Панднома
2 Одами хуб розигии Яҳуваро ба даст меорад,
Аммо шахсеро, ки ҳилаҳои бад меандешад, рад мекунад.+
3 Бадкор рӯйи осоиштагиро намебинад,+
Аммо решаи росткор ноҷунбон аст.
5 Андешаҳои росткорон аз рӯйи инсоф аст,
Аммо раҳнамоии бадкорон гумроҳ месозад.
7 Бадкорон сарнагун гашта, нест мешаванд,
Аммо хонаи росткорон пойдор аст.+
9 Одами назарногиру соҳиби хизматгор
Беҳ аз худнамои ба нон зор.+
11 Касе, ки дар заминаш кор кунад, шикамаш сер мешавад,+
Аммо ҳар кӣ аз пайи чизҳои беҳуда равад, беақл аст.
12 Бадкор ба туъмаи бадкирдори дигар чашм ало мекунад,
Аммо решаи росткорон бор меорад.
13 Бадкирдор аз гуноҳи лабҳояш ба дом меафтад,+
Аммо росткор аз сахтӣ раҳо меёбад.
14 Одам аз гапи даҳонаш нағзӣ мебинад+
Ва аз амали дастонаш баҳра мебарад.
16 Хашми аҳмақ даррав маълум мешавад,+
Аммо зирак ба дашном аҳамият намедиҳад.
17 Шоҳиди ростгӯй гапи ҳақро мегӯяд,
Аммо шоҳиди дурӯғин фиреб медиҳад.
20 Дили бадандешон пур аз макр аст,
Аммо дили сулҳҷӯён пур аз шодист.+
22 Яҳува забони дурӯғгӯро чашми дидан надорад,+
Аммо боинсофон ӯро хушнуд месозанд.
23 Зирак донишашро пӯшида медорад,
Аммо дили аҳмақ беақлиашро фош мекунад.+
26 Росткор барои худ чарогоҳҳои хуб меҷӯяд,
Аммо роҳи бадкорон онҳоро гумроҳ месозад.
27 Танбал аз пушти сайдаш намедавад,+
Ҳол он ки заҳмат барои кас ганҷи бебаҳост.
28 Роҳи ростӣ сӯйи ҳаёт мебарад,+
Дар он аз марг нишоне нест.