Юҳанно
20 Дар рӯзи якуми ҳафта Марями Маҷдалия саҳарии барвақт, вақте ҳанӯз торик буд, сари қабр омада,+ дид, ки санг аллакай аз даҳани он бардошта шудааст.+ 2 Ӯ назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо дӯсташ медошт,+ давида омад ва гуфт: «Онҳо ҷасади Ҳазратро аз қабр гирифта бурданд+ ва мо намедонем, ки онро ба куҷо гузоштанд».
3 Он гоҳ Петрус ва он шогирд ба тарафи қабр равона шуданд. 4 Ҳар дуи онҳо давиданд, вале он шогирд аз Петрус тезтар давид ва якум шуда назди қабр омад. 5 Ӯ хам шуда, ба дарун нигоҳ кард ва кафани дар он ҷо афтодаро дид,+ вале ба даруни қабр надаромад. 6 Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус низ расида омад. Ӯ ба қабр даромада, кафани афтодаро дид. 7 Вале рӯймоле, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки алоҳида, дар як тараф, печондагӣ буд. 8 Сипас он шогирд низ, ки якум омада буд, ба дарун даромад. Ӯ низ дид ва бовар кард. 9 Онҳо ҳанӯз порчаи Навиштаҳоро, ки дар бораи зинда шудани Исо буд, намефаҳмиданд.+ 10 Пас аз он шогирдон ба хонаҳои худ баргаштанд.
11 Аммо Марям дар назди қабр истода, гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард 12 ва ду фариштаи сафедпӯшеро дид.+ Онҳо дар ҳамон ҷое менишастанд, ки пештар ҷасади Исо буд: яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой. 13 Фариштагон ба ӯ гуфтанд: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» Марям ҷавоб дод: «Онҳо ҷасади Ҳазратамро гирифта бурданд ва ман намедонам, ки онро дар куҷо гузоштанд». 14 Пас аз гуфтани ин суханон Марям рӯяшро гардонда, Исоро дид, вале ӯро нашинохт.+ 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро мекобӣ?» Марям ӯро боғбон гумон карда гуфт: «Ака, агар ту ҷасади ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки онро дар куҷо гузоштӣ, ва ман онро гирифта мебарам». 16 Исо гуфт: «Марям!» Марям сӯяш нигоҳ карда, ба забони ибронӣ нидо намуд: «Раббу́ни!» (ки маънояш «устод» аст). 17 Исо ба ӯ гуфт: «Маро сар деҳ, зеро ман ҳанӯз назди Падар боло нарафтаам. Рафта, ба бародаронам бигӯ,+ ки ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ+ ва Худои шумо боло рафта истодаам».+ 18 Марями Маҷдалия назди шогирдон омад ва ба онҳо хабар дода гуфт: «Ман Ҳазратро дидам!» Ӯ ҳамчунин суханони Исоро ба онҳо нақл кард.+
19 Бегоҳии ҳамон рӯз, яъне рӯзи якуми ҳафта, вақте шогирдон аз тарси яҳудиён дар хонае ҷамъ омада, дарҳоро маҳкам карда буданд, Исо дар байни онҳо пайдо шуда, гуфт: «Салом!*»+ 20 Инро гуфта, ӯ дасту паҳлуяшро+ ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Ҳазрат шод гаштанд.+ 21 Исо бори дигар ба онҳо гуфт: «Салом!*+ Чуноне ки Падар маро фиристодааст,+ ман низ шуморо мефиристам».+ 22 Пас аз ин суханон Исо сӯйи онҳо пуф кард ва гуфт: «Рӯҳи муқаддасро бигиред.+ 23 Агар шумо гуноҳи касеро бахшед, бидонед, ки он аллакай бахшида шудааст, ва, агар набахшед, бахшида нашудааст».
24 Вале Тумо,+ ки яке аз 12 расул буд ва Дугоник номида мешуд, дар вақти омадани Исо ҳамроҳи шогирдон набуд. 25 Онҳо ба ӯ мегуфтанд: «Мо Ҳазратро дидем!» Вале ӯ гуфт: «То даме ки дар дастони ӯ пайи мехҳоро набинаму ангуштамро ба пайи мехҳо ва дастамро ба захми паҳлуяш нарасонам,+ бовар намекунам».
26 Ҳашт рӯз пас шогирдон боз дар хона ҷамъ омаданд ва Тумо низ ҳамроҳи онҳо буд. Ҳарчанд дарҳо маҳкам буданд, Исо дар байни онҳо пайдо шуда, гуфт: «Салом!*»+ 27 Сипас ӯ ба Тумо рӯ оварда, гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузор ва дастонамро бубин, дастатро ба паҳлуям бирасон ва дигар шак накун*, балки имон дошта бош». 28 Тумо дар ҷавоб гуфт: «Ҳазрати ман, Худои ман!» 29 Исо ба ӯ гуфт: «Магар барои он бовар кардӣ, ки маро дидӣ? Хушбахтанд касоне, ки надида бовар мекунанд».
30 Исо дар пеши назари шогирдон боз муъҷизаҳои бисёре ба амал овард, ки дар ин дастхат навишта нашудаанд.+ 31 Вале ин чизҳо навишта шуданд, то шумо имон оред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худо* аст, ва имон оварда, ба воситаи номи ӯ ҳаёт ёбед.+