Луқо
3 Дар соли 15-уми ҳукмронии қайсар* Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус ҳокими Яҳудия, Ҳиродус*+ ҳокими вилояти* Ҷалил, бародари ӯ Филиппус ҳокими вилоятҳои Итурияву Тархонитус ва Лисониюс ҳокими вилояти Абилин буд, 2 дар рӯзҳое ки Ҳонон яке аз коҳинони калон* ва Қаёфо+ саркоҳин* буд, каломи Худо дар биёбон+ ба Яҳёи+ писари Закарё расид.
3 Яҳё дар тамоми сарзамини атрофи Урдун гашта, эълон мекард, ки одамон бояд чун нишонаи тавба барои бахшиши гуноҳҳо таъмид гиранд*,+ 4 чи тавре ки дар китоби пайғамбар Ишаъё навишта шудааст: «Касе дар биёбон нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои ӯро ҳамвор намоед.+ 5 Бигзор ҳар дара пур шавад ва ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ табдил ёбад, роҳҳои каҷу килеб рост ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд. 6 Он гоҳ ҳар инсон наҷоти Худоро мебинад”».+
7 Ӯ ба мардуме, ки барои таъмидгирӣ наздаш меомаданд, чунин мегуфт: «Эй афъизодагон, кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби Худо, ки шуморо дар пеш аст, гурехта метавонед?+ 8 Меваи тавба ба бор оред. Дар дил нагӯед: “Мо фарзандони Иброҳим ҳастем”, зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад. 9 Ана, табар дар бехи дарахтон аст. Ҳар дарахте, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ партофта мешавад».+
10 Одамон аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чӣ кор кунем?» 11 Яҳё дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Ҳар касе, ки ду либос* дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки надорад, ва ҳар касе, ки чизе барои хӯрдан дорад, бигзор ӯ низ чунин кунад».+ 12 Ҳатто ҷамъоварони андоз барои таъмидгирӣ омада,+ аз ӯ пурсиданд: «Эй устод, мо чӣ кор кунем?» 13 Яҳё ба онҳо гуфт: «Беш аз андози муқарраршуда аз мардум чизе талаб накунед».+ 14 Сарбозон низ аз ӯ мепурсиданд: «Мо чӣ кор кунем?» Ӯ ба онҳо мегуфт: «Аз касе бо зӯрӣ пул нагиред ва касеро ноҳақ айбдор накунед,+ балки бо ҳаққи хизмати худ қаноат кунед».
15 Мардум интизори Масеҳ буданд ва ҳама дар бораи Яҳё андеша карда мегуфтанд: «Боз ҳамин Масеҳ набошад?»+ 16 Яҳё дар ҷавоб ба ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо дар об таъмид медиҳам, вале касе омада истодааст, ки қудрати бештар дорад ва ман сазовор нестам, ки ҳатто банди пойафзоли ӯро кушоям.+ Ӯ шуморо бо рӯҳи муқаддас ва оташ таъмид медиҳад.+ 17 Ӯ бели бодкунӣ* дар даст хирманҷойи худро топ-тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ меорад, коҳрезаҳоро бошад, дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
18 Яҳё бисёр насиҳатҳои дигаре медод ва ба мардум хушхабарро эълон мекард. 19 Ӯ ҳокими вилоят Ҳиродусро барои ҳамаи корҳои бадаш ва, барои он ки Ҳиродия — ҳамсари бародарашро, ба занӣ гирифта буд, танқид мекард. 20 Аз ин рӯ Ҳиродус илова бар ҳама корҳои кардааш Яҳёро ба зиндон партофт.+
21 Вақте ҳамаи одамон таъмид гирифтанд, Исо низ таъмид гирифт.+ Ҳангоми дуо гуфтани ӯ осмон кушода шуд+ 22 ва рӯҳи муқаддас дар шакли кабӯтар бар ӯ фаромад ва аз осмон садое омад: «Ту Писари азизи ман ҳастӣ, ман аз ту розиям».+
23 Вақте Исо+ хизматашро сар кард, ӯ тақрибан 30-сола+ буд ва, ба ақидаи одамон,
писари Юсуф+ буд.
Юсуф бошад, писари Элӣ,
24 Элӣ писари Маттот,
Маттот писари Левӣ,
Левӣ писари Малкӣ,
Малкӣ писари Яннай,
Яннай писари Юсуф,
25 Юсуф писари Матитё,
Матитё писари Омӯс,
Омӯс писари Наҳум,
Наҳум писари Ҳеслӣ,
Ҳеслӣ писари Наҷҷой,
26 Наҷҷой писари Маҳат,
Маҳат писари Матитё,
Матитё писари Шимъӣ,
Шимъӣ писари Ёсех,
Ёсех писари Юдо,
27 Юдо писари Юҳонон,
Юҳонон писари Ресо,
Ресо писари Зарубобил,+
Зарубобил писари Шаалтиил,+
Шаалтиил писари Нерӣ,
28 Нерӣ писари Малкӣ,
Малкӣ писари Аддӣ,
Аддӣ писари Қосам,
Қосам писари Элмадом,
Элмадом писари Эр,
29 Эр писари Исо,
Исо писари Элиезер,
Элиезер писари Юрим,
Юрим писари Маттот,
Маттот писари Левӣ,
30 Левӣ писари Шимъӯн,
Шимъӯн писари Яҳудо,
Яҳудо писари Юсуф,
Юсуф писари Юном,
Юном писари Элёқим,
31 Элёқим писари Малё,
Малё писари Мино,
Мино писари Матато,
Матато писари Нотон,+
Нотон писари Довуд,+
32 Довуд писари Исой,+
Исой писари Убайд,+
Убайд писари Бӯаз,+
Бӯаз писари Салмӯн,+
Салмӯн писари Наҳшӯн,+
33 Наҳшӯн писари Аминодоб,
Аминодоб писари Арнӣ*,
Арнӣ писари Ҳесрӯн,
Ҳесрӯн писари Форас,+
Форас писари Яҳудо,+
34 Яҳудо писари Яъқуб,+
Яъқуб писари Исҳоқ,+
Исҳоқ писари Иброҳим,+
Иброҳим писари Тораҳ,+
Тораҳ писари Ноҳӯр,+
35 Ноҳӯр писари Саруҷ,+
Саруҷ писари Рау,+
Рау писари Фолаҷ,+
Фолаҷ писари Эбар,+
Эбар писари Шолаҳ,+
36 Шолаҳ писари Қенон,
Қенон писари Арфакшад,+
Арфакшад писари Сом,+
Сом писари Нӯҳ,+
Нӯҳ писари Ломак,+
37 Ломак писари Матушолаҳ,+
Матушолаҳ писари Ҳанӯх,
Ҳанӯх писари Ёрад,+
Ёрад писари Маҳалалил,+
Маҳалалил писари Қенон,+
Анӯш писари Шет,+
Шет писари Одам+ ва
Одам писари Худо* буд.