шунида 16 барои шумо шукргузорӣ карданро бас намекунам. Ман доимо шуморо дар дуоҳоям ба ёд меорам, 17 то Худои Ҳазратамон Исои Масеҳ, Падари ҷалол, ба шумо рӯҳи хирад диҳад ва шумо ба чизҳое, ки ӯ ошкор месозад, сарфаҳм рафта, дар борааш дониши дақиқ гиред.+ 18 Ӯ чашми дили шуморо равшан сохт, то бидонед, ки шуморо сӯйи чӣ умеде даъват кардааст, чӣ сарвати пурҷалолеро ба покон мерос медиҳад+ 19 ва чӣ қудрати бузургу бемислро ба мо, имондорон, нишон додааст.+ Бузургии ӯ дар корҳое, ки бо қувваи пурзӯраш кард, дида мешавад. 20 Худо қувваташро вақте ба кор бурд, ки Масеҳро аз мурдагон зинда карда, дар маконҳои осмонӣ аз дасти рости худ шинонд.+ 21 Ӯ Масеҳро ҳам дар ин замона* ва ҳам дар замони оянда аз ҳар ҳукумат, ҳокимият, қудрат, ҳукмронӣ ва ҳар ном болотар гузошт.+ 22 Худо ҳама чиро зери пойи ӯ гузошта ба ӯ тобеъ кард+ ва ӯро дар ҷамоат бар ҳама чиз сардор гузошт,+ 23 ҷамоат бошад, бадани ӯст,+ пуррагии ӯст ва ӯ касест, ки ҳама чиро аз ҳар ҷиҳат пур мекунад.